logo

ҳуқуқ

СУД. ТАЪМИНИ АДОЛАТ БОЯД ДАР МЕҲВАРИ ФАЪОЛИЯТ БОШАД

Аз файзи сиёсати адолатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти мақомоти судӣ, ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ сол ба сол таҳким ёфта, дар низоми ҳуқуқии мамлакат ҳамчун кафили ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд амал менамояд. Мустақилона, босалоҳият ва бидуни дахолати мақомоти дигар фаъолият намудани мақомоти судӣ, имкон фароҳам овард, ки арзишҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва адолати иҷтимоӣ ҳифзу таъмин карда шаванд.
 
Воқеан, таҳкими ҷойгоҳи мақомоти судӣ ва мустаҳкам намудани пояҳои фаъолияти он маҳз бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои доимии Пешвои миллат ба амри воқеӣ табдил ёфт. Сарвари давлат барҳақ чунин таъкид мекунанд: «Имрӯз барои ҷамъият ҳимояи судии пурқувват ва боэътимод беш аз пеш зарур мебошад ва онро суде таъмин карда метавонад, ки воқеан, неруманд ва дахлнопазир бошад».
Агар ба умқи ин гуфтаҳои Президенти маҳбуби кишвар фурӯ равем, дармеёбем, ки барои корманди мақомоти судӣ на танҳо донишу фаҳмиши баланди ҳуқуқиву сиёсӣ, балки маърифати воло низ зарур аст. Зеро дар рафти баррасии парвандаҳо судя бояд аз хислат, табиати пуртазод, гирумонҳои ботинӣ ва аломатҳои зоҳирии шаҳрвандон огоҳ бошад ва мӯшикофона чунон қилро аз хамир ҷудо кунад, ки дар ҳалнома дигар ҷойи баҳс намонад. Барои муваффақ шудан дар иҷрои ин рисолат, албатта, аз ҳар як додрас донишу тафаккури баланд тақозо мешавад.
Дастгирӣ ва ғамхории пайвастаи ҳокимияти судӣ аз ҷониби давлату Ҳукумати кишвар, қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷавобгӯ ба талаботи имрӯза, бомаром идома ёфтани ислоҳоти низоми судӣ ва беҳтар гардидани шароити иҷтимоии кормандони мақомоти судӣ боиси он гардид, ки ҳокимияти судӣ дар кишвар ташаккул ёфта, бо вуҷуди баъзе камбудиҳо эътимоди аҳолӣ ба ин ниҳоди ҳокимияти давлатӣ рӯз ба рӯз меафзояд. 
Ёдамон  ҳаст, ки ҳанӯз 21 ноябри соли 2019  Пешвои муаззами миллат ҳангоми мулоқот бо кормандони мақомоти судӣ дар баробари зикри дастовардҳои соҳа, ҳамзамон, камбудиро  низ  ёдовар  шуда, таъкид  доштанд,  ки дар фаъолияти кории судҳо дар баъзан маврид риоя накардани муҳлати баррасии парвандаҳои судӣ ба мушоҳида мерасад. Бинобар сабаби ба талаботи қонунгузории амалкунанда ҷавобгӯ набудани сифати таҳияи санадҳои судӣ, онҳо аз тарафи судҳои болоӣ бекор мешаванд.
Мо тамоми суханрониҳо, пешниҳодҳо, эродҳо ва ҳидоятҳои Сарвари давлатро бояд сармашқи фаъолияти хеш қарор диҳем. Зеро, чи тавре Президенти мамлакат борҳо таъкид кардаанд, мардум аз кормандони сохторҳои қудратӣ, аз ҷумла прокуратура ва суд, умедвории зиёд доранд ва бар он боваранд, ки маҳз донишу маърифат ва зиракии сиёсии онҳо ҳақро ба ҳақдор мерасонад ва адолатро рӯйи об мебарорад.
 
Фаррух ҒАНИЗОДА,
муовини якуми раиси суди ноҳияи Ёвон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.10.2022    №: 204    Мутолиа карданд: 1670
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед