logo

сафарҳо

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

 
ОҒОЗИ САФАРИ КОРӢ ДАР НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН 
23 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ошноӣ бо вазъи зиндагии сокинон, ифтитоҳ ва гузоштани санги асос ба чанд иншоот, шиносоӣ бо ҷамъоварии ҳосил ва истифодаи мақсадноки замин ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ташриф оварданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин майдони Нишони давлатиро бо бардоштани парда аз рӯи лавҳа мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти мазкур дар доираи тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҳисоби буҷети ноҳия ва саҳми соҳибкорон бунёд шуда, ба макони зебои сайругашт ва истироҳатӣ табдил ёфтааст.
Баландии сутуни Нишони давлатӣ 20 метр ва худи Нишони давлатӣ 1,8 метрро ташкил медиҳад. Зерсутунҳои  Нишони давлатӣ дар масоҳати 80 метри мураббаъ бо сангҳои мармари сафед оро ёфта, 130 метр деворчаҳои иҳотавӣ ва 1400 метри мураббаъ роҳравҳо сафолакпӯш шудаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳо дар бунёди майдони мазкур ва сутунпояву Нишони давлатӣ баҳои баланд доданд.
 
ГУЗОШТАНИ САНГИ АСОСИ БЕМОРХОНАИ МАРКАЗӢ 
23 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шафати майдони Нишони давлатӣ ба сохтмони маҷмааи “Модару кӯдак”, ки дар он беморхонаи марказии ноҳия бо 66 кат ва маркази саломатии ноҳиявӣ ҷойгир мешаванд, санги асос гузоштанд.
Иншооти мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар доираи тадбирҳои ободонӣ ба  истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохта мешавад.
Барои бунёду таҷҳизондани бино Бонки осиёии рушд 4 миллиону 447 ҳазор доллари ИМА, аз ҷумла барои сохтмон 3 миллиону 415 ҳазор доллар (34 миллион сомонӣ), ҷудо кардааст. Паймонкори лоиҳа ҶДММ “Иқлими соф” буда, иншооти тиббӣ аз се бахши сеошёнагӣ иборат мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар муҳлати муайянгардида ва бо сифати баланд бунёд намудани маҷмаа ба масъулин дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.
 
ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВИ МАРКАЗИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ САНИТАРӢ ВА ЭПИДЕМИОЛОГӢ 
23 октябри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани парда аз болои лавҳа бинои нави Маркази назорати давлатии санитарӣ ва эпидемиологии ноҳияи Шамсиддин Шоҳинро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои хуштарҳу замонавӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва паймонкори он ҶДММ “Ҷовидон – 2010”-и шаҳри Кӯлоб бунёд ва бо таҷҳизоти корӣ ҷиҳозонда шудааст.
Дар он 24 ҳуҷраи корӣ ва ёрирасон мавҷуд буда, барои маъмурият ва кормандон шароити мусоиди корӣ фароҳам мебошад.
Бинои нави Маркази назорати давлатии санитарӣ ва эпидемиологӣ бо шабакаи гармидиҳии мутамаркази дохилӣ васл гардида, системаи корезиаш низ дохилист.
Дар ошёнаи якуми бино озмоишгоҳҳои бактериологӣ ва химиявӣ мавҷуданд, ки бо истифода аз дастгоҳҳои ИФА ва мушаххаскунандаи миқдори нитрат дар маҳсулоти полизӣ, заррабин, дастгоҳи махсус ва ҷевони тамйизгардонӣ ба воситаи ҳавои хушк фаъолнокии маводҳои безараргардонӣ, муайян намудани равшании дохили биноҳо, муайян намудани барангезандаҳои бемориҳои сироятӣ, аз қабили домана, исҳоли хунин, бемориҳои шадиди меъдаю рӯда, таркиби шири модар, буғумдард ва ғайра мушаххас карда мешавад.
Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои мазкур, барои сокинони ноҳия имкон фароҳам омад, ки минбаъд барои мушаххассозии бемориҳо ба маркази вилоят нарафта, дар ҳамин ҷо аз ташхиси бемориҳои сироятӣ гузашта, маслиҳати табибонро барои табобати саривақтии беморӣ дарёфт намоянд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни шиносоӣ аз шароити марказ, аз пешниҳоди сатҳи баланди хизматрасонӣ, ки тавассути дастгоҳу таҷҳизоти муосир амалӣ мешаванд, изҳори қаноатмандӣ намуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани кору хизматрасонӣ ба масъулин дастуру ҳидоятҳо доданд.
 
БИНОИ КУМИТАИ ИДОРАИ ЗАМИН 
23 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бинои кумитаи идораи заминро ифтитоҳ намуда, бо шароити кории он шинос шуданд.
Бино дар доираи тадбирҳои ободонӣ ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо тарҳи зебо ва замонавӣ бунёд гардида, аз ду ошёна, даҳ ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ бо 40 ҷойи нишаст ва ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.
Сохтмони иншооти мазкур соли 2021 оғоз ёфта, дар он 20 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин гаштанд.
Дар ошёнаи якуми бино барои кормандони идораи замин ва мутахассисони корхонаи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ҳуҷраҳои корӣ ҷой гирифта, ҳамаи онҳо бо мизу курсӣ ва лавозимоти зарурӣ таъминанд.
Қаблан, кормандони кумитаи идораи замин бо сабаби набудани бинои алоҳида фаъолиятро дар иншооти куҳна пеш мебурданд. Акнун, бо анҷоми тадбирҳои ободонӣ мушкилоти мавҷуда роҳи ҳалли худро пайдо намуд ва шароити хуби корӣ барои мутахассисон муҳайё шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, масъулону кормандони соҳаро барои анҷоми хизматрасониҳои босифату сатҳи баланд вазифадор намуданд.
 
МАРКАЗИ ТАЪМИНОТИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРӢ 
23 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Шуроободи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бинои Маркази таъминоти бехатарии озуқавориро мавриди истифода қарор доданд.
Марказ бо дастгирӣ ва супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҷиҳати ҳифзи солимии ҷомеа, таъмини бехатарии озуқаворӣ, рушди соҳаи чорводорӣ ва фароҳам сохтани шароити арзандаи корӣ бунёд ёфтааст.
Бино сеқабата буда, дар ошёнаи якум барои ташхиси маҳсулоти гӯштию ширӣ ва меваҷоту сабзавот озмоишгоҳ ва ҳуҷраҳои корӣ ҷойгиранд, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ таъмин мебошанд.
Дар ошёнаи якум ва дуюми бинои навтаъсис даҳ ҳуҷраи корӣ, дар ошёнаи 3-юм маҷлисгоҳ бо 40 ҷойи нишаст ва меҳмонхонаи замонавӣ сохта шудааст.
Зимни шиносоӣ бо шароити иншооти муосир, ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бунёди бинои муосири хизматрасонӣ ва ташкили озмоишгоҳи замонавӣ барои кормандон имконият фароҳам месозад, ки онҳо донишу малакаи худро баҳри таъмини бехатарии озуқаворӣ,  пешгирӣ аз ҳар гуна касалиҳои сироятӣ ва ҳифзи солимии ҷомеа равона созанд. 
 
БОЗДИД АЗ БОҒИ ИНТЕНСИВИИ “БОБОИ ШАМС” 
23 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз боғи интенсивии “Бобои Шамс” дидан намуданд.
Боғ дар доираи татбиқи ҳадафи стратегии мамлакат – таъмини амнияти озуқавории кишвар бунёд шуда, хоҷагидорон бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ва риояи қоидаҳои агротехникӣ ҳамасола ҳосили баланд ба даст оварда, дар баробари таъмини аҳолии ноҳия бо меваҳои хушсифат ба хориҷи мамлакат низ, содирот менамоянд. Боғи интенсивии “Бобои Шамс” дар деҳоти Шуроободи ноҳия ҷойгир буда,  дар масоҳати 2,4 гектар замин бунёд ёфтааст. Дар он 2 ҳазору 350 дарахти мевадиҳандаи интенсивӣ парвариш мешавад.
Боғ тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси бобои Шамс дар самти истифодаи самараноки замин соли 2019 бунёд гардида, соли сеюм аст, ки ба ҳосил даромадааст. Парвариши дарахтон бо тарзи қатрагӣ сурат мегирад, ки дар таҷрибаи ҷаҳонӣ пешқадамтарин дониста мешавад. 
Бо мақсади истифодаи самараноки замин, саҳмдорон дар байни қатори дарахтон сабзавот коридаанд, ки майдони 0,2 гектарро дар бар мегирад. Ҷиҳати нигоҳдории беталафи меваву сабзавот, масъулини хоҷагӣ ба бунёди сардхона бо ғунҷоиши 250 тонна оғоз намуданд, ки минбаъд ҳосили боғ дар он ба муддати дароз нигоҳдорӣ мегардад.
Сарвари давлат ба фаъолияти назарраси хоҷагидорон баҳои баланд дода, ҷиҳати боз ҳам самаранок истифода намудани замин, ки кафили таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад, дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.
Пас аз боздиди боғи интенсивӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷашни Меҳргон, ки дар боғи мазкур баргузор гардид, иштирок намуданд.
Меҳргон яке аз ҷашнҳои куҳантарини мардуми ориёнажод буда, ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва ибтикори Пешвои миллат дар Тоҷикистон дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифта мешавад. Таҷлили расмии Ҷашни мазкур далели он аст, ки дар Тоҷикистон ба арзишҳои гузаштаи фарҳангӣ арҷ мегузоранд. Меҳргон Ҷашни ҷамъоварии ҳосил, фаровонӣ, шодиву нишот, дӯстиву рафоқат ва меҳру садоқат аст.
Дар ҷашнгоҳ аҳли заҳмат дастранҷи худро, аз қабили меваву сабзавот, ғалладонагӣ, полизӣ ва ғайра ба намоиш гузоштанд. Дар намоишгоҳ деҳқонон дастовардҳои кишоварзии худро дар шаклҳои хеле ҳам ҷолибу диданӣ, аз қабили манораҳо аз меваву сабзавот ва ғалладонагиҳо, манзури иштирокчиён намуданд.
Пешвои миллат, зимни боздид аз намоишгоҳ, ба масъулин ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фаъолият, гирифтани чанд ҳосил аз як замин ва дар ин баробар, таъмини амнияти озуқаворӣ дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.
 
БУНЁДИ ПУЛИ МОШИНГУЗАР 
23 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи байналмилалии Кӯлоб – Шамсиддин Шоҳин пули мошингузарро мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти мазкур дар асоси лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди “Кӯлоб қитъаи А”, “Кӯлоб – Шамсиддин Шоҳин” бо фармоиши Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби паймонкори асосӣ филиали ҶДММ “Муҳандиси сохтмонии Синтзян” бо сатҳу сифати баланд сохта шуд. Мувофиқи маълумоти сохтмончиён, дарозии пул 140 ва паҳноияш 10 метр буда, иқтидори борбардории он 100 тонна мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори сохтмончиёну роҳсозон баҳои баланд доданд. Пули мазкур ҳамчун қисми таркибии сохтмони роҳи байналмилалии Душанбе – Кӯлоб – Қалъаихумб – Хоруғ – Кулма ба шумор рафта, дар доираи дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат бо мақсади раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ амалӣ гашта, монеа ва мушкилоти мавҷударо дар рафтуомади нақлиёт бартараф месозад. Бунёди роҳу пулҳо, пеш аз ҳама, ба таъмини рафтуомади бемамонияти мусофирон, ҳамлу нақли молу маҳсулот ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон замина фароҳам меорад.
Ёдовар мешавем, ки 11 сентябри соли 2019 дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба сохтмони роҳи мошингарди Кӯлоб – Қалъаихумб, дар қитъаи “А”, ки шаҳри Кӯлобро бо ноҳияи Шамсиддин Шоҳин мепайвандад, оғоз бахшиданд.
5 октябри соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи автомобилгарди Кӯлоб – Шамсиддин Шоҳинро ифтитоҳ карданд.
Роҳи автомобилгарди Кӯлоб – Шамсиддин Шоҳин дар ҷануби мамлакат ҷойгир буда, шаҳри Душанберо бо шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Муъминобод ва Шамсиддин Шоҳин наздик сохта, яке аз дарвозаҳои асосӣ барои пайваст намудани Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин тавассути Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.
Дар шоҳроҳ се пул мавҷуд буда, дутои он навсозӣ ва дар километри 23-юми роҳ дар мавзеи бар асари офати табиӣ харобгардида пули нав бунёд шуд.
То имрӯз рафтуомади воситаҳои нақлиёт бо роҳи муваққатӣ сурат мегирифт, ки он хароҷоти иловагӣ ва вақти зиёдро талаб менамуд. Бахусус, дар мавсими тирамоҳу зимистон дар ин қитъаи роҳ ҳаракати ҳамаи намудҳои воситаи нақлиёт мушкил буд.
Ҳангоми сохтмони пул, аз тарафи мутахассисони роҳсоз лӯлаҳои обгузар васл шуда, корҳо дар самти бунёди такядеворҳои оҳанубетонӣ, мумфаршкунии қабатҳои алоҳидаи роҳ бо сифати баланд ба анҷом расиданд.
Меъёрҳо ва қоидаҳои сохтмони роҳ ба дараҷаи сеюми техникӣ дохил гардида, аз ду хатти ҳаракат иборат буда, паҳноии он 12 метр мебошад ва паҳноии қисмати роҳи мошингард бошад, 7 метрро ташкил медиҳад. Аз ду тарафи он канораҳои роҳ ба 2,5 метр баробар буда, мувофиқи меъёрҳои сохтмонӣ аз километри 6-ум то километри 21-ум бо назардошти нишебии тулонии роҳ ва таъмини ҳаракати бехатари нақлиёт се хатти ҳаракат ба назар гирифта шудааст. Дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб паҳноии роҳ 21 метр мебошад.
Барои таъмини бехатарӣ дар роҳ сохтмони деворҳои муҳофизатӣ, пиёдароҳҳо, равшаннамоии минтақаҳои аҳолинишин, бунёди канорасангҳо, насби аломатҳои роҳ ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ба анҷом расид. Дар сохтмону навсозии роҳ ва пули мазкур беш аз 90 дарсад коргарони маҳаллӣ бо кор таъмин гардиданд. Ҳамчунин, дар шафати роҳ дигар инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла хонаи модару кӯдак, бунёд ёфт.
Шоҳроҳи автомобилгарди Кӯлоб – Қалъаихумб, қитъаи “А”, Кӯлоб – Шамсиддини Шоҳин яке аз роҳҳои муосири ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳонӣ мувофиқ аст. Бо натиҷагарӣ аз ин бунёдкориҳо, метавон гуфт, ки сиёсати роҳсозии роҳбарияти олии мамлакат марҳила ба марҳила самар меорад ва дар ин самт қадамҳои устувору қатъӣ гузошта шуданд.
Танҳо давоми солҳои охир бо талошҳои хастагинопазири Роҳбари давлат дар шаш марҳила таҷдиди роҳи мошингарди Кӯлоб –Қалъаихумб бо сифати баланд анҷом ёфт. Дар натиҷа, зиёда аз 170 километр масири мошингард дар ин самти ҳаракат ба стандартҳои ҷаҳонии роҳсозӣ мутобиқ гардид. Дар умум, навсозии бештар аз 58 километри ҳамин қитъа тавассути Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе – Чанак бо ҷалби шарикони рушд сомон дода шуд. Дар ин масир, ки масофаи он 32 километрро ташкил медиҳад, барои таъмини бехатарии воситаҳои нақлиёту пиёдагардон 1302 аломати роҳ насб гардида, дар масофаи 22 километри он корҳои чароғонкунӣ анҷом ёфтаанд, ки шабонгоҳ ин масирро зебову назаррабо менамоянд. Бахусус, дар қисматҳои аҳолинишини деҳоти Шурообод ва Доғистони ноҳияи Шамсидин Шоҳин, се деҳаи деҳоти Балхобии ноҳияи Муъминобод ва маҳаллаи Вализодаи шаҳри Кӯлоб шомгоҳон имконоти хуб барои гаштугузори сокинон фароҳам мебошад.
Ба истифода додани пули мошингузар, дар баробари аз шароити замонавию бехатар баҳравар шудани ронандагону мусофирон барои ҳаракат, ҳамзамон, боиси 2 километр кӯтоҳ шудани роҳ гардид. Таҷдиди роҳ ва пул бо ташаббус ва талошҳои созандаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, ҳамарӯза тариқи он ронандагону мусофирон ва сайёҳони зиёде сафар мекунанд. Ҳамзамон, тавассути роҳ содироту воридоти молу маҳсулот сурат мегирад.
Бунёди роҳ аҳамияти бузурги иқтисодию иҷтимоӣ дошта, дар рушди иқтисодиёти мамлакат ва, ба ин васила, беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ заминаи устувор мегузорад.
 
БИНОИ НАВИ КУМИТАИ ИДОРАИ ЗАМИНИ  МИНТАҚАИ КӮЛОБ
23 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварданд.
Нахуст, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии кумитаи идораи замини минтақаи Кӯлобро ифтитоҳ намуданд. Он чорошёна буда, аз 19 ҳуҷра, маҷлисгоҳ барои 100 ҷойи нишаст ва меҳмонхона иборат мебошад. Сохтмони иншоот соли 2020 оғоз гардида, ҳоло бо сифати баланд ба анҷом расид.
Дар иншооти замонавӣ барои пешбурди фаъолияти хизматӣ ба кормандони кумитаи идораи замини минтақаи Кӯлоб, кумитаи идораи замини шаҳри Кӯлоб ва Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқули шаҳри Кӯлоб» шароити замонавӣ фароҳам омад.
Бинои хуштарҳу муосир дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз тарафи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандону мутахассисони соҳа супориш доданд, ки, дар заминаи шароити фароҳамшуда, ба мардум дар сатҳи баланд хизмат расонанд.
 
ЗИЁРАТИ ОРОМГОҲИ ОЛИМ ВА ФАЙЛАСУФИ ШАРҚ  МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ
23 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон бо нишони эҳтирому қадршиносӣ ва арҷгузорӣ ба орифону фарзандони барӯманди халқи тоҷик дар шаҳри Кӯлоб оромгоҳи олим ва файласуфи шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат карда, барои бақои давлату миллат, осудагии мардуми мамлакат, ободии Ватан ва пойдории сулҳу суботи сарзамин дуову фотиҳа намуданд.
 
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ “ТАШАККУЛ ВА РУШДИ  СОҲИБКОРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ”
23 октябр дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон” дар шаҳри Кӯлоб оғоз бахшиданд.
Дар иншооти нав, бо назардошти талаботи замони муосир, барои омода кардани шаҳрвандон ҷиҳати фаъолият дар бахши хусусӣ тамоми шароит фароҳам омадааст.
Бино дорои 16 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ, ду синфхонаи компютерӣ, ҳуҷраи дӯзандагӣ, кошонаи ҳусн барои духтарон ва писарон мебошад.
Ташаккули соҳибкорӣ маҳорати баланд, ихтисосмандӣ ва донишҳои муосирро талаб мекунад. Бо назардошти ҳамин, дар доираи мизҳои мудаввар, мастер-классҳо, экспресс-курсҳо шаҳрвандон ба омӯзиши касбҳои мӯйисартарошӣ, қаннодӣ, дӯзандагӣ ва компютерӣ фаро гирифта мешаванд. Тадбирҳои омӯзиши ройгон сурат гирифта, хоҳишмандон имконият доранд, ки донишҳои худро дар самти бахши хусусӣ тақвият бахшида, фаъолияти соҳибкории худро ташкилу таҳким бахшанд.
Дар курсҳои дӯзандагӣ давоми ду моҳ даҳ нафар соҳибкасб мешаванд. Дар курсҳои мӯйисартарошӣ ва ороиши рӯю мӯй бошад, давоми як моҳ омӯзиш сурат мегирад.  
Дар Тоҷикистон барои татбиқи ғояҳои соҳибкорӣ имконият зиёд аст ва ба омӯзиш фаро гирифтани шаҳрвандон аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб метавонад барои афзун шудани муваффақият ҷиҳати амалӣ гардидани нақшаҳои намояндагони бахши хусусӣ мусоидат намояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо ёдоварӣ аз саҳми бахши хусусӣ дар рушди иқтисоди миллӣ, масъулинро барои истифодаи пурраи имконияти фароҳамшуда ва омода кардани шаҳрвандон ҷиҳати фаъолият дар бахши хусусӣ вазифадор карданд.
 
КОЛЛЕҶИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИННОВАТСИОНӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ
23 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Ҳаким Неъматови шаҳри Кӯлоб бинои Коллеҷи технологияҳои инноватсионӣ ва иттилоотӣ-коммуникатсиониро баъди таъмиру навсозӣ мавриди истифода қарор доданд.
Он ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ  аз ҷониби соҳибкори ватанӣ  дар заминаи бинои алоқаи шаҳри Кӯлоб таъсис ёфт.
Сохтмони иншоот аз ҷониби мутахассисони ҶДММ “Комил – 2010” соли 2021 оғоз гардида, дар муҳлати пешбинишуда бо сифати баланд ва ба талаботи замони ҳозира ба истифода дода шуд. Дар рафти сохтмон зиёда аз 20 сокини маҳаллӣ бо кори муваққатӣ таъмин гардиданд.
Коллеҷи технологияҳои инноватсионӣ ва иттилоотӣ-коммуникатсионии шаҳри Кӯлоб барои 460 донишҷӯ пешбинӣ шуда, дорои шароити муосири илмомӯзӣ мебошад.
Иншооти мазкур аз синфхонаҳои компютерӣ, электронӣ, маҷлисгоҳ, китобхона, лаборатория ва синфхонаҳои дарсӣ иборат буда, барои донишҷӯён шароиту имконоти муосири аз худ кардани технологияҳои пешрафта муҳайё шудааст. Дар муассисаи нави таълимӣ кафедраҳои технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва радиоалоқа амал карда, аз рӯи ихтисосҳои равияи техникӣ ва алоқа мутахассисон омода мешаванд.
Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки дар Коллеҷи технологияҳои инноватсионӣ ва иттилоотӣ-коммуникатсионии шаҳри Кӯлоб донишҷӯёне, ки баъди хатми синфи 9 ва 11 қабул мешаванд, аз рӯи 13 ихтисос касбу ҳунар меомӯзанд.
 
БИНОИ БАЛАНДОШЁНАИ ИСТИҚОМАТӢ 
Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳр бинои баландошёнаи истиқоматиро мавриди истифода қарор доданд.
Он аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Бобохон Насимов дар муддати се сол ҷавобгӯ ба талаботи меъморию шаҳрсозии муосир бунёд гардид. Бино нуҳошёна буда, дар ошёнаи якуми он маркази савдою хизматрасонӣ ҷой мегирад ва дар ҳашт ошёнаи дигар 40 ҳуҷра мебошад.
Иншоот дар асоси лоиҳаи омоданамудаи ҶДММ “Идриси Ҷаҳон” аз ҷониби паймонкор ҶДММ “Насим сохтмон” бо истифода аз масолеҳи хушсифати ватанӣ сохта шудааст. Вобаста ба талаботи замони муосир, дар қисмати берунии бино таҷҳизоти каммасрафи равшанидиҳанда насб гаштааст, ки шабонгоҳ бо рангҳои гуногун ба зебоии шаҳр ҳусни дигар зам мекунад. Гирду атроф ва ҳавлии бино сафолакпӯш гардида, дар рафти сохтмон беш аз 20 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани бино, 40 оила дар маркази шаҳр соҳиби манзили зист шуд.
Дар ошёнаи якуми бино Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 68 ятим аз шаҳрҳои Кӯлоб, Норак ва ноҳияи Шамсиддин Шоҳин мулоқот намуданд. Президенти мамлакат кӯдакону наврасони ятимро, ки дар таъминоти давлату Ҳукумат мебошанд, ба омӯзиши амиқи илму фан ва касбу кори гуногун ҳидоят намуданд.
Барои кӯдакони ятиму бепарастор дастархони пурнозу неъмат густурда шуда, аз ҷониби Сарвари давлат ба ҳар яки онҳо туҳфаҳо тақдим гардид.
 
БА ИСТИФОДА ДОДАНИ МАҶМААИ “ДУОИ МОДАР” 
23 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб маҷмааи “Дуои Модар”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Маҷмааи “Дуои Модар” дар даромадгоҳи шаҳри Кӯлоб, дар масоҳати наздики 1 гектар бунёд ёфта, ба макони зебову назаррабо ва ҷойи қабул ва гусели меҳмонон табдил дода шудааст. Дар маркази маҷмаа муҷассамаи Модар дар шакли “болои кат даст ба дуо бардошта” сохта шудааст. Дар фарҳанги мардуми тоҷик дуои Модар рамзи ҳифзу амонӣ, сабзишу пешрафт ва комёбиву муваффақиятҳо дониста мешавад.   
Пасманзари муҷассамаро асари бадеии монументалӣ дар васфи Модар зеб медиҳад. Ин асар аз шаш қисм иборат аст ва ҳар яки он заҳмату талошҳои шабонарӯзии Модар баҳри тарбия ва ба камол расондани фарзандро инъикос мекунад. Ҳамзамон, дар ин асар расму оин ва рӯзгору пайкори мардуми тоҷик таҷассум ёфтааст.
Муҷассамаи “Дуои Модар” ва асари бадеии монументалӣ дар васфи Модар аз ҷониби ҳайкалтарошони маҳаллӣ, ки аъзои Иттифоқи рассомони Тоҷикистон мебошанд, бунёд гашт. 
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳои худ азамату бузургии Модарро васф карда, дар ситоиши Модар фармудаанд: “Зан-Модар ибтидои ҳастии башарият, мабдаи меҳру вафо ва рамзи муҳаббату садоқат мебошад”.
Лоиҳаи иншоот аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии “Лоиҳакаш”-и шаҳри Кӯлоб таҳия шуд. Фармоишгари иншоот идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб буда, паймонкор ҶДММ “Паргор” мебошад. 
Дар ҳудуди маҷмаа фаввораҳо сохта шуда, чароғҳои замонавӣ насб гардидаанд. Атрофи муҷассамаи Модар бо гулу буттаҳо ва дарахтони ороишӣ сабзкорӣ шуда, роҳравҳо сафолакпӯш гаштаанд. 
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони маҷмааи “Дуои Модар”-ро дар даромадгоҳи шаҳр иқдоми шоистаи таҳсин хонда, ба тамоми дастандаркорон изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
 
МУЛОҚОТ БО СОБИҚАДОРОНУ ФАЪОЛОН
23 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб бо собиқадорону фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр мулоқот ва суҳбати самимӣ доир намуданд.
Дар оғоз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдому ташаббусҳои сокинони шаҳри Кӯлоб барои дастгирӣ аз сиёсати созандаи роҳбарияти олии мамлакат баҳои баланд доданд.
Президенти мамлакат собиқадоронро ҷиҳати саҳмгузорӣ дар таълиму тарбияи насли наврас, тарғиби сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳидоят карданд.
Бо дарназардошти авзои имрӯзаи ҷомеаи байналмилалӣ, таъкид гардид, ки, бо истифода аз шароит ва иқлими мувофиқи шаҳр, сокинон бояд ҳамасола дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми шоён гузоранд. 
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” сокинонро ҷиҳати тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ва касбу ҳунардӯстӣ ҳидоят намуданд.
Риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро омили муҳим дар самти пешгирӣ аз исрофкорию харҷи беҳуда маънидод шуд.
Собиқадорони шаҳри Кӯлоб дар навбати худ ба Пешвои муаззами миллат ҷиҳати таъмини зиндагии шоиста, ғамхорӣ ба ҳамаи табақаҳои ҷомеа, бахусус барҷомондагону собиқадорон, изҳори сипос карданд.
 
КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРИИ МУРҒИ ГӮШТИИ ҶДММ “СУВАЙБА – 2014” 
Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи аввали фабрикаи парандапарварии мурғи гӯштии ҶДММ “Сувайба – 2014”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхонаи парандапарварӣ дар марҳилаи аввал парвариши 12 ҳазору 500 сар чӯҷаро ба роҳ мондааст ва барои нигоҳубини дурусти онҳо шароити зарурӣ фароҳам овардаанд. Коргоҳ, мутобиқи талабот, бо системаи муосири таъминоти гармӣ ва таҷҳизоти автоматии хӯроктақсимкунӣ муҷаҳҳаз буда, тибқи реҷаи муқарраргардида, парандаҳо бо хӯроку об таъмин мешаванд. Боиси зикр аст, ки хӯроки парандаҳо дар коргоҳи нав истеҳсолоти корхонаҳои ватанӣ мебошад.
Дар коргоҳи парандапарварии “Сувайба – 2014” парвариши чӯҷаҳои навъи “Бройлер” роҳандозӣ шуда, мувофиқи баҳогузории мутахассисон, он барои истеҳсоли гӯшти хушсифати парҳезӣ мувофиқ аст.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар марҳилаи аввали фаъолият корхона имконият дорад, ки дар як сол 150 тонна гӯшт истеҳсол намуда, ин нишондод бо ба истифода додани марҳилаҳои баъдӣ меафзояд.
Фермаи парандапарварии мурғи гӯштии “Сувайба – 2014” дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ба хотири таъмини бозорҳои мамлакат бо гӯшти парҳезии истеҳсоли худӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Амрохон Чориев бунёд гардида, таъминоти аҳолиро бо ин навъи маҳсулот боз ҳам беҳтар менамояд.
    Ҳоло дар давраи аввал наздик ба 20 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб гардид.
Зимни муаррифии лоиҳаи марҳилаҳои баъдии корхонаи парандапарварӣ иттилоъ дода шуд, ки ҳам шумораи ҷойҳои кор, ҳам ҳаҷми истеҳсоли гӯшт бештар мешаванд.
То соли 2023 шумораи фермаҳои парандапарварӣ дар корхона ба чорто расида, истеҳоли гӯшти парҳезӣ дар як сол ба 600 тонна баробар мегардад. Ба ин васила, саршумори чӯҷа дар корхонаи “Сувайба – 2014” то 50 ҳазор сарро ташкил хоҳад дод.
Айни замон корҳои сохтмонӣ дар бинои забҳхона ва яхдони нигоҳдории маҳсулоти тайёр анҷом ёфта, васлу насби дастгоҳҳои корӣ, ки аз ширкатҳои маъруфи хориҷӣ харида шудаанд, бомаром идома доранд.
Дар саҳни иншооти нав намоиши маҳсулоти бахши парандапарварии шаҳри Кӯлоб доир шуд, ки аз рушди соҳаи мазкур дар шаҳр гувоҳӣ медиҳад. Дар ин ҷо гӯшти паранда, тухм, маҳсулоти аз гӯшти парҳезии мурғ омодагардида ва намунаи дастгоҳу таҷҳизоте, ки дар корхонаҳои парандапарварӣ насб гардидаанд, ба намоиш гузошта шуданд.
 
ИФТИТОҲИ МТМУ № 47 ВА ГУЗОШТАНИ САНГИ АСОС БАРОИ БУНЁДИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ
23 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 47-ро ифтитоҳ карданд.
 
Мактаби нав барои 528 нафар дар ду баст пешбинӣ гардида, масоҳати замини иншоот 2,5 гектарро ташкил медиҳад. Сохтмони он моҳи апрели соли 2021 оғоз ёфта, бино аз ду ошёна, даҳ синфхона ва кабинети фаннӣ иборат аст. Синфхонаи компютерӣ дорои 25 компютер ва тахтаи электронӣ мебошад.
Бояд гуфт, ки санги асоси сохтмони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 47, воқеъ дар деҳоти Зарбдори деҳаи Гулистон, аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шудааст.
Фармоишгари иншоот Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаи сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо” буда, дар рафти сохтмон 50 нафар бо кори муваққатӣ таъмин гардид.
Мактаб барои дар фасли сармо бо гармӣ таъмин кардани синфхонаҳо дегхона, ҳавзи нигоҳдории об бар зидди сӯхтор дар ҳаҷми 50 метри мукааб, анбор барои нигоҳдории сӯзишворӣ, зеристгоҳи барқӣ, майдонча барои бозии футбол, баскетбол ва волейбол дорад.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки Муассиса дар доираи иқдомҳои созанда ва пуштибонӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мувофиқ ба талаботи замони муосир бунёд шуд.
Сарвари давлат ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хонандагони ин даргоҳи илму маърифат суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, онҳоро ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва технологияи компютерӣ ҳидоят намуданд.
Баъди ба истифода додани бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 47 дар деҳоти Зарбдори шаҳри Кӯлоб мушкилоти ҷойи нишаст бартараф гардид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзгоронро ба беҳтар намудани сифати таълиму тарбия, дар замири хонандагон тақвият бахшидани ҳисси ватандорию ватандӯстӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддуни халқ ва муқаддасоти миллӣ ва ба роҳ мондани робитаи зич бо падару модарон ҳидоят карданд.
Устодон бо изҳори сипос ба ғамхориҳои беназири Сарвари маорифпарвари мамлакат, иброз доштанд, ки бо фароҳам гардидани чунин шароити муосир дар таълиму тарбияи хонандагон дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ саҳми бештар хоҳанд гузошт.
Пас аз ифтитоҳи бино ва суҳбат бо омӯзгорон, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни ҳавлии Муассиса баъди шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди иншооти нави таълимӣ дар қитъаи замини муассисаи мазкур барои корҳои сохтмонӣ дар бинои нави мактаб барои 1240 ҷой дар ду баст, ошхона, толори варзиш, маҷлисгоҳ ва дигар иншоотҳои ёрирасон оғоз бахшиданд.
Бинои нави таълимӣ аз 26 синфхона, толори варзиш бо 100 ҷойи нишасту таҷҳизоти зарурӣ, ошхона, китобхона, лаборатория бо тамоми таҷҳизот ва ҳуҷраҳои ёрирасон иборат хоҳад буд.
Мавриди зикри хос аст, ки ба шарофати соҳибистиқлолӣ, ваҳдати комили сартосарӣ ва ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф рушд карда, ба яке аз самтҳои афзалиятнок ва пешбарандаи ҷомеа табдил ёфтааст.
 
МАРКАЗИ АДЛИЯ ДАР ШАҲРИ НОРАК СОҲИБИ БИНОИ НАВ ШУД
24 октябр сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон идома ёфт.
 
 Дар шаҳри Норак нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Маркази адлияро ба истифода супурданд. Бино бо тарҳи меъмории миллӣ ва унсурҳои муосири шаҳрсозӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Вазорати адлия ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шуда, аз таҳхона ва 4 ошёна иборат аст.  
Дар ошёнаи якум равзанаи ягона, китобхона ва толори ақди никоҳ ҷойгир мебошанд. Дар равзанаи ягона дастгоҳу таҷҳизоти иттилоотии рақамӣ васлу насб гардидаанд, ки мутахассисон бо истифода аз низоми электронӣ ҳамаи дархосту муроҷиати шаҳрвандонро дар фурсати кӯтоҳ шаффофу босифат иҷро менамоянд.
Дар китобхона асарҳои Пешвои миллат, теъдоди зиёди осори назмию насрии адибони маъруфи тоҷик, адабиёти ҳуқуқӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дастурҳои соҳавӣ мавҷуданд, ки аз ин махзани илму маърифат кормандони мақомоти адлия ва сокинони шаҳр метавонанд баҳра бардоранд. Толори ақди никоҳ барҳаво буда, вобаста ба маросими баргузоршаванда оро дода шудааст. Дар толори мазкур барои қайди ақди никоҳи навхонадорон шароити муосир фароҳам мебошад.
Дар ошёнаи дуюми бино ҳуҷраҳои корӣ барои кормандони Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дар ошёнаи сеюм ҳуҷраҳои кории Идораи нотариалии давлатӣ, Муассисаи давлатии “Маркази ёрии ҳуқуқӣ” ва Нозироти корҳои ислоҳии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар шаҳри Норак ҷойгир мебошанд. Дар ошёнаи чорум меҳмонхонаи замонавие муҷаҳҳаз гаштаасту бо 4 ҳуҷраи барҳаво барои 8 нафар пешбинӣ гардидааст. Ҳуҷраҳои меҳмонхона стандартӣ ва люкс буда, дорои шароити ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ мебошад.
 Дар таҳхонаи иншоот бойгонии Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва Идораи нотариалии давлатӣ ҷойгир аст. Дар бойгонӣ китобҳои сабти аснод ва дигар ҳуҷҷатҳои муҳим дар шароити зарурӣ нигаҳдорӣ мешаванд. Дар умум, дар бинои Маркази адлияи шаҳри Норак 12 ҳуҷраи корӣ бо тамоми шароити зарурӣ, лифт ва ҳуҷраҳои техникию ёрирасон мавҷуданд.
Аснои шиносоӣ бо имкониятҳои фароҳамгардида дар бинои мазкур Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз иҷрои корҳои сохтмонӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки бо истифода аз шароити арзандаи корӣ кормандону мутахассисони мақомоти адлия бояд дар самти амалисозии босамари стратегияву барномаҳои давлатӣ, хизматрасониҳои саривақтиву босифат ба аҳолӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва тарғибу ташвиқи одобу маърифати оиладорӣ аз ҳарвақта дида бештар фаъолият намоянд.
Иншооти хуштарҳи навбунёд ҳамчун туҳфаи арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони мақомоти адлия дар шаҳри Норак ба ҳисоб меравад.
 
КОРГОҲҲОИ ИСТЕҲСОЛИИ ҶДММ “НУРСОЗ” ДАР ШАҲРИ НОРАК
24 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак коргоҳҳои истеҳсолии варақаҳои гаҷӣ (гаҷкартон), сангҳои ороишӣ ва маҳсулоти сохтмонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нурсоз”-ро мавриди истифода қарор доданд.
 
Коргоҳҳои нави истеҳсолӣ дар шаҳри Норак дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, Солҳои рушди саноат (2022 – 2026) ва ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми соҳибкорони ватанӣ, бародарон Табаровҳо бунёд гардидаанд.
Бо таъсиси коргоҳҳои нави истеҳсолӣ зиёда аз 100 нафар сокини шаҳр, аз ҷумла занону духтарони хонашини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гаштанд.
Дар коргоҳи истеҳсоли варақаҳои гаҷӣ бо истифода аз дастгоҳу технологияи давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон имкон аст, ки дар як шабонарӯз 6 ҳазор ва дар як сол 2 миллион метри мураббаъ масолеҳи баландсифати сохтмонӣ дар асоси талаботи байналмилалӣ омода шавад.
Ба иттилои масъулон, оянда бо боло бардоштани иқтидори истеҳсолӣ ин нишондод дар як сол то ба 3 миллион метри мураббаъ варақаҳои гаҷӣ хоҳад расид.
Технология ва хатҳои истеҳсолии коргоҳ аз кишварҳои мутараққии дунё ворид шуда, аз ҷониби мутахассисони ватанӣ васлу насб гардида, идора карда мешаванд. Ашёи хом барои истеҳсоли варақаҳои гаҷӣ, асосан, маҳсулоти табиии маҳаллӣ мебошанд.
Маҳсулоти истеҳсолии коргоҳи муосири навбунёд бо назардошти истифодаи ашёи табиӣ, ба саломатӣ безарар буда, ивазкунандаи воридот мебошад. Варақаҳои гаҷӣ дар марҳилаи аввал бо андозаи 1,20 ба 2,5 метр ва ғафсии 9,5 миллиметр истеҳсол мешаванд, ки, асосан, барои сақфи иншооти гуногун пешбинӣ гардидаанд.
Фаъолияти коргоҳи сангҳои ороишӣ дар назди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нурсоз” бо истифода аз технологияи насли нав ва коркарди ашёи хоми худӣ ба роҳ монда шуда, маҳсулоти аълосифат омода мегардад.
Таҷҳизоти коркарди сангҳои ороишӣ рақамии ҳозиразамон буда, мутахассисони варзидаи ватанӣ бо истифода аз сангҳои табиии кӯҳҳои шаҳри Норак ва ноҳияи Файзобод се навъ маҳсулоти ороишӣ, аз ҷумла кабуд, сафед ва сурхро бо риояи меъёрҳои ҷаҳонӣ омода мекунанд. Маҳсулоти ниҳоии коргоҳ аз лиҳози сифат мустаҳкаму устувор буда, ба саломатӣ безарар мебошад.
Дар коргоҳи сангҳои ороишии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нурсоз” имкон аст, ки бо суфтакунӣ ва коркарди 1000 метри мукааб сангҳои табиӣ дар як сол 8 ҳазор метри мураббаъ маҳсулоти ороишӣ барои девору роҳрав ва гулгаштҳо омода шавад.
Коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ дар назди Корхонаи “Нурсоз” бо назардошти қонеъ сохтани талаботи дохилӣ бунёд гардида, дар он истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба роҳ монда шудааст.
Дар ин коргоҳ, асосан, истеҳсоли ширеш, шпаклёвка, ротбанд ва гаҷ бо истифода аз имконоти мавҷуда бо мақсади таъмини бозорҳои дохилӣ амалӣ мегардад. Иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як сол 800 тонна маҳсулоти босифати сохтмонӣ мебошад. Барои кормандони муҳандисию техникӣ бинои маъмурӣ бо ҳуҷраҳои корӣ ва ошхона бо 25 ҷойи нишаст низ сохтаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорони ватаниро дар самти бунёди коргоҳҳои нави истеҳсолӣ бо мақсади коркарди ашёи хоми ватанӣ то марҳилаи ниҳоӣ шоёни таҳсин ва намуна арзёбӣ карда, бо назардошти зиёд будани талабот ба чунин навъи маҳсулоти сохтмонӣ дар мамлакат, ба масъулони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нурсоз” барои боз ҳам афзоиш додани ҳаҷми истеҳсолот маслиҳатҳои судманд доданд.
 
ФАЪОЛГАРДОНИИ КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛИ МИКРОСЕМЕНТ ДАР НАЗДИ ҶСП “ЗАВОДИ ТАҶРИБАВИИ МЕХАНИКӢ”-И ШАҲРИ НОРАК
24 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак коргоҳи истеҳсоли микросементро, ки дар назди ҶСП “Заводи таҷрибавии механикӣ” сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
 
Коргоҳи истеҳсолӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ, роҳбари ҶСП “Заводи таҷрибавии механикӣ”-и шаҳри Норак Хуҷамурод Азимов сохта шудааст ва корҳои сохтмонӣ моҳи феврали соли 2022 оғоз ёфта, масоҳати иншоот 9 ҳазору 877 метри мураббаъро дар бар мегирад. Иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як рӯз 45 тонна ва дар як сол 160 ҳазор тонна микросементро ташкил медиҳад.
Коргарон сокинони маҳаллӣ мебошанд, ки маоши онҳо аз 2000 то 2500 сомониро ташкил медиҳад. Дар корҳои сохтмонӣ ва васлгарии коргоҳ 70 нафар бинокор ва кормандони муҳандисию техникӣ иштирок намуда, маоши хуб гирифтанд.
Хатти технологии коргоҳи истеҳсоли микросемент аз Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас гардида, тавассути он тавлиди маҳсулоти рақобатпазир ва ҷавобгӯй ба талаботи замони муосир ба роҳ монда шудааст.
Баъди ба истифода супурдани коргоҳи нав 36 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, шумораи коргарону мутахассисон дар Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Заводи таҷрибавии механикӣ” ба зиёда аз 1500 нафар расид.
Коргоҳ дорои озмоишгоҳи махсус мебошад, ки дар он мутахассисон тариқи таҷҳизоти ҳозиразамон сифати маҳсулотро дақиқ муайян менамоянд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти коргоҳ ва маҳсулоти истеҳсолии он, ки бо дастгоҳи муосири рақамии компютерӣ муҷаҳҳаз аст, шинос шуда, ба масъулон ҷиҳати нигоҳ доштани сифатнокии маҳсулот дастуру ҳидоятҳо доданд.
 
БА ИСТИФОДА ДОДАНИ АГРЕГАТИ № 1-И НБО “НОРАК” БА НОМИ ТУРСУН ӮЛҶАБОЕВ ВА БОЗДИД АЗ КОРҲОИ ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ ИНШООТ
24 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак агрегати № 1-и НБО “Норак” ба номи Турсун Ӯлҷабоевро баъд аз таҷдиду навсозӣ ба истифода дода, бо рафти татбиқи лоиҳаи таҷдид ва барқарорсозии ин иншооти азими гидроэнергетикӣ шинос шуданд.
 
Лоиҳаи таҷдид ва барқарорсозии НБО “Норак” аз моҳи марти соли 2019 оғоз гардида, ду марҳиларо дар бар мегирад. Дар марҳилаи аввал 3 агрегат ва дар марҳилаи дуюм 6 агрегат бо таҷҳизоти асосӣ ва ёрирасон таҷдид карда мешавад. Дар ин замина, таҷҳизоти эҳтиёҷоти хусусии Неругоҳ, се ҳалқаи барқии маҷмуи зеризаминӣ, дарбандҳои куравӣ, пойгоҳҳо, низоми идора ва назорати Неругоҳ пурра таҷдид шуда, 27 крани борбардор ва лифтҳо иваз карда мешаванд. Таъмири дарбандҳои бефи поён ва обрасонҳои турбинавӣ низ дар марҳилаи аввал ба нақша гирифта шудааст. Агрегати № 1-ро пурра таҷдид намудаанд ва давоми се моҳи охир дар озмоиши истифодабарӣ қарор дошт.
Имрӯз агрегати мазкур бо тавоноии 375 мВт мавриди истифода қарор гирифт ва фаъолияти он аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани танга санҷида шуд, ки ба талабот ҷавобгӯ мебошад. Ҳоло таҷзияи агрегати № 4, дар толори мошинҳо ва майдони васлгарии кушода васли статор ва ротори генератори навбатӣ идома дорад. Иттилоъ доданд, ки дар доираи лоиҳаи таҷдид ва барқарорсозии НБО “Норак” трансформатори қуввагии № 4 таҷзия шуда, васли трансформатори нав пеш меравад.
Корҳои зиддизангзании дарбанди агрегатҳои рақамҳои 2, 4, 5, 6, 8 ва 9 ҳам аллакай ба анҷом расонда шуда, чунин корҳо дар агрегати № 3 идома меёбанд.
Бо назардошти фаъолияти зиёд 25 кран ва механизмҳои борбардор нав карда шуданд. Кранҳо бо иқтидори борбардории 120 ва 50 тоннагии анбори марказии Неругоҳ барои озмоиш омода мешаванд.
Лавҳаи тақсимотии 6 кВ, лавҳаҳои Н-1, то Н-5 ва Н-9, ки барои эҳтиёҷоти хусусии Неругоҳ пешбинӣ шудаанд, компрессорҳои муваққатӣ, лӯлаҳои шабакаи ҳавои фишурдаи паст ва баланд, инчунин, пойгоҳҳои галереяи назорати обрасонҳои турбинавӣ, фекалии соҳили рост, коллектори дарбандҳои куравӣ, чоҳҳои полоишии рақамҳои 1, 2, 3, ва 5 дар истифода қарор доранд. Дар маҷмуи зеризаминӣ васли ҷӯйборҳои ноқилӣ ва ноқилҳои баландшиддат идома дорад. Дар зеристгоҳҳои Н-14 ва Н-16 трансформатори нав насб намудаанд. Дар доираи марҳилаи аввали Лоиҳаи таҷдид ва барқарорсозии НБО “Норак” корҳо дар чор самт бо суръат ва сифати баланд пеш мераванд.  
Аз 97 обқабулкунаки пезометри бефишор 93 ва аз 269 пезометри фишордор 228 адад тоза карда шуда, дар галереяҳои назоратӣ аз 57 пезометри дуқабата 17 адади онро ба истифода додаанд. Ҳамчунин, дар умқи 130 метр, нишонаи 665 ва дар соҳили чапи Неругоҳ 4 пезометр ва 5 инклинометр васл гардидаанд.
Таҷдид ва таъмири таҷҳизоти гидромеханикӣ, эҳтиёҷоти хусусӣ ва кранҳо, ивазнамоии шабакаҳои ҳавотозакунӣ дар камераҳои дарбандҳо, коллектории рақами 1, 2 ва васлии 6В, инчунин, таҷҳизоти таъминоти об, оташнишонӣ, 6 автотрансформатор, насби васлакҳои элегазии 500 кВ ва генератори дизелӣ аз корҳои дигари банақшагирифташуда буда, қисман ба анҷом расонда шуда, дар қисми дигар бо сифат идома доранд.
Бо мақсади таъмини бехатарии сарбанди Неругоҳ дар доираи лоиҳа корҳои кофтукови геотехникӣ, мониторинги полоиш, масофа, геодезӣ ва сеймикӣ гузаронда мешаванд.
Дар натиҷаи татбиқи пурраи лоиҳа тавоноии НБО “Норак” 375 мВт ва истеҳсоли миёнаи солонаи неруи барқ 1,4 миллиард кВт-соат зиёд мегардад. Бояд тазаккур дод, ки то оғози амалисозии лоиҳа тавоноии Неругоҳ ба 3000 мВт ва истеҳсоли миёнаи солонаи неруи барқ 11,2 миллиард кВт-соатро ташкил медод.
Пудратчиҳои асосии Лоиҳаи таҷдид ва барқарорсозии НБО «Норак» ширкати «Андритз Гидро», ҶСК «ТГЭМ» ва ҶСК «Синогидро СО» буда, барои иҷрои корҳо ҶСК "ТСГЭМ" ва ҶСК "Инвертор" ҷалб шудаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми босифати корҳо ба мутахассисону дигар кормандон изҳори сипос намуда, ба масъулон барои анҷоми корҳои таҷдиду барқарорсозии қисматҳои боқимонда дар доираи лоиҳа бо риояи меъёрҳои байналмилалӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.10.2022    №: 203    Мутолиа карданд: 1380
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед