logo

Хабарҳо

САМАРҚАНД МИЗБОНИ ҲАФТАИ ТЕХНОЛОГИЯИ АХБОРУ КОММУНИКАТСИОНӢ

Дар шаҳри Самарқанд ҳафтаи технологияҳои ахбору коммуникатсионӣ ифтитоҳ ёфт. Ҳафтаи технологияҳои ахбор ва коммуникатсионии ICWEEK дар Ӯзбекистон аз соли 2004 роҳандозӣ мешавад. Дар он ба таври анъанавӣ ширкатҳои бузурги IT-и хориҷӣ ва маҳаллӣ ширкат мекунанд. Аммо бо сабаби паҳншавии пандемияи коронавирус, аз соли 2020 то кунун он баргузор нагардида буд. 
 
Вазири рушди технологияҳои ахбор ва коммуникатсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шерзод Шерматов дар маросими ифтитоҳи он аз ин нукта ёдовар шуд ва дар идомаи суханронӣ изҳор намуд, ки боз имкон фароҳам омадааст, ки ин анъана аз сар гирифта шавад. Ба ин ҳамоиш аз соири кишварҳои Осиёи Марказӣ ва берун аз он меҳмонони зиёд даъват шудаанд. Самарқанди бостонӣ, ки чанде муқаддам нишасти навбатии сарварони кишварҳои узви СҲШ-ро  баргузор карда буд, ин бор ба ҳафтаи технологияҳои ахбору коммуникатсионӣ  мизбонӣ мекунад. 
Вай афзуд, талош хоҳанд кард, ки дар панҷ соли оянда Ӯзбекистон ба маркази минтақавии IT табдил ёбад. Барои расидагӣ ба чунин мақсад дар кишвар тамоми имконият фароҳам оварда шудааст. Ӯзбекистон то охири соли равон наздик ба 1 миллиард доллари ИМА маҳсулоти IT содир хоҳад кард.
Дар ҳамоиши мазкур аз Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати сардори Хадамоти алоқа Бег Зуҳуров як гурӯҳ мутахассисони IT ҳузур доранд. Дар ҷаласаҳои панелӣ ва муҳокимарониҳое, ки дар чаҳорчӯбаи ҳафтаи технологияҳои ахбору коммуникатсионӣ баргузор мегарданд, намояндагони Тоҷикистон аз фаъолият ва дастовардҳои худ дар соҳаи технологияи ахбору коммуникатсионӣ нақл хоҳанд кард. 
 
Мирасрор АҲРОРОВ, «Ҷумҳурият», шаҳри Самарқанд
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5383
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед