logo

иқтисод

ДАНҒАРА. НОҲИЯЕ, КИ ДАР ТАТБИҚИ ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГӢ ҚАДАМҲОИ УСТУВОР МЕМОНАД

 
Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва иқдомҳои созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии мардуми ноҳияи Данғара дигаргуниҳои куллӣ ба вуқуъ пайвастанд, ки ба пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ва беҳбуди рӯзгори иҷтимоии сокинони ноҳия мусоидат карданд. Мардуми шарафманди ноҳия дар партави пешрафтаи сиёсати давлату Ҳукумат барои шукуфоии кишвар саъю талош варзида, ба комёбиҳои назаррас ноил гардиданд. Дар ин замина, нақшаи қисми даромади буҷет, бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ, 100 фоиз таъмин шуда, ба буҷет 149,3 миллион сомонӣ ворид гашт, ки аз нақша 405 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
 
КИШОВАРЗӢ – ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ
Данғара яке аз ноҳияҳои калонтарини ҷумҳурӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва саноат ба ҳисоб меравад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, вобаста ба талаботи давру замон, таъмини аҳолӣ бо маҳсулотҳои хушсифати аз лиҳози экологӣ тоза, инчунин, содироти он ба хориҷи кишвар дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ як қатор тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намуданд, – гуфт зимни суҳбат раиси ноҳия Раҳмон Исломиддин Хайриддин бо хабарнигори «Ҷумҳурият». 
Зиндагии шоистаи мардум маҳз аз соҳаи кишоварзӣ сарчашма мегирад. Бо иттилои ҳамсуҳбати мо, ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар нуҳ моҳи соли 2022-юм як миллиарду 333,8 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 54,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Кишоварзони ноҳия дар баробари таъмини бозорҳои истеҳсолии кишвар, дар ин давра ба миқдори 3 060 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар содирот намуданд, ки аз нақшаи пешбинишуда зиёд мебошад. 
 
САНОАТ ВА СОХТМОН
Данғара яке аз ноҳияҳои калонтарини саноатӣ дар кишвар маҳсуб меёбад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ имрӯз назар ба ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ яку ним баробар зиёд аст. Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ корхонаҳои саноатии ноҳия якҷо бо бахши хусусӣ ба маблағи 1 миллиарду 897 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуданд, ки ҳаҷми истеҳсол нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 325, 3 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоишро бо нархҳои муқоисавӣ 120, 7 фоиз таъмин карданд. Дар партави сиёсати саноатикунонии босуръати кишвар давоми 30 соли соҳибистиқлолӣ дар ноҳия 40 корхонаи саноатӣ мавриди истифода қарор гирифт, ки дар онҳо маҳсулоти ниёзи мардум истеҳсол ва ҳазорҳо ҷойҳои нави кор барои мардуми кишвар муҳайё гаштанд. Маҷмааи истеҳсолии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи нассоҷии «Чжунтай – Данғара Син Силу Текстил» аз бузургтарини онҳост. Иқтидори истеҳсолии он дар як сол 15 ҳазор тонна нахи пахта ва 12 ҳазор тонна ришта мебошад. Ҳамчунин, дар заминаи саноатикунонии босуръати кишвар дар ноҳия корхонаи «Фарм – Текс» ба истифода  дода  шуд,  ки  ба истеҳсоли маводи бандубасти тиббӣ, косметикӣ ва истифодаи гигиенаи шахсӣ машғул буда, 13 номгӯйи маҳсулот истеҳсол менамояд. Соли 2020 дар давраи бемории коронавирус дар ҷумҳурӣ, корхона истеҳсоли ниқобро ба 1 миллион дона расонд. Ҳамзамон, дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» 36 субъекти хоҷагидорӣ ба қайд гирифта шудааст, ки айни ҳол 12-тои он фаъолият дошта, ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолкардаи онҳо дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба 57,1 миллион сомонӣ баробар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Ёдрас мешавем, ки Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» дар рушди иқтисодиёти ноҳия, афзун намудани қисми даромади буҷет ва бо шуғл фаро гирифтани шаҳрвандон мавқеи махсус дорад. Дар доираи Ҷашни 30-солагии Истиқлоли  давлатӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» боз 4 корхонаи истеҳсолӣ мавриди истифода қарор гирифт. Аз ҷумла, корхонаи истеҳсоли рангҳо ва андоваҳои декоративии «Ғаюр – саноат» аз ҷониби ҶДММ  «Ғаюр – саноат» дар масоҳати 1,36 гектар бо сармоягузории соҳибкорони маҳаллӣ бо роҳбарии Акмал Ғуломов ба маблағи 2,3 миллион доллар сохта шуд. Ҳаҷми истеҳсол ва маҳсулоти саноатии он дар як сол 135 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
Инчунин, Корхонаи конструксияҳои металлии «Ауфен», ки муҷаҳҳаз бо технологияи навтарини соҳа дар масоҳати 4 гектар бунёд гаштааст, ифтитоҳ ёфт. Ҳаҷми сармоягузорӣ барои иншооти мазкур 15 миллион доллари ИМА ва ҳаҷми истеҳсоли солонаи маҳсулот 100 000 тоннаро ташкил медиҳад. Ёдовар мешавем, ки дар Минтақаи мазкур Корхонаи истеҳсоли лӯлаҳои полиэтилении «Тоҷпласт – 1» низ мавриди истифода қарор гирифт. Корхона аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдуҷаббор Эсонов дар масоҳати 1 гектар сохта шуд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти Корхона дар як сол 50 ҳазор метр лӯлаҳои гуногуни полиэтилении қутраш аз 16 мм то 500 мм-ро ташкил медиҳад. Бо мақсади омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар доираи нақша-чорабиниҳои таҳиягардида, бунёд ва таъмиру таҷдиди 179 иншооти гуногун  дар нақша аст.
Аз миқдори умумии иншоотҳо айни замон 34-тоаш ба истифода дода шуда, 24 иншоот ҷиҳати баҳрабардорӣ омода мегардад. Дар 121 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ ва лоиҳакашӣ идома доранд. Дар доираи сафари кории  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳия 16 – 17 июни соли гузашта, як қатор иншооти таъиноташон гуногун, аз ҷумла бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59, бинои нави 5-ошёна, шуъбаи ҳифзи муҳити зист, муассисаи таълимии ҳафтошёнаи Коллеҷи тиббии иҷтимоӣ дар деҳоти Корез, коргоҳи истеҳсоли макарон ва коркарди меваю сабзавоти Агентии таъминоти амволи махсус ва Корхонаи равғани ҶДММ «Файзи Алӣ» дар деҳаи Ғарғара, Муассисаи касбию иҷтимоии хусусии табии «Нури тиб» дар деҳаи Ғиҷоваки деҳоти Пушинг, майдони Парчами давлатӣ, бинои 5-ошёнаи беморхонаи вилоятии бемориҳои сироятӣ дар маркази ноҳия, бинои 5-ошёнаи Маркази таъминот ва ташкили бехатарии озуқаворӣ, Боғи фарҳангӣ – фароғатии «Симурғ» дар деҳаи Баҳор, ба истифода дода шуданд. 
Ҳамчунин, 28 августи соли 2021 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар шаҳраки Себистони ноҳияи Данғара Комплекси агросаноатии мурғпарварии  ҶДММ «Мармарӣ»-ро ифтитоҳ намуда,  ба фаъолияти корхонаи инкубаторӣ низ, ҳусни оғоз бахшиданд. Иқтидори солонаи барориши чӯҷа дар он зиёда аз 5 миллион сарро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор 3 миллион ба мурғхонаи дар шаҳраки Себистонбудаи Комплекси агросаноатии парандапарварии ҶДММ «Мармарӣ»  интиқол дода мешавад. Боқимонда барои таъмини дигар мурғхонаҳои кишвар бо чӯҷаҳои хушзоти гӯштӣ таҳвил меёбад. Майдони мурғхона 22, 75 гектарро ташкил намуда, дар он бинои маъмурӣ, 12 бинои фермаи парвариши паранда, ҳар кадом бо дарозии 96 метр, 4 анбор, бинои санитарӣ, 2 минтақаи коркарди санитарии техникӣ ва обанбор сохта шудааст. Дар ҳар ферма то 30 ҳазор чӯҷа нигоҳубин мешавад ва давраи парвариш 45 рӯзро дар бар мегирад. Истеҳсоли гӯшти мурғ солона ба 5 ҳазор тонна расида, воридот аз хориҷи кишвар якбора 40 фоиз коҳиш меёбад. Ҳамаи ин пешравиҳо аз баракати истиқлол, самараи сиёсати созандаву бунёдкорона ва хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ба пешрафту шукуфоии Ватани азизу маҳбубамон – Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар равона гардидааст, – афзуд Раҳмон Исломиддин Хайриддин.
 
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.10.2022    №: 201    Мутолиа карданд: 1155
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед