logo

ҳуқуқ

КОНСТИТУТСИЯ ВА МАРҲИЛАИ ТОЗАИ РУШД

 
Қабули Конститутсия арзишмандтарин дастоварди мардум ва давлати тоҷикон дар интиҳои асри гузашта ба шумор рафта, натиҷаи мантиқии талошҳои ҷомеаи адолатпарвар дар роҳи расидан ба марҳалаи тозаи рушди инкишофи хеш ва муаррифии кишвари мо ба оламиён мебошад.
Эмомалӣ РАҲМОН
 
Конститутсия қонуни асосии давлат буда, сохти ҷомеа ва шакли давлатдориро муайян мекунад.
Бинобар ин, Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки 6 ноябри соли 1994 қабул гардид, дар таърихи навини кишвар рӯйдоди воқеан сарнавиштсоз, муайянкунандаи роҳу равиш ва рушди устувори мамлакат гардид. Чунки таҳияи Конститутсия бо ҷалби неруҳои ақлонии ҷомеа, бо назардошти манфиатҳои олии миллату анъанаҳои пурғановати таърихиву фарҳангии халқи тоҷик ва истифода аз таҷрибаву дастовардҳои давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон дар самти бунёди ҷомеаи демократӣ сурат гирифта буд.
Дар  моддаи  1 Конститутсия таъкид шудааст, ки Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. 
Дар сатҳи  Конститутсия  дарҷ  гардидани  кафолатҳои фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва эътирофи моликияти хусусӣ ба созмон додани асосҳои иқтисодиёти миллии пешрафта мусоидат намуда, барои таъмини ҳадафҳои давлати иҷтимоӣ, яъне таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ба ҳар кас роҳнамо гардид ва имкон дод, ки барои рушди иқтисодии кишвар даҳҳо стратегияву барномаҳои давлатӣ қабул ва татбиқ карда шаванд. 
Барои дар амал татбиқ кардани ин мақсад Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ 20 январи соли 2016 се ҳадафи миллӣ: раҳоӣ бахшидани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмин намудани амнияти озуқавориву дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, инчунин, 26 декабри соли 2018 дар Паёми навбатии худ бо назардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишварро эълон кард.
Таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат Ҳукумати Тоҷикистон соли 2017 ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ – истиқлолияти энергетикӣ ноил шуд ва Тоҷикистони сепорчаро ба қаламрави воҳид табдил дод.
Тибқи маълумот то соли 2022 бо мақсади расидан ба истиқлолияти энергетикӣ 75 фоизи инфрасохтори энергетикии мамлакат навсозӣ гардидааст.
Дар замони истиқлолият маданияти истифодабарии замин куллан беҳтар гардида, аз як қитъаи замини обӣ гирифтани 2 – 3 ҳосил ба ҳукми анъана даромад ва мардум аз ҷиҳати таъминот бо маводи озуқа танқисӣ накашида истодаанд.
Ҳукумати мамлакат тавассути таъсиси корхонаҳои нав, барқарорсозии иқтидорҳои мавҷуда ва афзоиш додани ҳаҷми истихроҷи канданиҳои фоиданок ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати мамлакатро амалӣ хоҳад гардонд. 
Боиси ифтихор аст, ки ҳадафҳои стратегии мамлакат бо назардошти манфиатҳои миллӣ давра ба давра амалӣ гардида, сатҳу сифати зиндагии мардум баланд ва шароити зист беҳтар гардида истодааст.   
Бинобар ин, мо – ҷавононро зарур аст, ки танҳо дар чорчӯбаи Конститутсия ва қонун зиндагӣ карда, барои амалишавии ҳадафҳои стратегии давлат, баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ, эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ пайваста кӯшиш намоем.   
 
Шоҳин ВАЛИЗОДА,
ёрдамчии муовини раиси Суди 
конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.10.2022    №: 202    Мутолиа карданд: 1649
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед