logo

фарҳанг

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

 
Ҳусейн Насриддинов, мутрибу овозхони шинохтаи водии Ҳисор, дар миёни ҳамсолон ва онҳое, ки асолати мусиқӣ, суруду шеърро хуб мешинохтанду қадр мекарданд, маҳбубияти хосро соҳиб буд. Тарзи навозишу хонишаш аз дигарон фарқ дошт. Бо ду забон: тоҷикӣ ва ӯзбекӣ дар сатҳи баланд мехонд. Оҳангҳояш бо матнҳо мувофиқ буданд. Мепиндоштӣ, ки матн махсус барои ҳамин оҳанг эҷод шуда ва баръакс, оҳанг ба хотири ин матни баланд тавлид шуда. Хонишу навозишаш бештар ба хотири афзудани шодиву фараҳ набуд, балки мехост, ки, ба ин васила, дар тарбияи маънавии мардум саҳми шоиста бигирад ва онҳоро ба қуллаҳои баланди маърифат бирасонад, ватандӯст намояд. Диёраш Тоҷикистонро дӯст медошт ва мехост, ки ба қадри ин сарзамини аҷдодӣ, неъматҳои бузургу бешумораш, зебоиҳои нотакрораш бирасанд.
 
То ҳанӯз аз хотирам нарафтааст. Падари шодравон Саидалӣ Саид, шоиру нависанда, ҷашни домодии ин фарзанди азизашро баргузор намуд. Ман дар он раис ё худ баранда таъин шудам. Базм бо суруду қироати шеъру табрикот ба авҷи аълои худ мерасид. Дар ҳамин ҳол падари ин адиб ба ман муроҷиат намуда гуфт: «Баъд аз ин табрикот навбати хондани сурудро ба Ҳусейн Насриддинов бидеҳ!». Ҷавонон чун ин тасмимро дарёфтанд, бо эътироз ба ман гуфтанд, ки иштирокчиёни базм бо хондани ӯ пароканда мешаванд ва ҷашн он гоҳ шукӯҳу манзалати худро аз даст медиҳад. Онҳо мехостанд, ки дар ҳавои сурудҳои эстрадӣ рақс бинамоянд. Ман бояд ба як тасмиму хулосаи дуруст меомадам: навбат бидиҳам ё не, гармии базмро нигоҳ бидорам, ё хоҳиши соҳиби хонаро иҷро бикунам. Маслиҳатро дар он дидам, ки бо падари шаҳбача дар ин хусус суҳбат бикунам. Бо шунидани дархости ҷавонон ва талабу пофишориашон андак асабӣ шуд чун иштирокчиву маъюби Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд ва бо қатъият изҳор дошт: «Навбати базмро ба Ҳусейн Насриддинов медиҳӣ, агар ҳам як иштирокчӣ ба ҷуз ман намонад. Ҷавонон дар ҳавои мусиқии эстрадӣ ба воя расидаанду дар андешаи рақси худанд, на ба ғановати мусиқӣ ва на ба шеъри хубу олӣ сарфаҳм мераванд».
Албатта, барои ман амру хоҳиши соҳиби хона муҳимтар ба шумор мерафт, аз ин рӯ, навбатро ба ӯ додам.
Чанд рӯз пештар дар як маҳфилу нишасте дар шаҳри Ҳисор ман ин рухдоди солҳои 80 – уми асри гузаштаро ёдовар шудам. Ҳозирин дар васфи ин шахсияти нотакрори фарҳангӣ суханҳои нек гуфтанд ва ҳам гуфтанд, ки дигар ӯ дар байни мо нест, чун ин оламу одамро падруд гуфтааст. Бо афсӯс ҳам изҳор доштанд, ки ин гуна мардони асилро табиат, зиндагӣ дар як садсола шояд як бор бидиҳад ва он ҳам дар гумон аст.
Шоир Султонмурод Одина, сокини шаҳри Ҳисор, афзуд: «Ҳамаи матни сурудҳояшро дар дафтарҳои бузургҳаҷм менавишт. Онҳо бо роҳе дастрасамон шуду байтҳоро шумурдем. Ба 13 ҳазор расид. Ба ростӣ, шубҳа кардем. Хостем, ки ӯро биозмоем. Ғижакро гирифту бо тартиб матни як дафтарро хонд. Баъд гуфт, ки медонам, ин бор шумо барои санҷидану имтиҳони ман омадаед, на ба хотири шунидани сурудҳоям.
Аммо бидонед, ки, ҳатто, пирӣ натавонист ҳофизаамро кам бикунад ва ё аз миён бибарад. Охир дилу ниятам соф асту нек аст. Аз оғоз бо худ аҳд бастам, ки ба ин мардум, ба ин миллат хидмат бикунам, шеърҳои каммазмуну камарзишро ҳаргиз нахонам. Шукр, ба аҳдам вафо кардам. Агар ҳам аз дунё рӯзе меравам, бе армон меравам».
Воқеан, кору рӯзгораш намунаи ибрат буд. Мо бо ӯ ифтихор мекунем ва ҳамеша дар маҳфилҳои фарҳангӣ ёдаш меорем».
 
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.10.2022    №: 205    Мутолиа карданд: 1077
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед