logo

барқияҳо

МУБОДИЛАИ БАРҚИЯҲОИ ТАБРИКӢ

21 октябр миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон муҳтарам Никол Пашинян ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.
Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон муҳтарам Никол Пашинян омадааст:
«Муҳтарам Никол Воваевич!
Ба муносибати 30-солагии барпо намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арманистон бо изҳори қаноатмандӣ ба Шумо табрикоти инҷонибро ирсол менамоям.
Мо аз ҷараёни инкишофи муносибатҳои дӯстӣ миёни кишварҳоямон тайи ин солҳо чи дар асоси дуҷониба ва чи дар сатҳи бисёрҷониба қаноатмандем.
Алоқаманди густариши рӯзафзун ва тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ бо Арманистон, ки бо он моро риштаҳои таърихии дӯстӣ ва ҳамкорӣ мепайванданд, ҳастем.
Бовар дорам, ки бо саъю талошҳои муштарак муносибатҳои созандаи мо ба нафъи мардумонамон боз ҳам таҳкими бештар хоҳанд ёфт.
Ба Шумо – муҳтарам Никол Воваевич, саломатӣ ва дар фаъолияти давлатиатон муваффақиятҳои назаррас, ба мардуми дӯсти Арманистон  сулҳу субот ва шукуфоӣ хоҳонам».
 
Дар барқияи табрикии Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон муҳтарам Никол Пашинян ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта шудааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!
Табрикоти самимии маро ба муносибати санаи муҳим – 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Арманистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бипазиред.
Тайи се даҳсолаи гузашта муносибатҳои байни кишварҳои мо дар асоси устувори анъанаҳои дӯстӣ, эҳтироми якдигар ва ҳамдигарфаҳмии мардумонамон рушд ёфтаанд.
Итминон дорам, ки муносибатҳои кишварҳои мо иқтидори назаррас доранд ва истифодаи комили он имкон медиҳад, ки ҳамкории байнидавлатии Арманистон ва Тоҷикистон ба сатҳи сифатан нав бардошта шавад.
Ба Шумо – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, саломатии бардавом, саодатмандӣ, муваффақият ва тамоми хушиҳо, ба мардуми дӯсти Тоҷикистон сулҳу некуаҳволӣ ва шукуфоӣ орзумандам».
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.10.2022    №: 202    Мутолиа карданд: 1380
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед