logo

Хабарҳо

МУЖДАҲО АЗ ПАХТАЗОР

 
Кишоварзони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нахустин шуда  дар  байни навоҳии пахтакори вилояти Суғд нақшаи истеҳсоли пахтаро иҷро карданд. Деҳқонони асили ноҳия аз майдони  8 ҳазору 28 гектар то ба имрӯз 18 ҳазору 534 тонна ҳосил ҷамъ оварданд, ки ҳосилнокӣ аз ҳар  гектар  ба 23,1 сентнер баробар мебошад. Пахтакорони ноҳия тасмим доранд, ҳосили боқимондаро беталаф ҷамъ оварда, онро ба беш аз 20 ҳазор тонна расонанд.
Дар ғалабаи   пахтакорони ноҳия саҳми  Кооперативи тиҷоратии ба номи Ҷаббор Расулов,   Ассотсиатсияи ба номи Раҳмон Набиев,  хоҷагии ба номи Қӯшатов, деҳоти Чашмасор, Додобой Холматов ва Зарзамин саҳми муносиб гузоштанд.
Дар мусобиқаи бистрӯзаи дуюми ҷамъоварии ҳосил “Ҳосил – 2022” миёни навоҳии пахтакори вилояти Суғд  деҳқонони ноҳияи Ашт ғолиб омаданд.  Онҳо дар бист рӯзи моҳи октябр ба миқдори наздик ба 26 дарсади нақша  ва ё  4 ҳазору 479 тонна ҳосил ҷамъоварӣ намуданд, ки нишондиҳандаи баланд дар миқёси вилоят буд. Хирмани то имрӯз бардоштаи деҳқонони аштӣ ба 14 ҳазору 40 тонна расидааст, ки иҷрои умумии нақшаи дурнамои истеҳсоли пахта 81,2 дарсад таъмин гаштааст. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода  ба ноҳияи ғолиб – пахтакорони Ашт мукофотпулӣ ба маблағи 17,5 ҳазор сомонӣ ва дигар туҳфаҳои молӣ супурд.  Дар бобаракат гаштани хирмани пахтаи ноҳия хоҷагиҳои деҳқонии “Рахшон”, “Рамз”, “Суҷҷа” ва “Сарибоғ” саҳмгузоранд.
Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода  иброз дошт, ки кишоварзони ноҳия бо истифода аз ҳавои мусоид кӯшиш доранд ба ғунучини ҳосил суръат бахшида, нақшаи дурнамои пахтаро рӯзҳои наздик ба иҷро расонда,  17 ҳазору 300 тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд.
 
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5074
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед