мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО РОҲБАРОНУ ФАЪОЛОН ВА СОКИНОНИ ШАҲРИ НОРАК
24 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ба кор андохтани агрегати якуми таҷдидгардидаи Неругоҳи барқи обии “Норак” дар саҳни ҳавлии он бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Норак вохӯрда, сухан ронданд.
Баъди суханронии Сарвари давлат, сокинони шаҳри Норак, намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла Назира Мираҳмадзода – коргари НБО “Норак” ва Пирумшо Хоҷаев – собиқадор, баромад карда, ба Президент ва Ҳукумати кишвар барои талошҳову тадбирҳои созанда ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи мардум изҳори сипос карданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.10.2022 №: 204 Мутолиа карданд: 1585