logo

сиёсат

ИФРОТГАРОИИ ИСЛОМӢ ЧИСТ? Ё ЧАРО ОН БО НИЗОМИ ДУНЯВӢ ДАР ҶАНГ АСТ

 
Ифротгароии исломӣ бо истилоҳи экстремизми исломӣ маъруф буда, навъе аз эътиқод ва андеша дар ислом аст, ки бо демократия, низоми дунявият, ҳукумати қонунӣ, озодии фардӣ, эҳтироми тарафайн ва таҳаммул ба ақоиду боварҳои гуногун мухолифат мекунад. Ин тафаккур ба истилоҳоти ифротгароии исломӣ, бунёдгароӣ ва исломи радикалӣ низ ном бурда мешавад. Терроризм ва ҷиҳодгароӣ натиҷаи ифротгароии исломӣ аст, агарчи, баъзан, истисно ҳам вуҷуд дорад. 
Ифротгароии исломӣ ва исломи радикалӣ истилоҳоти баҳсбарангез ҳастанд, чунки ташреҳоти илмии онҳо мумкин аст, дар ҳар замина тафовут дошта бошад. Масалан, додгоҳи олии Англия, ки бори нахуст вобаста ба ифротгароии исломӣ ҳукми судӣ содир намуда буд, ба ин зуҳурот шарҳу таърифи нисбие ироа кард. Дар ин шарҳу таърифҳо истифода аз усулҳои ваҳшатнок, монанди бомбгузорӣ ва террор барои дастёбӣ ба ҳадафҳои исломӣ, навъе аз ҷиҳодгароӣ ва ифротгароии исломӣ шумурда шудааст. Дар робита ба истилоҳоти мазкур, шарҳу таърифҳои академикӣ низ мавҷуданд, ки аз ду қисмат иборат мебошад:
1. Тафаккури исломӣ тамоми идеологияҳои дигар – капиталистӣ, сотсиалистӣ, коммунистӣ, демократӣ ва ғайраро ғайриисломӣ мешуморад; 
2. Тафаккури исломӣ андешаест, ки бетафовутии сохтори давлатҳоро ба ислом қабул надорад. Яъне, ифротгароён дар ин андеша ҳастанд, ки сабаби ҳамаи нокомиҳои онҳо сохтори давлатдорӣ аст.
Ба назари мо, мавридҳои зерин муҳтаво ё нишонаҳои тафаккури исломи радикалиро нишон медиҳад: 
Нахуст, нигоҳи “маънавӣ” ба ҷаҳон. Ҷаҳонбинии “маънавӣ”-и куллӣ, ҷаҳонбинии “маънавӣ”-и абадӣ яке аз усулҳои аслии ифротгароии исломи радикалӣ аст. Онҳо ин ҷаҳонро башиддат ба “мо дар муқобили онҳо” тақсим мекунанд. Ба андешаашон, дар як тараф касоне, ки саодатманд ва наҷотёфтаанд, яъне навъи “дуруст”-и мусалмонон (ифротгароён) қарор доранд ва дар муқобили онҳо дар тарафи дигар касоне ҳастанд, ки навъи “нодуруст”-и мусалмонон  мебошанд, ки бояд барои абадият лаънат шаванд. Барои ифротгароёни исломӣ ба “навъи нодуруст”-и мусалмонон аҳли суннат, аҳли шиа, мусалмонони миёнарав ва дигар одамони бо онҳо ҳамкор шомил ҳастанд, ки куштани онҳо гуноҳ нест, балки ҷиҳод аст.
Дуюм, аз ҷониби ифротгароён нодида гирифтани муқаррароти сахтгиронаи ҳукм, яъне бандҳое, ки дар Қуръон ва ҳадис барои ахлоқи марбут ба иҷрои ҷиҳоди мусаллаҳона омадаанд, як амри воқеъ аст. Масалан, истифода аз хушунати беш аз ҳад, ҳамла ба ғайринизомиён, “худкушӣ” барои куштани дигарон, шиканҷа ё қатли зиндониён зидди ҳукми ҷиҳоданд, аммо ифротгароён ба ин корҳо даст мезананд.
Сеюм, истифодаи ғаразноки баъзе аз ояҳои Қуръони карим ва ҳадисҳои Паёмбари акрам (с) барои помол кардани қонунҳои кишвари худ.
Чорум, табақабандии ҳамаи ғайри-мусалмонон ба унвони кофирон ва куффор.
Панҷум, тарғибу ташвиқи тафаккури салафии ифротӣ, ки барои мусалмонон робитаҳои табиӣ, аз ҷумла муносибатҳои хонаводагӣ, хешовандӣ ва миллиро нақз мекунанд ва ба ҷои онҳо тафаккури ифротиро ривоҷ мебахшанд.
Шашум, таъйид ва ташвиқи фатвои донишмандони ифротгар, ки мафкураи насли ҷавонро тағйир медиҳад.
Ҳафтум, пайравӣ аз таълимоте, ки мусалмононро аз номи Аллоҳ ташвиқ ба экстримизм ва терроризм мекунанд.  
Агар андешаҳои худро ба таври муҷаз баён намоем, яке аз нишонаҳои боризи исломи радикалӣ дар замони муосир зидди давлат амал кардани он аст. Дар асри ХХ, ки ҷаҳон ба таҳаввулоти назаргире мувоҷеҳ гардид, вобаста ба тағйироти куллӣ дар низоми давлатҳое, ки дар он аксаран мусалмонон зиндагӣ мекунанд, дар баробари низоми давлатдорӣ шеваи амалкарди ислом низ таҳаввул кард. Дар муқобили давлатҳое, ки дар шакли миллӣ ташкил шуданд ва манфиату арзишҳои миллии худро дар мадди аввал гузоштанд, исломи радикалӣ дар камин нишаст ва бо истифода аз фурсати мусоид муқовиматҳои идеологӣ ва гоҳо мусаллаҳона низ кард.
Агар ба таърихи на чандон дури мо дар замони истиқлол як назари амиқ андозем, мебинем, ки решаҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ пайванд бо исломи радикалӣ доранд. Дар оғози истиқлол миллати тоҷик барои дубора эҳё кардани арзишҳои миллӣ талош меварзид ва равшанфикрон дар сафи пеши ин талошҳо буданд. Аммо аз ин бедории миллӣ радикалҳои исломӣ ҳадафмандона истифода бурда, ҷараёни беғаши худшиносии миллиро барои пиёда кардани аҳдофи ғаразмандонаи худ истифода намуданд ва мардумро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд. Ин ҷанг мардумро ба ду тараф ҷудо кард: ба тарафи ифротиён ва тарафи ҳамаи боқимондаи аҳолии кишвар. Албатта, ин мавзуи дарднок ҷои баҳси дигар аст ва мо танҳо ба унвони мисол аз он ёд кардем, то пайомади хеле офатбори амалкарди исломи радикалиро дар ин мисол ишора кунем.
Тули чанд даҳсолаи охир таваҷҷуҳи коршиносон, олимони диншинос ва сиёсатшинос ба исломи радикалӣ ва пайомадҳои он дар равандҳои сиёсиву иҷтимоии кишварҳое, ки аҳолии онҳоро, асосан, мусалмонон ташкил медиҳанд, равона шудааст. Сабаби асосии чунин таваҷҷуҳ афзоиш ва шиддат ёфтани таъсири ислом ба сиёсати ҷаҳонӣ ва байналмилалӣ мебошад. Маҳз пас аз суқути Иттиҳоди Шуравӣ доираи амалкарди созмонҳо ва ҳаракатҳои навбаромади ифротгаро вусъат ёфта, бархе аз онҳо дар кишварҳо ва минтақаҳои мусалмоннишини пасошуравӣ роҳ ёфтанд. Таҳқиқи амиқи масъалаи мазкур, яъне зуҳуроти радикализм дар ислом, таъриху идеологияи созмонҳо ва ҳаракатҳои бунёдгаро ва ифротгарои исломӣ аз ҷониби муҳаққиқони ҷомеашиноси тоҷик хеле муҳим аст, зеро тавассути таҳқиқоти олимон мо бо муҳтаво ва мақсади ин зуҳуроти нави диниву сиёсӣ шинос шуда, ба аҳдофи зараровари онҳо дуруст баҳо дода метавонем. Илова бар ин, натиҷаҳое, ки аз таҳқиқи ин масъала ба даст оварда мешаванд, барои ба низом даровардани усулҳои илмиву амалии муносибати ҳуқуқӣ бо чунин зуҳурот ва ба мақомоти салоҳиятдори давлатӣ пешниҳод кардани тавсияҳои муфид ёрӣ мерасонанд.
Дар ин замони ҳассоси ҷаҳонишавӣ ва хуруҷи неруҳои ҷудоиандози ифротӣ вазифаи ҳар як фарди ватанпарвару миллатдӯст, бахусус ҷавонон, ки ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини исломро барои амалӣ кардани аҳдофи сиёҳи худ истифода мебаранд ва ифротгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд, чунки гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ оқибати фоҷиабор дорад. Зарур аст, ки ҳар як шаҳрванди бошарафи ҷомеа барои ҳифзи истиқлол ва якпорчагии кишвар талош варзад, зеро ояндаи халқу миллати тоҷик бо пойдории давлати миллии тоҷикон пайванди ногусастанӣ дорад.
  
Абдуҷаббор ШОАҲМАДӢ, 
“Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.10.2022    №: 205    Мутолиа карданд: 451
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед