илм
ФОТЕҲИ ҚУЛЛАҲОИ ИЛМ
Доктори илмҳои филология, профессори кафедраи филологияи араби Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сайидраҳмон Сулаймонов шуъбаи арабии факултети шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро соли 1969 хатм кардааст.
Ӯ аз соли 1972 дар кафедраи филологияи араби Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) аввал дар вазифаи лаборанти кафедра, пасон ассистенти он ва баъди итмоми аспирантура ва дифои рисолаи номзадӣ дар Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шуравӣ дар шаҳри Маскав дар мавзуи «Асосҳои лингвистии топонимика дар асари «Муъҷам ал-булдон»-и Ёқути Ҳамавӣ (асри XIII )», то соли 1980 ба симати муаллими калони кафедраи филологияи араб фаъолият дошт. Солҳои 1980-1983 дар Ҷумҳурии Ироқ дар сафари хидмати буда, ба симати тарҷумон - референти мушовири иқтисодии сафорати Иттиҳоди Шуравӣ дар Ҷумҳурии Ироқ кор ва баъди бозгашт аз сафари хидматӣ то соли 1985 дар вазифаи иҷрокунандаи дотсенти кафедраи филологияи араби Донишгоҳи миллии Тоҷикистон корро идома дод.
Фаъолияти омӯзгорӣ ва илмию эҷодии доктори илмҳои филология, профессор Сайидраҳмон Сулаймонов доманадор буда, аз соли 1972 то кунун дар Донишгоҳи миллӣ ва, ҳамзамон, дар Пажӯҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи АМИТ дар "Маркази Синошиносӣ" ба тарҷума,таҳқиқ ва таҳияи осори мутафаккирони арабизабони форсу тоҷик машғул аст.
Соҳаи фаъолияти кории профессор Сайидраҳмон Сулаймонов ба се бахши асосӣ тақсим мешавад: 1) фаъолияти омӯзгорӣ; 2) тарҷума, таҳия ва таҳқиқи осори фалсафии мутафаккирони арабизабони форсу тоҷик ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ; 3) фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ.
Аз осори фалсафии Ибни Сино ин асарҳоро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст: «Ҳикмати машриқия», «Ҳидоя», «Ибора», "Гиёҳнома", "Ҷонварнома" аз «Китоб аш-шифо», маҷмуаи рисолаҳо: «Ҳудуд», «Андар ахлоқ», «Тафсири Ибни Сино ба баъзе сураҳо ва оятҳои Қуръон», «Андар ишқ», «Саломон ва Абсол», «Ҳай ибни Яқзон», «Рисолаи тайр», «Илми ладунӣ», «Фирдавс дар моҳияти инсон», «Аршия дар сифоти Аллоҳ Таоло» ва чанде дигаранд. Ин асарҳо ва чанд асари дигари Шайхурраис аз "Китоб аш-шифо" ба забони русӣ тарҷума гардида, дар солҳои мухталиф дар зимни осори тарҷумашудаи Ибни Сино дар нашриёти "Дониш" ба табъ расидаанд. Ба қалами ин донишманд осори фалсафии Умари Хайём ба забони русӣ тарҷума шуда буд. Тарҷумаҳои тоҷикии ин осорро илова намуда, соли 2003 дар нашриёти «Ирфон» ба чоп расонд.
Дар натиҷаи заҳматҳои бисёрсолаи ӯ Фарҳанги забони муосири араб, инчунин, бо теъдоди 70 ҳазор калима соли 2005 ва бо такмилу иловаҳо бо теъдоди 10000 калима дар солҳои 2011, 2018, 2022 аз чоп баромада, дастраси донишмандону донишҷӯён гардид.
Соли 2008 дар нашриёти «Нур - 2003» «Фарҳанги васити арабӣ – тоҷикӣ» бо теъдоди 30 ҳазор калима, аз чоп баромад. Инчунин, "Фарҳанги мукаммали алифбоии арабӣ-тоҷикӣ-русӣ"-ро ба чоп омода сохтааст, ки наздики 150 ҳазор калимаро шомил буда, дар илми луғатнигории ҷаҳонӣ камназир аст.
Дар соли 2011 ба профессор Сайидраҳмон Сулаймонов барои таълифи ин фарҳанг унвони фахрии Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон доданд. "Фарҳанг" бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба табъ расид.
Моҳи октябри соли 2018 дар пойтахти Давлати Қатар - шаҳри Давҳа доир ба паҳлуҳои гуногуни забони арабӣ Озмуни байналмилалӣ баргузор шуд ва ӯ соҳиби ҷоизаи ин озмун гардид.
Ҳамин тавр, ӯ пайваста мекӯшад, ки қуллаҳои наву баланди илмро фатҳ намояд.
Бегмат МАҲМАДОВ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.10.2022 №: 206 Мутолиа карданд: 1542