logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

 
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
 
КРИПТОГРАММАИ «КӢ ЗУД МЕЁБАД?»
Хонандагони азиз, дӯстдорони муаммо! Дар ин криптограмма рақамҳо  гузошта шудаанд. Ҳар кадоми онҳо ҳарфҳоро ифода мекунанд. Дар сурати ёфтани шаш суоли ин криптограмма метавонед ба ҷойи рақамҳо  ҳарфҳоро гузошта, калимаҳои дилхоҳро хонед. Агар шумо ҳарфҳоро мувофиқи рақамҳои нишондодашуда гузоред, як байти машҳури Саъдии Шерозӣ ҳосил мегардад. Ба шумо  барор мехоҳем!
1). 1, 3, 4, 2, 5, 3 – исми маъмулии занонаи тоҷикӣ. 
2). 6, 12, 19, 3, 9, 7, 10 – футболбози машҳур. 
3). 11, 5, 9, 12, 14, 13, 10, 8 – асари машҳури Саъдии Шерозӣ. 
4). 13, 3, 9, 15 – муқобилмаънои ширин. 
5). 16, 5, 13, 2, 10, 9 – як навъи варзиш. 
6). 17, 10, 9, 18, 14, 10 – чарх ба забони русӣ.
 
Мураттиб Муҳаммадсафар ЯТИМОВ, сокини шаҳри Ваҳдат
 
МАҲМАДШАРИФ РАҲМОНОВ ВА АЗИЗБЕК САИДАҲМАДОВ – ҒОЛИБОНИ РУБРИКА
Рубрикаи  навбатии «ИНТЕЛЛЕКТ +» - и саҳифаи «Шоми шанбе» ҷамъбаст гардид. ҳамарӯза аз тамоми гӯшаву канори кишвар нафарони зиёде бо мо тамос гирифта, ҷавобҳои худро пешниҳод менамуданд. Тибқи хулосаи ҳакамон миёни ширкаткунандагон  Маҳмадшариф Раҳмонов, сокини ноҳияи Кӯшониён барои пешниҳод намудани ҷавобҳо ва Азизбек Саидаҳмадов, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, барои пешниҳоди муаммову чайнвордҳо ғолиби рубрика дониста шуданд.
 
Вайбер:  93-547-00-05, 
bzm_701@mail.ru
 
Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
Телефон: 238-53-40
 
 
 
 
 
ШОАҲМАД
ЯТИМПАРВАРЕ, КИ ТАЪРИХРО БА НОМАШ РАҚАМ ЗАД
Соли 1943 аз минтақаҳои ҷангзадаи Иттиҳоди Шуравӣ барои таъмини бехатарӣ шаҳрвандонро тариқи қатора ба Ӯзбекистон интиқол медоданд. Шоаҳмад Шомаҳмудов ва ҳамсари ӯ Баҳрӣ Аҳрамова ҳар як қатораро интизор мешуданд ва кӯдакони бесаробонеро, ки падару модари худро дар ҷанг аз даст доданд, ба фарзандӣ мегирифтанд. Ҳамин тариқ, ин оилаи бефарзанд, то соли 1945-ум 15 нафарро зери тарбия гирифт. 
Пешаи Шоаҳмад оҳангарӣ буду барои дарёфти қути лоямут шабу рӯз кор мекард, ки дидани чеҳраи гарми тифлакон хастагиашро рафъ менамуд. Билохир, дар бораи Шоаҳмад ва оилаи ӯ дар як рӯзнома матлабе интишор ёфту аз амалҳои хайри ӯ тамоми мардуми Иттиҳод воқиф гаштанд. Аз номи лейтенанти калон Левитский ба суроғаи Шоаҳмад 300 рубл омад. Ӯ дар номае навишт, ки фарзандонашро дар ҷанг аз даст додаву мехоҳад дар тарбияи фарзандони Шоаҳмад ёрӣ расонад ва ҳар моҳ ба ӯ пул мефиристод. 
Ин марди наку соли 1970 дар 80-солагӣ вафот кард. Ҳоло муҷассамааш дар ҳалқаи фарзандон дар «Майдони Дӯстӣ»-и шаҳри Тошкент қомат афрохтааст. 
Аз русӣ тарҷумаи Меҳрангез ҚОДИРОВА 
 
 
 
НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
РЕВИЗОР  
Аз суҳбати профессор бо магистрант:
– Руҳонӣ, ронанда ва ревизор аз ҳамдигар чӣ фарқият доранд?
– Руҳонӣ ҳамеша тавба мекунад, ҳарчанд тозаву бегуноҳ аст. Ронанда рӯзи дароз мардумро бо автобусаш ба манзил мерасонаду худаш хона пиёда меравад. Ревизор ҳамеша чизе мекобад, ҳарчанд ҳеҷ чиз гум накардааст. 
Таҳияи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
ДУ ҲАЗОР ҶИНОЯТИ БЕҶАЗО
Кирдори ноболиғе, ки қонунгузорӣ дар ИМА-ро тағйир дод 
 
Вилли Боскета, ки соли 1963 ба дунё омадааст, то 15 - солагиаш дар Ню-Йорк 2000 ҳазор ҷиноят содир карда, боре ҳам ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст. Сабаби бо ин ҳама ҷиноят беҷазо мондани Вилли дар он буд, ки он замон дар ИМА қонунгузорӣ барои ноболиғон ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ намекард. Бинобар ин, Боскета худсарона дар кӯчаҳо бо корду таппонча мегашт ва ҷиноят содир мекард. Маҳз ҳамин рафтори ҷинояткоронаи ноболиғ сабаб шуд, ки муқаррароти қонунгузориро дар ИМА таҷдиди назар кунанд ва ба наврасони то 13-сола ҳам дар ҳолатҳои муайян ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ намоянд.
Таҳияи Фаромарз РАҲМОНИЁН
 
 
ҲИКМАТИ ЯК ДУЗДӢ
Дузде дар маҷлиси пурталотум халтаи тангаҳои марди ғофилеро дуздид. Вақте ба хона расид, халтаро боз кард ва дар болои тангаҳо қоғазе дид, ки дар он чунин навишта шуда: «Худоё бо баракати ин дуо тангаҳои маро ҳифз намо!». 
Дузд инро хонду ба андеша фурӯ рафт. Сипас, тангаҳои дуздидаро ба соҳибаш баргардонд. Дӯстонаш ӯро маломат ва сарзаниш карданд, ки чаро ҳамаи пулҳоро аз даст додӣ?
Дузд гуфт: 
- Соҳиби он халта бовар дошт, ки дуо сарвати ӯро нигаҳбон аст ва ба, ин васила, бар Худо эътиқод намуда аст. Ман дузди бойигарии ӯ будам, на дузди имонаш. Агар халтаро пас намедодам, эътиқодаш мекост ва он гоҳ ман дузди имони ӯ будам…
 
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА
 
 
 
Як байт
Бечора нестам, ки дар фикри чораам,
Бечора он касест, ки дар фикри чора нест.
Таҳияи Абдулқодири РАҲИМ 
 
 
ПАСИ ДАРИ УСТОД АЙНӢ 
ЧӢ НАВИШТАЕ БУД?
Устод Садриддин Айнӣ ба қадри ҳар дақиқа мерасиданд. Умрашонро барои пажӯҳиш, ковиш ва дифои забону адаби мо сарф намуданд. Ба хотири анҷоми корҳои бузург дар пушти дарашон ин навиштае буд:
"Пеши ман бисёр наистед, ки вақт надорам!
Бо умеди хӯрдани чизе набошед, ки ёрманд надорам!
Барои хуфтан ҷо надорам!"
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР
 
 
 
ФУТБОЛ
БЕҲТАРИН ГОЛ ДАР ТАЪРИХИ ЧЕМПИОНАТҲОИ ҶАҲОН
Мувофиқи назарсанҷии Федератсияи байналмилалии футбол, тӯби задаи Диего Армандо Марадонаи аргентинӣ ба дарвозаи Англия дар Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар Мексика (соли 1986) «Голи садсола» эътироф гардид.
Боиси ёдоварист, ки бозии чорякфиналӣ байни  тимҳои миллии Аргентина ва Англия 22 июн дар майдони «Астек»-и шаҳри Мехико баргузор шуд. Дар дақиқаи 55-ум Диего Марадона дар нимаи майдони худ тӯбро гирифта, бо маҳорати воло шаш бозигар (аз ҷумла, дарвозабон)-и рақибро гузашта, онро вориди дарвоза менамояд.
Ҳамлагари машҳури англис Гари Линекер, ки дар рақобати мазкур ширкат дошт ва аз тӯби задаи Марадона ба дарвозаашон мафтун гашта буд, чунин гуфтааст: «Бори аввал дар ҳаётам,  мехостам ба ифтихори ин голи камназир ба рақибам сари таъзим фуруд оварам».
 
Таҳияи Ш. ШОКИР
 
 
КӮДАКОН ДАР ЯКМОҲАГӢ
77 килограмм вазн мегирифтанд, агар…
 
Кӯдакони имрӯза бисёр доноянд. Онҳо аз ҳисоби кори майнаи сар зуд тағйир меёбанд, рушд мекунанд. Агар ҷисми кӯдакон ба ҳамон суръате, ки майнаашон меафзояд, кор кунад, он вақт дар якмоҳагӣ тақрибан 77 килограмм вазн пайдо мекунанд. Олимон рушди майнаи кӯдакро омӯхта, мисол оварданд, ки, махсусан писарон дар батни модар ба монанди мошинаи хурди тестостерон мебошанд ва онҳо бо ҳамон миқдор тестостероне таваллуд мешаванд, ки марди 25-сола дорад. Аммо пас аз таваллуд, сатҳи тестостерон то ба синни балоғат расидани писарбача коҳиш меёбад. Аз ин ҷост, ки кӯдакон то синни 25-сола беҳтар рушд менамоянд.
Таҳияи Оҳистамо ВАФОБЕК
 
 
ДУРДОНАҲО
Одамоне, ки бо ташвишу ҳаяҷон мубориза бурда наметавонанд, умри дароз намебинанд.
(Алексиз Карел)
* * *
Фарде, ки ба куҷо рафтанашро медонад, ҳатто дунё барои роҳ додан ба ӯ монеъ эҷод намекунад.   
(Девид Ҷордан)
* * *
Ризоят аз пешомадҳо нороҳатиро аз байн мебарад. 
(Оизи Қарнӣ) 
* * *
Ҳама чиз тағйир меёбад, ба ҷуз аз қонуни тағйирот. 
(Гераклит)
 
Таҳияи М. ОДИНАЕВА
 
 
 
ВИКТОР СИБИРИН
ВАРЗИШГАРЕ, КИ БО СУТУНМУҲРАИ ШИКАСТА БА ҚУЛЛАИ МУРОД РАСИД
Дар бораи одамоне, ки бо вуҷуди ҷароҳатҳои вазнин муҳаббат ба ҳаётро гум накардаанд, қиссаҳо бисёр аст. Онҳо бо вуҷуди норасоии ҷисмонӣ рассому ҳунарманду олиму  варзишгар шуданд ё танҳо кореро карданд, ки ба онҳо лаззат мебахшад.
Виктор Сибирин аз ҷумлаи чунин одамон аст. Зимистони соли 2010 ӯ дар болои ях афтида сутунмӯҳрааш шикаст. Бо вуҷуди муолиҷаҳои зиёд маъюб гардид, аммо аз қисмат руҳафтода нашуд. Викторро «шахси маъюб» номидан душвор аст, зеро ӯ ба бодибилдинг, шиноварӣ, теннис ва бозии бадминтон машғул буда, узви дастаи кёрлинг дар аробачаи маъюбии кишвари Красноярски Россия аст. Соли 2019 вай аз зодгоҳи худ шаҳри Ачинск то шаҳри Абакан 450 километрро бо аробачаи маъюбӣ тай кард. Дер боз орзуи дидани кӯли Байкалро дошт ва барои амалӣ кардани орзуяш камари ҳиммат баст. Сайёҳи далер 1418 километрро бо аробачаи худ дар 42 рӯз тай кард ва дар ин муддат аз касе ёрӣ нахост. Виктор зикр мекунад, ки барои амалӣ кардани орзуи худ камари ҳиммат бандед, баҳона наҷӯед, ки ба худ монеа эҷод мекунед.
Таҳияи Комрон САФАР
 
 
БУДДА ШАКЯМУНИ
ШОҲЗОДАЕ, КИ ПЕШВОИ БУДДОИЯ ШУД 
Буддо бо тахаллуси Татхагата ё Бхагаван (Будда Шакямуни) пешвои руҳонӣ ва созмондиҳандаи буддоия (яке аз динҳои ҷаҳонӣ) аст. Вай асри VI дар оилаи шоҳзодагон ба дунё омада, дар муҳити  сарватмандӣ ба камол расидааст. 
Вақте шоҳзода калон шуд, аз баҳри бойигарӣ баромада, хонаводаашонро тарк намуд, ба хотири он ки идомаи умрашро ба худдарккунӣ ва ҷустуҷӯи аз ғаму андуҳ раҳондани инсоният бахшад. Буддо Шакямуни баъди чанд соли машғул шудан ба медитатсия (ҳолати хоси руҳонӣ дар буддоия) ба умқи маърифат расид ва Буддо гардид, ки тавассути ба роҳ мондани усули хоси омӯзиш ба тарзи зиндагии миллионҳо одами рӯи дунё таъсири мусбат расондааст.
Таҳияи Иронбӣ МӮСОЗОДА 
 
 
ҲИКМАТИ ЗИНДАГӢ 
СЕ ВАСИЯТИ СУЛТОН СУЛАЙМОН ПЕШ АЗ ВАФОТАШ БА ПЕШВОЁНИ ДАРБОР
1. Табибони беҳтарини мамлакат тобути маро то лаби гӯр баранд, то мардум бубинанд, ки вақте аҷал ояд, онҳо дар табобат оҷизанд, зеро марг ҳақ аст. 
2. Тамоми сарвати маро то қабристон дар роҳ рехта монед, то одамон бидонанд, ки инсон моли дунёро ба охират бурда наметавонад. 
3. Ҳар ду дасти маро аз тобут берун гузоред, то бубинанд, ки ман подшоҳи мамлакат, соҳиби сарвати зиёд, дар қасрҳо зиндагӣ карда, аммо аз олам бо дасти холӣ меравам.
Таҳияи З. РАҶАБ
 
 
ДУ ПАНД
Барои расидани замони муносиб сабр кун, замон барои ту сабр намекунад.
* * *
Мо, ки наметавонем зиндагиро ба коми ҳам ширин бикунем, ҳадди ақал бо суханҳоямон талхтараш накунем.
Таҳияи Абдулқодири РАҲИМ
 
 
ҲУСНИ ТАБИӢ
Тоҷике бо миҷгонҳои дароз мавриди таваҷҷуҳи ҷаҳониён шуд
Писарбачаи тоҷик Муин Бачонаев бо миҷгонҳои дарозтарини худ дар сар то сари олам шинохта шудааст. Рӯзномаи бритониёӣ - «Daily Mail» - бо таваҷҷуҳ ба ӯ навиштааст, ки писарбачае бо миҷгонҳои дарозтарин дар шаҳри Москва зиндагӣ мекунад. Миҷгонҳои Муинро ҳар як бону орзу менамояд, зеро дарозии онҳо 4,3 сантиметрро ташкил медиҳанд ва эҳтимол боз ҳам дарозтар шаванд. Муин дар толори Академияи варзишии "Спартак"-и шаҳри  Москва ба футбол машғул мебошад.
   Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
 
 
 
ДАРС ДАР ҚАБРИСТОН 
Эдгар Аллан Поро детективнавис кард
Устоди жанри детектив Эдгар Аллан По дар кӯдакӣ математикаро дар қабристон омӯхт. Муаллим ӯро бо ҳамсинфонаш байни сангҳои мазор мебурд, то ҳисоб кунанд, ки одамони хуфтаи ин саро чанд сол умр дидаанд. Гап дар сари он буд, ки мактабе, ки Эдгар Аллан По дар он таҳсил мекард, хонандагонро бо китобҳои дарсӣ таъмин карда наметавонист. Ҳамин усули дарси муаллими фанни риёзӣ сабаб шуд, ки нависанда ба жанри детектив рӯ орад.
Эдгар Аллан По, нависанда, шоир, очеркнависи амрикоӣ, офарандаи детективи классикӣ ва жанри насри равоншиносӣ мебошад. Ӯ бештар ба унвони муаллифи достонҳои “даҳшатнок”, ирфонӣ ва шеъри “Зоғон” маъруф аст.
Таҳияи Оламбегими НЕКҚАДАМ
 
 
НИМШӮХИВУ   НИМҶИДДӢ
ПУШТИ ЧАРХ 
Аз суҳбати ду ронанда:
– Хайр, чӣ хел, аз санҷиши техникӣ гузаштӣ?
– Бале, сад фоиз.
– Чӣ хел сад фоиз? Дар кутал «ручник»-и мошинат намеқапид-ку.
– Медонам, барои ҳамин, дар «пушти чарх» камтар пул мондам, то мошин дар вақти санҷиш налағжад. 
 
Аз русӣ тарҷимаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
 
 
ДАСТИ АҶАЛ ДАР ГУЛУ
ЗИНДАГИИ ИБРАТБАХШИ МАРДЕ, КИ ҲАФТ БОР АЗ ДОМИ МАРГ РАҲО ШУД
 
Фране Селаки хорватӣ (1929 – 2016) дар як вақт ҳам хушбахттарин ва ҳам бадбахттарин инсони сайёра маҳсуб меёбад. Ӯ ҳафт бор аз чанголи марг раҳо ёфтааст: пас аз садамаи қатора, суқути ҳавопаймо, садамаи автобус, ду бор таркидани мошинҳояш, баъди задани автобуси шаҳрӣ ва сарозер шудани нақлиёташ аз кӯҳ. Ҷолиб ин аст, ки пас аз ин ҳама ҳодисаҳо дар 74-солагӣ ӯ аз лотерея як миллион доллар бурд кард.
Баъд аз гузашти чанд муддат Фране дарк кард, ки пул инсонро хушбахт намекунад. Аз ин рӯ, хонаи боҳашаматашро, ки дар як ҷазираи хусусӣ буд, фурӯхт. Тамоми сарваташро байни хонавода ва дӯстон тақсим карда, ҳамроҳи ҳамсараш ба кулбаи одиаш баргашт.
 
Таҳияи Маҳмуд МИРЗОЁН 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.10.2022    №: 202    Мутолиа карданд: 1445
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед