logo

фарҳанг

«ДАШТИ ТУРНАҲО ВА Ё ДАНҒАРА»

 
Китоби навбатии нависандаи сермаҳсул, муаллифи зиёда аз 100 асари гуногунҳаҷм ва 43 кинои бадеию ҳуҷҷатӣ Шераки Ориён (Абдурофеъ Рабизода), ки зери ин ном тариқи матбааи «Ашуриён» дастраси хонандагон гардид, аз таърихи ноҳияи Данғара ва саргузашти мардумони он ҳикоят мекунад. 
Адиб зикр намудааст, ки Данғараро аз қадим Донғара ном мебурданд, ки он замон «дон» маънои обро дошт. Ба мисли дарёҳои Дон, Донестир (Днестр), Донепир (Днепр). Яъне, обе, ки аз баландӣ, аз домон ва камару паҳлуҳои кӯҳистон ба водиҳо ҷорӣ мешавад. Водии Данғара ҷойи обу гиёҳҳо, марғзору чарогоҳҳо буду сокинонаш ба ғаллакорию чорвопарварӣ шуғл меварзид. Баҳорон ва ҳам тирамоҳ турнаҳо ҳангоми омад ба ҷойҳои гарм ва ҳангоми бозгашт ба диёри худ дар ҳамин водии пурфайз дам ва барои идомаи роҳ неру мегирифтанд. Аз ин рӯ, Данғара Дашти Турнаҳо ва ҳам Дашти Куланг ном дошт. Дар ин даштҳо мардум ғалла мекоштанд ва аз бисёрии ғалладона номи макон - Данғара ҳамчун ғарами дони гандум ҳам фаҳмида мешуд.  Дар Данғара зиёда аз 200 ёдгории бостонии давраҳои гуногун мавҷуд аст. Зиёда аз 40 ҳазор ашё аз замони неолит дарёфтаанд. Яъне 10 - 4 ҳазор сол пеш аз милод ин ҷо одамон зистаанд. Академик В. Ранов маданияти Данғараро «неолити кӯҳӣ» ном бурдааст. Аз Дараи Шӯхӣ 6518 ва аз Кӯли Сӯфиён 1000-то ашёи сангӣ ёфтаанд. Ин дар асарҳои академик В. Ранов, муаррих ва пажӯҳишгар Бозор Муродов ва адиби шинохта Умари Шерхон таъкид ёфтааст.  
Дар бораи таърихи шаҳраку деҳоти ноҳияи мазкур ва атрофи он сухан ронда, адиб иброз медорад, ки Кангурт аз вожаҳои «кон» ва «гурд» таркиб ёфта, маънои кони паҳлавонҳоро дорад, яъне Конгурд буда, бо гузашти айём Кангурт шудааст. Таҳамтанҳои кангуртӣ бар зидди ғосибони Искандари Мақдунӣ, арабҳо, муғулу манғитҳо муборизаи сахт бурдаанд, ки ба ин сангтӯдаҳои деҳаи Сангтӯда шоҳиданд. 
Шераки Ориён дар хусуси ҳисси ватандӯстии данғарагиён ба гуфтаи пажӯҳишгар И. Пянков такя карда, ибрози андеша менамояд, ки мардуми Паратак ва Бубасен бар зидди истилогарони мақдунӣ  истодагариҳо кардаанд. Олими маъруф Ю. Ёқубов мавзеи Бубасени қадимро дар ҷойи ҳозираи рустои Булёни Поён медонад. Аз номи Паратак рустое мерос монда ба номи Паркамчӣ.  Муаллиф ақидаи муаррих Бозор Муродовро асос оварда менависад: «Дар деҳаи Булёни Поён ёдгориҳои асри VI-I пеш аз милод ва I-XII милод зиёданд. Тангаҳои замони Юнону Бохтар низ афзун пайдо шудаанд аз ин мавзеъ. Аз ҳамин лиҳоз, Бубасену Бурдон деҳкадаи Булёни Данғара мебошад». Азбаски Данғара кони ғалла, макони нону гандум буд, аз ҳамаи гӯшаву канори Мовароуннаҳру Хуросон ба ин ҷо меомаданд барои дарёфти ризқу рӯзӣ. Дар амвоҷи гандумзор падид меомаданд мадрасаю мақбараҳо ва ҳам марказҳои маънавӣ, ба монанди Мавлоно Тоҷид-дини Дашти Кулакӣ, Шақиқи Балхӣ, Мавлоно Обиддин, Хоҷа Шаро-фиддин, Мир Нодир, Саидшоҳи Самарқандӣ, Хоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ ва дигарон.  
Муаллиф зикр намудааст, ки барои офаридани ҳамаи ин дасти заҳмату меҳрубонӣ зарур буд. Имрӯз ҳам ин ҷо ғаллакорию доноварӣ идома дорад ва ин ҳамаро дасти заҳмату дасти меҳрубонӣ ороста мекунад. Дасте хӯшаҳоро мемолад, соҳиби даст миёни гандумзор қадам мезанад. Соҳиби дастони меҳрпарвар Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аст – зодаи ин даштҳои ғалла. Ин ҷо нони гандумиро мисли Офтоб гирда меофаранд. Ақида доранд, ки зиндагии Замин аз Офтоб ва анвори он бошад. 
Мардуми Данғара ҳамеша дар пайи ободӣ будаанд. Дили кӯҳро шикофта, аз баҳри Норак об оварданд, заминҳои лалмиро ба обӣ мубаддал сохтанд. Аз садҳо гектар ҳосили фаровони пахта ва дигар зироатҳо мерӯёнанд. Боғҳои фарохи олую себу гелосу ток мепарваранд. Турнаҳои қатор ин ҳама ободиро аз фазо мебинанд, дар замин бошад қатораи дигар дар тоз аст, андаруни қатораи оҳанин бари равзана фарзанди Дашти Куланг ва Данғараи ободони имрӯза ба мулки шукуфогашта ва мардуми хуррамдилаш менигарад. Ин роҳи оҳан ба шарофати ӯ ва талошу фидокориҳои вай кашида шуда ва ин фард Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки халқ Пешвои худ хондааст. Пешвои муаззами тамоми тоҷикони дунё. 
Китоби ҳаҷман хеле хурд, вале муҳтавояш бузург бо ин мисраъҳо ҷамъбаст мешавад: 
 
Ту диёри мардхезӣ, 
Мулки илму шеъру ирфон, 
Мулки тарвиҷи саноат, 
Зодгоҳи пури Раҳмон – 
Данғара! 
 
Қурбон МАДАЛИЕВ,  «Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.10.2022    №: 205    Мутолиа карданд: 1143
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед