logo

сиёсат

ИҶЛОСИЯЕ, КИ БА ИТТИҲОДИ МИЛЛАТ АСОС ГУЗОШТ

 
Туфайли Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар кишвар Ҳукумати конститутсионӣ барқарор гардид ва шахсияти арзандае Сарвари давлат интихоб шуд, ки рушду такомул, сулҳу ваҳдат ва пешрафти минбаъдаи кишвар бо номи ӯ вобастагӣ дошту дорад. Иҷлосия истиқлоли воқеии миллати тоҷикро бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмин намуда, барои худшиносии миллӣ ва иқдомҳои муҳими сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ заминаи мусоид фароҳам овард. 
Пас аз пурра татбиқ гаштани нуктаҳои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ, яъне соли 2000-ум, Ҳукумати ҷумҳурӣ бо ба кор бурдани тамоми имкониятҳои давлат ба бунёди иншооти барои пешрафти минбаъдаи мамлакат муҳим, аз ҷумла роҳҳои оҳану мошингард, истихроҷ ва истифодаи конҳои маъдан, бунёди неругоҳҳои хурду бузурги барқ, нақбҳо ва даҳҳо сохтмонҳо оғоз намуда, корхонаҳоеро, ки қисман ва ё тамоман аз фаъолият бозмонда буданд, ба кор даровард.  Ҳамин тавр, дар бист соли ахир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум то 95 миллард сомонӣ дар соли 2021 ва даромади Буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ то 33 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонда шуд. Яъне, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар ва Буҷети давлатӣ 130 баробар зиёд гардида, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ беш аз 30 баробар   афзуд. 
Имрӯзҳо, ки мо дар арафаи таҷлили 30-юмин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастем, бо итминони комил гуфта метавонем, ки аз сангинтарин имтиҳони таърих ва рӯзҳои пурталотуми эъмори давлатдории миллиамон гузашта, имрӯз ба сулҳу суботи комил расидем ва зарур аст, ки дар ҷаҳони пуртазодди муосир ин дастоварди нодири халқамонро чун гавҳари бебаҳо ҳифз намоем.
 
М. ШЕРЗОД, мутахассиси бахши минтақавии Агентии 
хизмати давлатии назди  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 
дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.10.2022    №: 205    Мутолиа карданд: 448
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед