logo

иқтисод

ХОВАЛИНГ. "ВОДИИ ЗАРРИН" ҚАДАМҲОИ НАХУСТИН БА СӮИ ШУКУФОӢ АСТ

Ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди «БСБ Групп» ва «Тадж – Ресурс» дар ноҳияи Ховалинг Парки технологии «Водии заррин»-ро мавриди истифода қарор доданианд, ки яке аз калонтарин  корхонаҳои саноатии вилояти Хатлон хоҳад шуд. Марҳилаи аввали сохтмон, аллакай, оғоз гардидааст. Ба истифода додани чунин як Парки бузурги саноатӣ дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии на танҳо вилояти Хатлон, балки тамоми кишвар таҳаввулоти бузург мегардад, зеро дар сурати ба фаъолият пардохтани он на фақат ҷойҳои нави кор ба вуҷуд меоянд, балки иқтидори содиротии мамлакат бештар мешавад. Ба хотири муҳимияти мавзуъ, хабарнигорамон бо Дилшод Самадов, раиси Шурои директорони ҶДММ «Тадж – Ресурс», суҳбат намуд.
– Ховалинг аз  минтақаҳои хушобуҳаво, аммо кӯҳистони Тоҷикистон маҳсуб меёбад ва бо ҳеҷ кишвари ҳамсоя ҳамсарҳад  нест. Чаро барои бунёди парки технологӣ,  ки, аслан, парки фановариҳои илмӣ-истеҳсолӣ мебошад ва тибқи нақша, дар оянда маҳсулоти содиротӣ истеҳсол мекунад, маҳз ноҳияи Ховалингро интихоб намудед?  
– Тавре маълум аст, бо назардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ соли 2018 Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми стратегӣ эълон гардад ва то соли 2030 ҳиссаи соҳаи саноат дар Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 22 дарсад расонда шавад. Барои татбиқи дастури созандаи Пешвои миллат, ки дар таъмини устувории иқтисодиёт ва рақобатнокии он заминаи амиқ мегузорад, зарур аст, саноат дар тамоми навоҳии кишвар баробар рушд намояд. Албатта, ин маънои онро надорад, ки ҳоло дар ноҳияи Ховалинг корхонаҳои саноатӣ тамоман нестанд. Тибқи иттилоъ, дар Ховалинг саноати коркарди истеҳсоли тилло, ҳамчунин, баъзе корхонаҳои хурди дигари саноатӣ низ мавҷуданд, аммо бо назардошти имкониятҳои мавҷуда, саноати ноҳияро метавон боз ҳам бештар рушд бахшид. Ба ҳамин хотир,  тасмим гирифтем, ки парки технологиро дар Ховалинг бунёд созем. 
Яъне, иқдоми мо дар пайи амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омад ва аз ҷониби  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор дастгирӣ ёфт, ки  сидқан миннатдорем.
 
– Парк бо ҷалби сармояи хориҷӣ бунёд мегардад?
– Бале, дар ин кор баъзе ширкатҳои ватанӣ низ, саҳм мегузоранд. Аз ҷумла, Ширкати «Индиго Тоҷикистон». Шарики асосии дигари мо дар амаликунонии лоиҳа ва бунёди парк ин ҶДММ «БСБ–Групп» мебошад, ки  роҳбарии онро Амонулло Салимов ба зимма дорад. 
Омӯзиш нишон медиҳад, ки дар ҷаҳон ҳоло чунин паркҳои технологии саноатӣ дар ҳудуди нисбатан хурд бунёд мешаванд. Мо низ тасмим гирифтем паркро дар ҳудуди нисбатан хурд – 30 гектар бунёд бисозем.
Тибқи лоиҳа он аз рӯйи 5 самт – IT-кластер, саноати вазнин, саноати сабук, хӯрокворӣ ва саноати дорусозӣ фаъолият хоҳад кард. Дар самти  IT-кластер яке аз шарикони хориҷии мо ин Ширкати «Mediafon», мебошад. «Mediafon» ширкати бонуфузи ҷаҳонӣ  буда, маҳсулоташ дар Аврупо, Осиё, Кавказ ва Африқо маълуму машҳур аст. Дар соҳаи IT дар ТОП – 3-рӯйхати сегонаи аввали ширкатҳои ҷаҳонӣ қарор дорад. Ширкати мазкур пешниҳоди моро дар самти бунёди марҳилаи аввали Парк-IT-кластер пазируфт ва ҳозир аст моро сармоягузорӣ намояд.
Дар ин самт бо Ширкати мобилии ватанӣ – «Индиго Тоҷикистон» низ, ба тафоҳум расидем. Дар ин бахш ихтирои барномаҳо  барои технологияҳои нави соҳаҳои гуногун пешбинӣ шудааст. Дар сурати рушди  бахши мазкур  минбаъд барномаҳоро аз кишварҳои дигар бо нархи гарон намехарем, ки ин як навъ вобастагии моро  аз кишварҳои дигар бартараф месозад.
Дар самти саноати сабук коргоҳҳои  дӯзандагӣ, бофандагӣ, истеҳсоли либос ва ҷуроб пешбинӣ шудаанд. 
Дар саноати хӯрока, тозатарин технология ва дастгоҳҳои яке аз ширкатҳои бонуфузи Аврупо «Tetra Pak»  истифода мешавад. Дар ин самт бо ширкати мазкур, аллакай, созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расондем. Дар яке аз бахшҳо истеҳсоли  дору ва маводи гуногуни тиббӣ пешбинӣ гардидааст ва аз таҷрибаву дастовардҳои олимони ватанӣ, ки чанд соли охир дар соҳаи фармакология  ба даст овардаанд,  истифода хоҳад шуд. Ин имконияти хубест барои ҳамгироии илм бо истеҳсолот. Дар яке аз  самтҳои  саноати вазнин коркарди тилло  пешбинӣ шудааст. Тибқи нақша тилло бояд бо талаботи биржаи Лондон, ки стандарти  ҷаҳонӣ мебошад, истихроҷ ва коркард шавад. 
Тибқи нақша парк, ҳамчунин, бо лабораторияи нави ҷавобгӯйи талаботи давр таъмин мегардад ва он имкон фароҳам меорад, то сифату бехатарии маҳсулоти истеҳсолшаванда  ҳамаҷониба озмуда шавад.       
 
– Ибтидои суҳбат гуфтед, ки барои кор дар парк мардуми маҳаллӣ ва ҳам атрофи он ҷалб мегарданд. Оё  дар минтақа, воқеан, чунин мутахассисоне дорем, то фаъолияти паркро тавре ки мебояд пеш баранд?
–  Воқеан, дар ин самт мушкилӣ дорем, зеро бе мутахассиси кордон истеҳсоли маҳсулоти ҷавобгӯйи талаботи давр ғайриимкон аст. Ба ин хотир, рӯзҳои  23-24 августи соли равон ҶДММ «БСБ Групп», ва раёсати маорифи вилояти Хатлон бо Донишгоҳи давлатии Новгороди Федератсияи Россия ба номи Ярослав Мудрий ба хотири омода намудани кадрҳои баландихтисос ва рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи вилояти Хатлон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонд. Дар доираи созишнома, аллакай, 33 довталаб тариқи озмун барои таҳсил дар зинаи бакалавр ва 10 нафар дар зинаи магистратура барои идомаи таҳсил ба Донишгоҳи мазкур фиристода шуд. Онҳо аз рӯйи ихтисосҳои радиотехника, элетроника, наноэлектроника, физика, математика, информатика ройгон таҳсил намуда, бо хобгоҳ таъмин шудаанд. 
Дар назар аст, солҳои минбаъда низ  Донишгоҳи давлатии шаҳри Новгород барои корхонаҳои Парки технологии ноҳияи Ховалинг аз ҳисоби шаҳрвандони кишвар кадрҳои баландихтисос омода созад. Нақша дорем соли оянда то 200 нафарро ба донишгоҳҳои кишварҳое, ки саноати пешрафта доранд, ройгон барои идомаи таҳсил бифиристем.
 
– Тибқи нақша, сохтмони Парки технологии «Водии заррин» кай ба итмом мерасад?
– Сохтмони Парки мазкур дар се марҳила ба назар гирифта шудааст. Марҳилаи аввали он соли 2025, марҳилаҳои дувуму сеюм то соли 2030 ба итмом мерасанд.    
 
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.10.2022    №: 205    Мутолиа карданд: 1043
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед