logo

фарҳанг

ТОҶИКИСТОН. ОСОРХОНАҲО МАҲБУБИЯТИ ДУШАНБЕРО ҶАҲОНӢ МЕКУНАНД

Яке аз ибтикороти муҳиме, ки солҳои соҳибистиқлолӣ ба он диққати махсус дода шуд, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва бунёди осорхонаҳо дар ҳудуди ҷумҳурӣ мебошад. Доир ба аҳамияти фаъолияти осорхонаҳо дар ҳаёти ҷомеа Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз намудаанд: “Халқе, ки ба гузаштааш арҷ мегузорад, халқе, ки ҳофизаи қавии таърихӣ дорад, ҳатман осорхона бунёд мекунад”.
Маҳз бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон 7 сентябри соли 2001 дари худро барои қабули тамошобинон боз намуд. Осори таърихии осорхонаи мазкур дар натиҷаи ҳафриётҳои бостоншиносии ёдгориҳои таърихии гӯшаву канори кишвар, ҳанӯз аз солҳои 30-юми асри XX то ин замон ҷамъоварӣ шуда, имрӯзҳо беш аз сад ҳазорро фаро гирифтаанд. Иддае аз онҳо ба сифати шоҳкориҳои башарият шинохта шудаанд ва дар дунё ҳамто надоранд. 
Дар ин ҷода, Осорхонаи таърихии вилояти Суғд низ наздики як аср мешавад, ки шоҳкориҳои ниёгонро ҳифз намуда, онро ба наслҳои оянда вомегузоранд. Аммо Осорхона солҳои аввали соҳибистиқлолӣ соҳиби бинои худ ва мувофиқ ба меъёрҳои амалкунанда набуд. Хушбахтона, моҳи июли соли 2003 хишти нахустини он гузошта шуд. Сохтмони он ба маблағи 3 миллиону 800 ҳазор сомонӣ бунёд ёфт, ки 500 ҳазораш махсусан аз хазинаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷудо гардида буд. Роҳбари фарҳангпарвари Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 августи соли 2006 дар вазъияти тантанавӣ, дар ҳузури аҳли зиёи мамлакат бинои нави Осорхонаро ифтитоҳ намуданд.
Солҳои охир пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе ба яке аз марказҳои баргузории чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ – конфронсу симпозиумҳои сатҳи ҷаҳонӣ табдил ёфт. Намояндагони кишварҳои ҷаҳон ба ин шаҳри хуррам зиёд ташриф меоваранд. Аз ин рӯ, бо мақсади боз ҳам хубтару бештар муаррифӣ намудани таъриху фарҳанги миллати тоҷик, зарурати таъсиси бинои нави Осорхонаи миллии Тоҷикистон пеш омад. 7 - уми августи соли 2010 аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда дар шаҳри Душанбе ба сохтмони бинои нави Осорхонаи миллии Тоҷикистон оғози расмӣ бахшида шуд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рафти сохтмон ва ороишу таҷҳизи Осорхонаи миллии Тоҷикистонро шахсан зери назорати худ қарор дода буданд.
Натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки бинои муҳташаму зебои Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ бунёд ёфт. Ҳамакнун дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон имкониятҳои хуби пешбурди корҳои ҷамъоварию нигаҳдорӣ, илмию таҳқиқотӣ ва оммавию маърифатӣ мавҷуданд. 
Бо ташаббуси Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор низ 22 сентябри соли 2015 бинои осорхонаи ноҳиявӣ дар вазъияти тантанавӣ ба истифода дода шуд. Ин бинои наву замонавӣ ба истиқболи Ҷашни 3000-солагии Ҳисори Шодмон бунёд ёфт, ки дорои тамоми шароит барои фаъолияти осорхонавӣ мебошад.
Аз ифтитоҳ ва фаъолияти даҳҳо осорхонаҳои дигар метавон ёдовар шуд, ки онҳо самараи даврони соҳибистиқлолии Ватан буда, ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд шудаанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста аз экспозитсияи осорхонаҳо боздид ба амал оварда, доир ба ҳифз ва муаррифии шоистаи мероси ниёгон ба масъулин супоришҳои мушаххас ироа доштанд. 
Ҳамин тавр, дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, осорхонаҳои гуногун бунёд гашта, қисме аз онҳо таъмиру азнавсозӣ шуданд. Таъсиси осорхонаҳо, ки рамзи пайванди дирӯзу имрӯзу фардо ва баёнгари арзишҳои волои маънавии мардум мебошанд, дар раванди ташаккули миллати тоҷик низ, ба ҳукми анъана даромадааст. Осорхонаҳои нав тибқи меъёрҳои муосир бунёд гардида, аз лиҳози меъморӣ намунаи барҷастаи пайванди асрҳо ба шумор мераванд. Ҳамакнун, дар осорхонаҳо имконияти хуби ҷамъоварӣ, омӯзиш, нигоҳдорӣ ва муаррифии ёдгориҳои пурарзиши миллати тоҷик фароҳам шудаанд. 
Лозим  ба  таъкид  аст, ки дар рушди осорхонаҳои Тоҷи-кистон сиёсати фарҳангӣ ва ибтикороти фарҳангпарваронаи Пешвои миллат нақши меҳварӣ дорад. Ҷавҳари ин сиёсатро пуштибонӣ аз манфиатҳо ва арзишҳои милливу таърихи тоҷикон дар сатҳи сиёсати давлатӣ ва арҷгузорӣ ба шоҳкориҳои ниёгон ташкил медиҳад. Хушбахтона, ин сиёсати фарҳангӣ имрӯзҳо боиси рушди фаъолияти осорхонавӣ ва муаррифии таъриху фарҳанги волои тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ гардидааст.
 
Фирдавси АБДУЛҲАМИД,номзади илми таърих
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.10.2022    №: 206    Мутолиа карданд: 1389
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед