logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи ҷаласаи раиси Маҷмаи умумии СММ оид ба омодагӣ ба Конфронси оби СММ дар соли 2023, шаҳри Душанбе, 25 октябри соли 2022

Муҳтарам раис!
Муҳтарам Дабири кулл!
Хонумҳо ва ҷанобон!
Бо камоли майл аз баргузории ҷаласаи имрӯза истиқбол менамоям ва онро дар раванди омодагӣ ба Конфронси оби соли 2023-и Созмони Милали Муттаҳид иқдоми саривақтӣ медонам.  Ба раиси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷаноби Чаба Короши барои ташкили ин чорабинии муҳим ва ба ҳамаи ҳозирин барои иштирок дар он сипоси худро  иброз менамоям.
Ҳозирини гиромӣ!
Ҷаҳони имрӯза зери таъсири таҳдиду хатарҳо ва таҳаввулоти амиқ қарор дорад. Бинобар тағйирёбии иқлим имсол мо шоҳиди зуҳуроти бесобиқаи офатҳои табиӣ гардидем. Аврупоро гармии шадид фаро гирифт, ки ин боиси сӯхтори бешазорҳо, хушкшавии дарёҳо ва норасоии об гардид.
Ҳамзамон бо ин, қисмати ҷануби сайёра зери таъсири селу обхезиҳои харобиовар қарор гирифт. Мутаассифона, ин равандҳо чандин сол аст, ки идома доранд ва таъсири онҳо сол то сол фарогиру шадид мегардад. Қобили зикр аст, ки меҳвари ин равандҳоро об ҳамчун асоси ҳаёти инсоният ва василаи муҳими таъмин намудани рушди устувор ташкил медиҳад. Мусаллам аст, ки бархӯрд бо чунин шароит дарку фаҳмиш, муносибат ва иқдомоти наву муассирро тақозо менамояд.
Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028", ки бо ибтикори Тоҷикистон эълон шудааст, барои муттаҳидсозии талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин ҷода заминаи хуберо фароҳам овардааст.
Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид, ки татбиқи миёнамуҳлати Даҳсолаи мазкурро арзёбӣ хоҳад кард, аз лиҳози замонӣ, аллакай, таърихӣ мебошад. Дар ин замина, ҳар яки мо масъулият дорем, ки онро аз лиҳози мазмуну муҳтаво ва натиҷаҳо низ таърихӣ гардонда, ҳамаи имконот ва талошҳоро барои расидан ба ҳадафҳоямон сафарбар намоем. 
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд ҳамчун ҳамраисони Конфронс якҷо бо Департаменти Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва механизми “Созмони Милали Муттаҳид-Об”  пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ин ҳамоиш барои ҷаҳониён “лаҳзаи таҳаввулоти куллӣ дар соҳаи об” гардад. Дар ин робита, мехоҳам нақши калидии Конфронси дуюми Душанбе оид ба Даҳсолаи обро дар раванди омодагӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид махсус таъкид намоям.
Ҳамоиши Душанбе натиҷаи платформаҳои чорабиниҳои гуногуни минтақавию ҷаҳониро ба ҳам оварда, паёмҳои асосиро барои Конфронси Ню-Йорк таҳия намуд ва барои пешбурди яке аз натиҷаҳои асосии он – “Рӯзномаи амал дар соҳаи об” заминаи воқеиро фароҳам овард.     
Муҳтарам иштирокдорони ҷаласа!
Мавзуъҳои муколамаҳои интерактивӣ, ки фарогири мушкилоти умдаи соҳаи об мебошанд, аз ҷониби Тоҷикистон ва Нидерланд дар асоси машваратҳо бо кишварҳои аъзо ва ҷонибҳои манфиатдор таҳия гардидаанд.
Мо умед дорем, ки онҳо аз ҷониби шумо дастгирӣ хоҳанд ёфт. Дар баробари ин, аз нигоҳи мо, “Рӯзномаи амал дар соҳаи об” ба уҳдадориву амалҳои наву инноватсионӣ ниёз дорад. Ба ин манзур, бояд иқдомоте рӯи даст гирифта шаванд, ки ба амалҳо ва  тартиби корбарии мо тағйироти ҷиддӣ ворид менамоянд. Маҳз бо ворид кардани чунин тағйирот мо метавонем ба ояндаи аз лиҳози захираҳои об амну осуда умед бандем! 
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд тамоми ҷидду ҷаҳди худро барои татбиқи ин масъулияти бузург сафарбар менамоянд.
 Бо истифода аз фурсати муносиб, ба ҷониби Нидерланд барои ҳамкории судманд дар раванди омодагӣ ба Конфронси соли 2023 миннатдорӣ баён менамоям.
Ҳамкории кишварҳои мо, бешубҳа, намунаи возеҳи он аст, ки чӣ тавр об метавонад ҷонибҳои гуногунро аз минтақаҳои болообу поёноб, кӯҳсору водӣ, кишварҳои пешрафтаву рӯ ба тараққӣ, камтараққӣ ва дигарон ба ҳам оварад.
Дарвоқеъ, об неруи бузург дорад ва мо бояд аз он дурусту оқилона истифода барем!
Итминон дорам, ки ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор, хусусан роҳбарони кишварҳову ҳукуматҳо, тавассути иштироки фаъол ва суръатбахшии амалҳо дар татбиқи ин ҳадаф саҳми муносиб хоҳанд гузошт.
Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор” ба ҳамаи ҷонибҳо барои иштироки фаъол дар раванди омодагирӣ ба Конфронси соли 2023 миннатдории хешро иброз менамояд.
Барои таваҷҷуҳатон сипосгузорам!
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.10.2022    №: 205    Мутолиа карданд: 1338
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед