logo

барқияҳо

МУБОДИЛАИ БАРҚИЯҲОИ ТАБРИКӢ

22 октябр  миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба муносибати 30-солагии барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.
 
Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев омадааст:
«Муҳтарам Шавкат Миромонович!
Сиюмин солгарди барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон фурсати фараҳбахшеро фароҳам овардааст, то дар ростои ин санаи муҳим дар таърихи навини робитаҳои байни кишварҳоямон ба Шумо табрикоти гарму самимӣ ва таманниёти беҳтарини худро расонам.
Боиси хушнудист, ки дар ин давра муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон, зимни рушди пайваста дар тамоми соҳаҳои мавриди манфиати ҷонибҳо, имрӯз ба сатҳи баланди шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ расидаанд.
Мо аз ҳолати кунунии муносибатҳои барои ҷонибҳо судманди ду кишвар амиқан изҳори қаноатмандӣ карда, итминон дорем, ки ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки бар асоси усулҳои пойдори ҳамсоягии нек, эҳтиром, эътимод ва дастгирии ҳамдигарӣ бунёд ёфтаанд, минбаъд низ бо суръати афзоянда рушд намуда, ба нафъи манфиатҳои аслии ду мардуми бародар бо иқдомҳои нави созанда ғанӣ хоҳанд гардид.
Ба Шумо – Шавкат Миромоновичи азиз, сиҳатии комил, некуаҳволӣ ва комёбиҳои навин, ба мардуми дӯсти Ӯзбекистон сулҳу амонӣ ва пешрафту шукуфоии устувор орзу мекунам».
 
Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта шудааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович! Бародари азиз!
Хеле шодам, ки Шуморо – Ҷаноби Олӣ ва мардуми бародари тоҷикро ба муносибати 30-солагии барпо намудани муносибатҳои дипломатии байни Ӯзбекистону Тоҷикистон самимона табрик намоям.
Мехоҳам таъкид намоям, ки таърихи сисолаи ҳамкориҳои мо пур аз рӯйдодҳои муҳиму дурахшон буда, равобити наздику дӯстона дар ҳамаи соҳаҳо пайваста таҳким ёфтаанд, заминаи ҳуқуқӣ ва механизмҳои босамари сохтории муносибатҳои гуногунҷанба таъсис дода шудаанд. 
Мо махсусан аз он шодем, ки ҳамкориҳои миқёсан васеи байни кишварҳои мо барқарор гардида, бар пояи усули эътимод ба якдигар, эҳтироми баланд, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегӣ бо суръати баланд рушд меёбанд. 
Муҳимтар аз ҳама он аст, ки имсол, дар соли ҷашни ин санаи муҳим мо ҷиҳати ба зинаи боз ҳам баландтар, ба сатҳи ҳампаймонӣ баровардани муносибатҳоямон қарори таърихӣ қабул кардем ва якҷоя барои расидан ба ин ҳадафи воло иқдомоти амалӣ ва пойдорро роҳандозӣ менамоем.  
Муколамаи фаъоли дар сатҳи олӣ ва баланд дар руҳияи шаффофияту созандагӣ бароҳмондашуда, инчунин, механизмҳои амалкунандаи танзими муносибатҳои байнидавлативу байниҳукуматии мо ҳамчун асоси устувор барои таҳкими ҳамкориҳои судманди ҷонибҳо дар ҳамаи самтҳо хидмат карда истодаанд.
Муътақидам, ки мо минбаъд низ муносибатҳои рушдёбандаи худро дар маҷрои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ таҳким бахшида, дар роҳи шукуфоии умумии мардумонамон, ки дорои таъриху фарҳанги муштарак мебошанд, дар якҷоягӣ ба сӯи ҳадафҳои нав собитқадамона пеш меравем.
Бори дигар Шуморо – Ҷаноби Олӣ, бо ин санаи муҳим дар таърихи муносибатҳоямон табрик намуда, ба аҳли хонаводаи Шумо саломатии бардавом, саодатмандӣ ва дар фаъолияти масъулиятноки давлатиатон комёбиҳои бузург, ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳу шукуфоии доимиро таманно менамоям».
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.10.2022    №: 203    Мутолиа карданд: 1318
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед