энергетика
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ ОМИЛИ РУШДИ САНОАТ НИЗ ҲАСТ
Неруи барқро дар илми иқтисодиёт «нони саноат» меноманд. Давлатҳое, ки ба рушди ин соҳа таваҷҷуҳ зоҳир намуданд, дар пешрафти соҳаҳои саноат ба комёбиҳои беназир ноил гардиданд. Дарвоқеъ, истифодаи барқ шуруъ аз рӯзгори одии ҳар оила, то рушду такомули иқтисодиёт нақши муассир мегузорад. Вобаста ба ин андеша, агар ба арқоми илмӣ руҷуъ намоем, маълум мегардад, ки Тоҷикистон аз лиҳози манбаъҳои гидроэнергетикӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баъд аз Россия қарор гирифтааст.
Алҳол ҳиссаи гидроэнергетика дар истеҳсоли неруи барқ дар Тоҷикистон 98%-ро ташкил медиҳад. Бо назардошти ин далелҳо, таъмини истиқлолияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳои муҳими стратегии кишвар маҳсуб меёбад. Доир ба ин масъала агар ба далелҳои таърихӣ руҷуъ намоем маълум мегардад, ки омӯзиш ва таҳқиқи манбаъҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон аз солҳои 20-30-юми асри ХХ оғоз гардида, то кунун ҷараён дорад. Ба ибораи дигар гӯем, дар заминаи арзишҳои бадастовардаи онҳо аз ҳамон давра сохтмони неругоҳҳои барқӣ оғоз гардида, дар замони шуравӣ Тоҷикистон дар қаламрави СССР ба яке аз кишварҳои мутараққӣ аз ҷиҳати истеҳсоли неруи барқ табдил ёфт. Далел бар ин андеша он аст, ки агар солҳои 1948-1968 дар миқёси олам истеҳсоли барқ шаш баробар, дар Иттиҳоди Шуравӣ дувоздаҳ баробар афзоиш ёфта бошад, ин нишондод дар Тоҷикистон бисту ду баробарро ташкил медиҳад.
Тақвияти ин андеша дар он зоҳир мегардад, ки агар соли 1959 дар РСС Тоҷикистон тақрибан 1 миллиард кВтсоат барқ истеҳсол шуда бошад, ин рақам соли 1968 ба 2,5 млрд кВтсоат расидааст. Баҳри дарки амиқи ин масъала овардани чунин далелро ҷоиз медонам. Аз нимаи дуюми солҳои 70-ум дар кишварамон сохтмони неругоҳҳои бузург оғоз гардид. Мебоист ба туфайли бунёди онҳо Тоҷикистон аз ҷиҳати истеҳсол ва содироти неруи барқ дар системаи ягонаи энергетикии СССР ба яке аз ҷойҳои аввал мебаромаду ба рушди иқтисодиёти ин кишвари абарқудрат таъсир мерасонд. Афсӯс, ки баъди пош хӯрдани он на танҳо системаи ягонаи энергетикии Иттиҳоди Шуравӣ, балки минтақа низ, барҳам хӯрд.
Ин омилро Ҳукумати Тоҷикистон хело нозукона эҳсос намуда, аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ новобаста аз мушкилоти ҷойдошта баҳри рушди ин соҳа тамоми тадбирҳоро андешид. Бахусус, ҷиҳати расидан ба истиқлолияти энергетикӣ дар кишвар 284 неругоҳи барқи обии хурд, неругоҳҳои «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», «Помир-1» бунёд гардида, ҳамзамон, сохтмони НБО «Роғун» идома дода шуд. Инчунин 1,5 ҳазор километр хатҳои интиқолии барқи баландшиддат, аз қабили «500 кВт-и Ҷанубу Шимол» 220 кВт-и «Лолазор – Хатлон» ва «Боткент – Конибодом» ба истифода дода шуданд. Дар баробари ин, 50 зеристгоҳи баландшиддати барқӣ бунёду таҷдид ва, дар маҷмуъ, 75%-и инфрасохтори энергетикии кишвар навсозӣ гардид.
Чунин далелҳо баёнгари онанд, ки Тоҷикистон ба равнақи соҳаи гидроэнергетика аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Далели муътамад ин аст, ки дар ин давра дар кишвар зиёда аз 2000 мегаватт иқтидори энергетикии иловагӣ бунёд гардида, соли 2011 низоми ягонаи энергетикӣ ба вуҷуд оварда шуд, ки он устувории фаъолияти соҳаро таъмин менамояд. Далели дигар, барқчиёни мо дар қиёс ба соли 2020 имрӯз бештар аз 3 млрд кВт-соат барқ истеҳсол менамоянд. Агар минбаъд чунин раванди коргузорӣ идома ёбад, дар 7 соли оянда иқтидорҳои энергетикии кишвар ба 10 ҳазор мегавват расонда мешавад. Он гоҳ мо барои расидан ба истиқлоли комили энергетикӣ муваффақ хоҳем гардид. Ин амали коргузорӣ на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми Осиё, бахусус Осиёи Марказӣ, манфиатбахш мебошад.
Тавре зикр кардем, бунёди неругоҳҳои бузурги Тоҷикистон на танҳо истеҳсоли барқро афзун менамоянд, балки, аз ҳама муҳим, дар фаслҳои сардӣ низ дар давраи норасоии неруи барқ ба қадри даркорӣ барқ истеҳсол намоянд.
Сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи сӣ соли Истиқлоли давлатӣ имкон дод, ки на танҳо соҳаи гидроэнергетика пой барҷо ниҳад, балки як дараҷа баҳри ноил шудан ба ин ҳадафи стратегӣ ноил гардад. Далел бар ин андеша он аст, ки агар соли 1990 дар кишвар анқариб 16 млрд кВтсоат барқ истеҳсол мешуд, алҳол ин нишондиҳанда зиёда ба 21 млрд кВтсоат расидааст. Дар ин замина, азхудкунии иқтидорҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон аз 3,2 ба 4,3% афзудааст.
Аз нигоҳи мутахассисон агар Неругоҳи барқи обии «Роғун» пурра бунёд гардад, ин нишондиҳанда ба 8-10% мерасад. Сарвари давлат пайваста таъкид менамоянд, системаи энергетикие, ки дар асоси захираҳои пуриқтидори обӣ – энергетикии ҷумҳурӣ бунёд гардидааст, яке аз системаҳои пешрафта ва боэътимод дар байни кишварҳои ИДМ ба ҳисоб меравад.
Имрӯз дар назди энергетикҳо вазифаи муҳим – расидан ба истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон истодааст. Чунин далелу андешаҳо аз он башорат медиҳанд, ки сиёсати энергетикии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон «реша дар об» дорад, бинобар ин, мо бе муболиға гуфта метавонем, ки соҳаи гидроэнергетика як ҷузъи иқтисодиёти миллӣ буда, ба мустақилияти энергетикӣ ноил хоҳем гашт.
Ҳасан АСОЕВ,
коршиноси масоили экологӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.10.2022 №: 205 Мутолиа карданд: 1593