logo

сиёсат

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. НАҚШИ МОНДАГОРИ АБАРМАРДИ ТАЪРИХ ДАР ТАҲКИМИ ХУДШИНОСӢ

 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба яке аз масъалаҳои муҳимтарини давр – ташаккули худшиносии миллӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамоянд. Албатта, корномаи Сарвари давлат дар ин самт бисёр доманадору сутуданист, ки мо ба чанд ҷанбаи ин масъала мурур мекунем. Зеро вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва минтақа нишон медиҳад, ки мо бояд на фақат аз таърихи на чандон дури худ, балки аз воқеиятҳои кунунӣ низ, сабақ бигирем ва ҳамеша дар ҳифзи ваҳдати миллӣ бошем. 
Чуноне Пешвои муаззами миллат таъкид месозанд, моҳиятан падидаи таърихиву фарҳангии миллати мо аз ҷавҳари гуманистии тамаддуни ориёӣ, аз замони пайдоиши Авасто, давраҳои гузаштагони бузургонамон аз аҳди давлатдории Каёниён то Сомониён ва тамаддуни оламгири ҳазорсолаҳо сарчашма мегирад. Маҳз ҳамин тамаддуни пешрафта ва маърифати баланди ақлонии ниёгони мо буд, ки онҳо ба ганҷинаи тамаддуни башарият аз Зардушту Монӣ сар карда, то Рӯдакиву Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Синову Носири Хусрав, Шайх Аттору Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдиву Ҳофиз, Ҷомиву Сайидо ва садҳо нобиғаҳои илму адабу фарҳангро ато кардаанд.
Шинохтани қаҳрамонҳои миллати худ, нишони арҷгузорӣ ва қадршиносӣ ба хидматҳои шоиставу мондагорӣ онҳо мебошад. Чунончи, бо унвони олӣ – Қаҳрамони Тоҷикистон сазовор гардондани Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур амри ҳувиятсозест, ки дар тарбияи насли наврасу ҷавон ва баланд бардоштани ҳисси ватанпарастию дифоъ аз марзу буми аҷдодӣ нақши муассир дорад. Зимнан, дар марҳилаи аввали шаклгирии давлат – миллат, чунин як сиёсат, яъне қаҳрамонсозӣ ба хотири ваҳдату якпорчагӣ, ҳувияти миллӣ, эҳёи фарҳанг, худшиносӣ ва иттиҳоди миллӣ зарур буд.
Гузашта аз ин, Сарвари давлат ба номгузории кӯчаю хиёбон, шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд ва барои абадӣ гардондани номи фарзонафарзандони миллат, диловарони шуҷоъ, мудофиёни Ватан дар давру замонҳои гуногун ва ба хотири ҳифзу гиромидошти забони тоҷикӣ ҷиҳати фардои шукуфони Тоҷикистони азиз дар тағйири номгузориҳо иқдоми шоистаи таърихиро ба иҷро расонданд. 
Ному насаб яке аз нуктаҳои асосии худшиносии миллӣ барои ҳар шаҳрванд ва миллату давлат мебошад. Қисми зиёди аҳолии ҷаҳон бо шунидани номашон миллату давлаташон муайян мегардад. Ин далели он аст, ки ному насаб дар баробари муаррифии шахс, инчунин, муаррифгари миллату давлат ҳисобида мешавад. Ҳукумати кишвар баъди соҳибистиқлолӣ ва таҳкими пояҳои давлати миллӣ дар ин самт низ, қадамҳои устувор гузошт ва номгузориро мутобиқ ба анъанаҳои миллӣ ба роҳ монд.
Забони тоҷикӣ, ки давраҳои сангини таърихро убур кард, маҳз дар даврони Истиқлоли давлатӣ бо пуштибонию роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтидору тавонмандии бештар касб кард. Аз ин лиҳоз, нақши Роҳбари давлат дар мавқеи устувор пайдо кардану шукуфо гардидани забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ хеле барҷаста мебошад. Ба ин китобҳои “Забони миллат – ҳастии миллат”, “Чеҳраҳои мондагор”, “Дин ва ҷомеа”, “Аз ориён то Сомониён”, суханрониҳои Пешвои муаззам бахшида ба Рӯзи забон ва ғайраҳо далел шуда метавонанд, ки саршор аз арзишҳои олии илмианд.
Арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ, расму оинҳои мардумӣ, инчунин, таҷлили солгарди бузургони илму адаб, сиёсат, маориф ва фарҳанги гузаштаву муосир, тарғибу ташвиқ, таҳқиқу таълими осору афкори онҳо ва ҳифзи мероси адабӣ, фарҳангӣ таърихӣ ва илмӣ дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат, бешубҳа, аз сиёсати дурандешона ва фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд. Бо мақсади густариши эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва болоравии сатҳи маънавиёти ҷомеа бо ибтикори Пешвои миллат солгарди фарзандони фарзонаи миллат, аз қабили 1150-солагии сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1000-солагии Носири Хусрав, 675-солагии Камоли Хуҷандӣ, 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 1310-солагии Имоми Аъзам Абуҳанифа, 600-солагии Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ, 700-солагии мутафаккири барҷастаи Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ таҷлил гардиданд. Ҳамзамон, санаҳои таърихиву фарҳангии 2500-солагии Истаравшан, 2700-солагии Кӯлоб, 3000-солагии Ҳисори шодмон дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта шуданд.
Арзишҳои бадастомадаи даврони истиқлол ва корномаҳои беназири Пешвои миллат дар роҳи худшиносии мардуми тоҷик зиёданд ва ҳар яки он ба таври алоҳида таҳқиқу баррасии ҷудогонаро тақозо мекунад.
 
Ситора АБДУМУМИНЗОДА,
муовини ректори ДТТ оид ба тарбия
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.10.2022    №: 201    Мутолиа карданд: 644
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед