logo

иҷтимоиёт

ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА – ҲОМИИ ҲУҚУҚ ВА МАНФИАТҲОИ МЕҲНАТИЮ ИҶТИМОИИ ЗАҲМАТКАШОН

Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон тули 97 соли фаъолияташон роҳи бузурги пуршарафро тай намуда, дар густариши иқтисодиёт ва ҳалли масъалаҳои рушди иҷтимоии кишварамон саҳми арзанда доранд. Таърихи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон расман аз моҳи апрели соли 1926 бо баргузории анҷумани нахустин сарчашма мегирад. 
Иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз бузургтарин ташкилоти соҳавии иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон буда, кормандони муассиса, ташкилоту корхонаҳои табобатӣ-профилактикӣ, дорутайёркунӣ, осоишгоҳию курортӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, марказҳои илмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои хориҷиро, ки бо фаъолияти тиббию солимгардонӣ машғуланд, қатъи назар аз моликияташон, инчунин, донишҷӯёни таълимгоҳҳои олӣ ва миёнаи соҳа ва нафақахӯронро муттаҳид менамояд. 
 Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар, иттифоқи касабаи соҳа панҷ анҷуман, 15 пленум ва зиёда аз 100 ҷаласаи раёсатро доир намуда, масълаҳои гуногуни марбут ба фаъолияти соҳа, аз ҷумла ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои иҷтимоию меҳнатии аъзоён, шуғли кормандони соҳа, адои хизмат, муносибатҳои меҳнатӣ, шароит ва пардохти музди меҳнат, ҳифзи саломатӣ, риояи кафолатҳои иҷтимоӣ, суғуртаи иҷтимоӣ, гузарондани чорабиниҳои фарҳангиву варзиширо, мавриди баррасӣ қарор додааст. Маҳз бо мусоидати иттифоқи касабаи соҳа аксарияти муаммоҳои чойдошта дар самти кумакпулиҳои суғуртавӣ, ба ҷои кор барқарор намудани меҳнаткашони ғайриқонунӣ аз кор сабукдӯшшуда ба таври мусбат ҳалли худро меёбанд. 
Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касаба дар ҳайати худ се кумитаи вилоятӣ, зиёда аз 430 кумитаи ибтидоии иттифоқи касабаро муттаҳид менамояд.
Ҳамасола бахшида ба иду ҷашнҳо, аз ҷумла Иди байналмилалии Наврӯз, Рӯзи Модар, Рӯзи Ғалаба, Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони тандурустии Тоҷикистон мусобиқаҳои варзишию солимгардонӣ, озмунҳои касбӣ, олимпиадаҳои тахассусӣ дар байни кормандону донишҷӯёни соҳа гузаронда шуда, ғолибон қадр карда мешаванд.
Пешрафти фаъолият ва дастовардҳои ягон сохтор бе кормандони соҳибихтисосу лаёқатманд муяссар намешавад. Аз рӯзи таъсис ёфтани кумита шахсиятҳои кордон дар сатҳи ҷумҳуриявӣ: М. Уссонов, В. Гречук, Т. Иброҳимов, К. Баротов, Н. Трофиметс, М. Юсуфҷонов, З. Мирзоев, Ҷ. Имомзода, Р. Ӯлмасов ва чанде дигарон барои пешрафти иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон саҳми арзанда гузошта, фаъолият намуда истодаанд.
Имрӯзҳо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаи иттифоқи касабаи соҳа барои беҳтар намудани шароити фаъолияти кормандон, раванди ислоҳот дар соҳа, ҳамаи шароитҳои заруриро муҳайё месозанд. Кормандони соҳа аз роҳбарият то корманди тибби хурд вазифадорем, ки дар ин фазои сулҳу оромие, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бароямон муҳайё сохтаанд, дастаҷамъона, софдилона ва содиқона ба мардум хизмат намоем. 
Рӯзи Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистонро ба ҳамаи ҳамватанон ва ҳамкасбон муборакбод гуфта, барояшон барору комёбиҳои беназирро таманно дорам. 
 
Муҳаммадҷон САИДОВ,
мудири ташхисгоҳи беморхонаи №5,
раиси иттифоқи касабаи беморхона,
Аълочии тандурустии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.10.2022    №: 204    Мутолиа карданд: 1106
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед