logo

иҷтимоиёт

ХАТЛОН. АВЛАВИЯТ БА РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ

Ғамхорӣ ба саломатии халқ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва фавти модарону кӯдакон, танзими масъалаҳои демографӣ ба хотири солимӣ ва аз ҷиҳати моддӣ таъмин шудани аҳолӣ, расондани хидмати босифати тиббӣ, манъи никоҳи хешутаборӣ, гирифтани пеши роҳи воридоти дорувории тақаллубӣ, рушди соҳаи фарматсевтӣ ва тарғиби тарзи солимии ҳаёт аз нахустин ва муассиртарин тадбирҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд, ки натиҷаашонро мо мушоҳида ва таҳлил карда метавонем.
Тавре шоҳидони ҳол огоҳанд, масъалаи таъмини сифати доруворӣ борҳо дар суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр шудаанд. Масалан, соли 2017 зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин гуфта буданд: “Имрӯзҳо масъалаи маводи дорувории қалбакӣ ва ба талабот ҷавобгӯ набудани он на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар бисёре аз кишварҳои дунё мавриди нигаронӣ қарор дорад”. Дар идомаи сухан ин ҷумлаи муҳим хеле ба маврид зикр гашт: “Ба табобати беморон ҳамон вақт кафолат дода мешавад, ки, агар сифати доруворӣ таъмин карда шавад”.
Маҳз дарки баланди муҳимияти таъмини сифати доруворӣ аз ҷониби роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат буд, ки моҳи августи соли 2001 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ” ба тасвиб расид. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муомилоти маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фармасевтӣ муайян карда, муносибатҳои доир ба коркард, тайёр кардан, озмоиши пешаздармонгоҳӣ ва дармонгоҳӣ (клиникӣ), назорати сифат, судмандӣ, бехатарӣ савдои маводи доруворӣ ва дигар муносибатҳоеро, ки дар ин соҳа ба миён меоянд, танзим намуд.   
Бо тақозои пешравиҳои замон, такмил ёфтани қонунгузориҳои ҷорӣ ва афзоиши талаботи аҳли ҷомеа ба хидматрасониҳои муосири тиббӣ, моҳи марти соли ҷорӣ аз тарафи  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фармасевтӣ” барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ пешниҳод гашт. 25 май вакилони Маҷлиси намояндагон онро қабул карданд. Қонун аз тарафи аъзои Маҷлиси миллӣ 15 июл ҷонибдорӣ гардид ва 19 июли соли 2022 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ” бо имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардиду кору амал дар самти хидматрасониҳо ва назорат дар соҳаи тандурустӣ дар ҳақиқат ба марҳилаи сифатан нав ворид шуд. Қонуни нави соҳаи тандурустӣ бинобар гуногунпаҳлу ва фарогирӣ, аз 10 боб ва 50 модда иборат аст. 
Тадбирҳое, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ андешида шуданд, барои тараққӣ ёфтани соҳаи тандурустӣ ва ҷавобгӯ ба талабот ба роҳандозӣ шудани хизматрасонии тиббӣ дар тамоми кишвар ва вилояти сераҳолии мамлакат – Хатлон такони ҷиддӣ бахшиданд. 
Тадбири аввал ин буд, ки бо супориши Сарвари давлат шуруъ аз соли 2014 ҷиҳати истеҳсоли доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ ва тавлиди маҳсулоти тиббӣ аз пахтаи худӣ дар аксар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон корхонаҳои истеҳсоли доруворӣ ва маводи фаъоли биологӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд. Ҳоло ширкатҳои “Мину фарм”, “Аввалин”, “Сомонӣ фарм”, “Ғолибҷон Холов”, “Форсиён”, “Муъмин”, Кӯҳсори Хатлон” ба истеҳсоли 11 номгӯй доруворӣ ва молҳои тиббӣ, аз ҷумла субтрати ферула, экстракти решаи ширинбия, маҳлули спиртӣ, антисептикӣ, бинту пахтаи тиббӣ машғул буда, пас аз гузаштан аз қайди давлатӣ ҳамарӯза онҳоро дар дохили кишвар ба муомилот бароварда, барои дархосткунандагони бурунмарзӣ низ, содироти мунтазамро ба роҳ мондаанд.    
Тадбири дувум бартараф кардани норасоии кадрӣ дар соҳаи тандурустӣ буд. Талаботи аҳолиро ба духтурони баландихтисос ва кормандони чашмикордони тиббӣ ба инобат гирифта, бо дастури Президенти ғамхори ҷумҳурӣ дар ноҳияи Данғара Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, дар шаҳру навоҳии Бохтар, Кӯлоб, Левакант, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Восеъ ва чанде дигар коллеҷҳои хусусии тиббӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Маҷмуи ин тадбирҳо боис гаштанд, ки мушкили нарасидани мутахассисони ҳирфаӣ дар мисоли вилояти Хатлон нисбатан ҳал шавад. 
Хушбахтона, мо метавонем Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ, бо ин сохтори кунунӣ ва вазифаҳое, ки дорад, самари замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бихонем. Ин ниҳод моҳи декабри соли 2017 дар заминаи Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ ва Назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологӣ таъсис ёфта, дар ВМКБ, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, аз ҷумла вилояти Хатлон, намояндагӣ ва биноҳои муҳташами муҷаҳҳаз бо тамоми шароити кориро дорад.  
Кормандони сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар зарфи нуҳ моҳи соли 2022 дар ҳошияи ҳидоятҳои Сарвари давлат ҷиҳати расондани хидмати босифати тиббӣ ба аҳолӣ ва таъмини дорувории ҷавобгӯ ба меъёрҳои қабулшуда корҳои муайянро ба анҷом расондаанд.    
 
Маҳмадҷон АБДУЛҚОДИРЗОДА, 
сардори сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.10.2022    №: 201    Мутолиа карданд: 1188
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед