logo

Хабарҳо

Гутерриш: «СММ аз озмоиши ҷиддитарин мегузарад»

 
Росбалт. Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш гуфт, ки чолишҳои глобалӣ, низоъҳо ва тағйирёбии иқлим барои СММ аз замони таъсиси ин Созмон ҷиддитарин имтиҳон шудаанд.  
«СММ маҳсули умед аст. Умеди бо азму иродаи қавӣ пеш рафтан пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва аз низоъҳои ҷаҳонӣ гузаштан ба ҳамкории ҷаҳонӣ. Имрӯз СММ дар ҳоли озмоиши бесобиқа аст. Аммо он танҳо барои чунин лаҳзаҳо ташкил ёфтааст», – гуфт Гутерриш.
Вай таъкид кард, ки арзишҳо ва принсипҳои Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид «дар ҳар гӯшаи ҷаҳон» ба амал татбиқ шаванд. Ба гуфтаи Гутерриш, мо бояд ба низоъҳое, ки ба ҳаёт, оянда ва пешрафти ҷаҳон таҳдид менамоянд, хотима бахшем ва барои аз байн бурдани фақри шадид, коҳиши нобаробарӣ ва наҷоти Ҳадафҳои Рушди Устувор кӯшиш ба харҷ диҳем.
 
 
ХФБ аз ҳамлаи террористӣ дар Пятигорск пешгирӣ кард
Мир 24. Дар шаҳри Пятигорск кормандони Хадамоти федералии бехатарии Россия аз ҳамлаи террористӣ дар шуъбаи полис пешгирӣ намуданд. Омодагии таркишро ҷонибдорони созмони террористии “Давлати исломӣ”(мамнуъ дар Россия) анҷом додаанд.
Аъзоёни гурӯҳ боздошт шуда, ҳангоми кофтуков аз онҳо ҷузъҳои бомба, рамзҳои созмони террористӣ, воситаҳои иртибот бо кураторҳо, ки мукотибаи ошкоршуда бо онҳо қасди ҷиноятиро тасдиқ мекунанд, мусодира гардид. Ба гуфтаи ХФБ, боздоштшудаҳо ба гуноҳашон иқрор гаштаанд. Дар робита ба ин ҳодиса, аз рӯи моддаи «Тайёрӣ ба амали террористӣ» парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
 
 
Риши Сунак – нахустин Сарвазири ҳиндутабори Британияи Кабир 
Осиёи Марказӣ (CA). Ҳафт ҳафта пас аз шикасти нахустин рақобати худ барои роҳбарии Ҳизби консервативӣ дар соли ҷорӣ, Риши Сунак тавонист дар интихоботи дуюми худ пирӯз шавад. Пас аз он ки ягона рақиби боқимондаи ӯ дар ин мубориза дар бораи даст кашидан аз сабқат эълон кард, ӯ ягона иштирокчии он буд, ки 100 раъйи лозимии ҳамҳизбонашро ба даст овард ва мутаносибан ғолиб гардид. 
Ҳамин тариқ, Сунак дар таърих аввалин Сарвазири ҳиндутабори Британияи Кабир хоҳад шуд. Моҳи август вазири собиқи молия Риши Сунак яке аз пешсафони мубориза барои дарёфти курсии Сарвазир буд, ки дар натиҷаи истеъфои Борис Ҷонсон дар моҳи июл холӣ шуда буд. Аммо, вай он вақт аъзоёни Ҳизби консервативиро бовар кунонда натавонист: онҳо ба ин мақом Лиз Трассро сазовор донистанд ва чунон ки маълум гашт, хато карданд.  
 
 
Роҳбарони Озарбойҷон ва Гурҷистон ҳамкориҳои энергетикӣ ва нақлиётро баррасӣ намуданд
Мир 24. Ҳамкориҳои энергетикӣ мавзуи асосии сафари Президенти Озарбойҷон ба Тифлис шудааст. Бори охир Илҳом Алиев ҳафт сол пеш аз Гурҷистон дидан карда буд.
«Нақлиёт, энергетика, сохтмон – ин ва бисёр дигар соҳаҳо дар маркази таваҷҷуҳи мо қарор доранд. Ташаббусҳои нави ҷониби Озарбойҷон баррасӣ шуданд. Ҳамкориҳои мо таърихи бой доранд”, – гуфт Сарвазири Гурҷистон Ираклий Гарибашвили. 
«Ман хеле шодам, ки бори дигар дар сарзамини азизи Гурҷистон қарор дорам. Мо масъалаҳои хеле муҳимро баррасӣ намудем ва ба зудӣ шаҳрвандони мо манфиати татбиқи онҳоро эҳсос хоҳанд кард”, – иброз дошт Илҳом Алиев.
Роҳбарон вазъияти минтақавию байналмилалӣ ва ҳамкории дутарафаро низ, муҳокима карданд
 
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 6041
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед