logo

сиёсат

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЧЕҲРАИ КАЛИДӢ ДАР ИЛМИ АФҒОНИСТОНШИНОСӢ

 
Чанде пеш Нашриёти филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Михаил Василйевич Ломоносов дар шаҳри Душанбе китоби ҳафтуми доктори илмҳои таърих, профессор Муҳаммадӣ Сафолзодаро аз силсилаи «Ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба танзими мушкилоти Афғонистон. Соли 2015» нашр намуд. 
Муҳаммадӣ Сафолзода муаллифи як қатор тадқиқоти боарзиш вобаста ба масъалаҳои геополитикӣ дар Осиёи Миёна мебошад, ки миёни онҳо силсилаи ба мушкилоти Афғонистон бахшида мақоми махсус дорад. Асари мазкур идомаи тадқиқоти муаллиф аз боби пешниҳод ва ташаббусҳои конструктивии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҳалли мушкилоти мамлакати ҳамсоя мебошад. Он давраи басе ҳассоси ин кишварро, ки ба итмоми миссияи Коолитсияи байналмилалӣ ҷиҳати таъмини бехатарӣ дар Афғонистон (ISAF) рост меояд, дар бар гирифтааст. 
Чуноне маълум аст, Коолитсия ба мақсади ниҳоии худ расида натавонист ва бехатарӣ дар ин ҷумҳурӣ таъмин нагашт. Вобаста ба ин, дар ҳалли мушкилоти кишвар лозим меомад, ки  муносибати дигар пеш гирифта шавад. Биноан, кӯшиши фарогир ва пешниҳодоти дипломативу ҳамкориҳои гуманитарии ҷониби Тоҷикистон ба таъмини бехатарӣ дар ин диёр ва пешгирии фоҷиаи гуманитарӣ равона гардиданд. Сарвари сулҳовар ва Пешвои миллати тоҷикони ҷаҳон хуб дарк менамуданд, ки дар таъмини амнияти саросарӣ дар ин кишвар асоси барқарории постконфликтии иқтисод барқарор намудани сектори иҷтимоиву иқтисодӣ мебошад. Сатҳи зиндагии сокинони ин давлати ҷангзада то ба ҳол, пеш ва беш аз ҳама, аз ҳамин омил вобастагӣ дорад. Вазъи баамаломада метавонист бо роҳи ҷалби Афғонистон ба раванди интегратсияи минтақавӣ ба танзим дароварда шавад. 
Ба андешаи М. Сафолзода, ин нукта асоси суханрониҳои Сарвари давлати моро дар саммиту вохӯриҳои сатҳи баланд ташкил медиҳад. Худи Сарвари давлат низ дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ ба таври қатъӣ таъкид карданд: «Ҳолати фоҷиабори дар ин кишвар баамаломада гуноҳи мардуми дорои тамаддун ва таъриху фарҳанги бисёр қадимии Афғонистон нест, балки натиҷаи дахолати хориҷӣ ба корҳои дохилии он мебошад, ки беш аз 43 сол инҷониб идома дорад. Зиёда аз бист сол мешавад, ки Тоҷикистон аз минбари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба қазияи Афғонистон ҷалб менамояд. Тоҷикистон ҳамчун ҳамсояи наздиктарини Афғонистон ба тақдири мардуми азияткашидаи ин кишвар бетафовут буда наметавонад».
Дар сарсухани китоб муҳаққиқ барҳақ зикр менамояд, ки мақоми минбаъдаи Афғонистонро дар арсаи байналмилалӣ танҳо дар сурате метавон боло бурд, ки ҳамкориҳои хориҷиро бо он бештар намуда, монеаҳои ба таври сунъӣ баамаломада ҳар чи зудтар аз байн бардошта шаванд. Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Роҳбари хирадмандаш тамоми ташаббусҳои минтақавию ҷаҳониеро, ки ба рушди ин кишвари ҷангзада равона шудаанд, дастгирӣ намуда, дар саргаҳи онҳо қарор гирифт.
Муҳаққиқ эволютсияи муносибатҳои мутақобилан судманди дуҷонибаи байни кишварҳои мо бавуҷудомадаро дуруст муайян намуда, дар ин раванд ба саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шакл гирифтани сиёсати хориҷии кишвар дар даврони Истиқлоли давлатӣ баҳои илман асоснок медиҳад. Дар баробари ҳаллу фасли дақиқи масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, техникӣ ва инвеститсионӣ, ӯ ба ҷойгоҳи махсуси Афғонистон дар сиёсати хориҷии кишварамон ишорат менамояд.
Бобҳои асар аз рӯи талаботи классикии дар илми муосир ҷоригардида таҳия шудаанд. Ҳар кадоми онҳо аз зарурати омӯзиши масъала ва зарурати онҳову сатҳи азхудшавиашон оғоз гардида, бо хулоса ва пешниҳодҳои муҳим ба итмом мерасанд.    
Низомсозӣ дар фаъолияти давлатдорӣ, ки асоси пешрафти кор бар он вобаста аст, Пешвои миллат дар шахсияти худ ба таври комил парвариш дода, ба воқеиятҳои он расид. Барномаҳояшро дар асоси воқеияти ҷаҳони имрӯз тарҳрезӣ кард ва ба иҷро расонд. Дар чанд соли охир Тоҷикистон бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масоили мубрами минтақа, аз ҷумла Афғонистон ба як манбаи боэътимоди сиёсии Осиёи Марказӣ табдил шудааст. 
Асар дар масъалаи муносибатҳои Тоҷикистону Афғонистон манбаи муҳим мебошад. Ба таври умум, раҳнамои хуб барои онҳое гардидааст, ки ба ин кишвар ҳусни таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Як қисмати бисёр калон ва ҳамвора арзишманди асарро замимаҳои он ташкил кардаанд. Дар замима резолютсияҳои  Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои Афғонистон ҷамъ оварда шудаанд. То ҳол илми афғонистоншиносӣ чунин як манбаи маҷмуиро дар даст надошт. Дар асоси ин замима метавон дилхоҳ модели муносибатҳои дипломатии созмонҳои байналмилалӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди кишварҳои алоҳидаро бо ин давлат сохт.      
Дар маҷмуъ, асари Муҳаммадӣ Сафолзода «Ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба танзими мушкилоти Афғонистон. Соли 2015» – ро метавон нигоҳи нав ба Афғонистон ва мушкилоти он номид. 
Муаллиф дар асоси таҳлилҳо ба чунин хулоса меояд, ки вазъи кунунии Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон, аз ҷумла Афғонистон низ, тасдиқ менамояд, ки таҳдидҳои ҷадид ба тамаддуни инсонӣ на танҳо боқӣ мондаанд, балки васеъ ва дар шаклҳои нав зуҳур мекунанд. Ҳамаи кӯшишу талоши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он равона шудааст, ки сулҳу осоиш дар минтақа ва ҷаҳон ҳифз шуда, рушди бемайлони ояндаи он таъмин гардад.
 
Муҳаммадуллоҳи ТАБАРӢ, 
«Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.10.2022    №: 202    Мутолиа карданд: 713
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед