logo

Хабарҳо

«АЗ ДАСТҲОИ НАҶОБАТУ ГУЛРЕЗ»

 
Дар муроҷиатномаи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сокинони пойтахти мамлакат омадааст: «Аз тамоми сокинони шаҳри Душанбе даъват ба амал меорам, ки барои ба шаҳри гулрез табдил додани пойтахт саҳм гузоранд. Дар ин радиф пешниҳод менамоям, ки ҳар як сокини пойтахт дар мавсими шинондани гулу буттаҳои ороишӣ дар назди манзили зисташон, боғҳо, хиёбонҳо ва роҳравҳои пойтахт гулҳои садбарги гуногунранг шинонда, онҳоро парвариш намоянд. Бо ин иқдом мо на танҳо шаҳри худро гулрез мегардонем, балки дар рушди эҳсоси зебоипарастии ҷомеа ва дар ободонии он саҳм мегирем ва бо ин роҳ, ба насли наврас ва ҷавонони кишвар дӯст доштани табиат, макони зист ва сарзамини худро меомӯзонем».
Ин муроҷиати саривақтӣ ҳамовозии гарму ҷӯшон пайдо кард ва дар як муддати кӯтоҳ шаҳр бо гулҳои рангорангу тару тоза ҳусну таровати махсусро ба худ касб кард. Ин ҳама таъсири неки худро ба адабиёти миллӣ низ гузошт. Ҳамин аст, ки дар васфи гулҳои Душанбе шеъру сурудҳои зиёд эҷод шуданд.
Муаллифи китоби тозанашр бо номи «Аз дастҳои наҷобату гулрез» Аламхон Кӯчарзода низ ба васфи гулҳои пойтахти мамлакат як силсила рубоиҳои худро таълиф ва ҷамъ оварда, дастраси хонандагон ва ҳаводоронаш гардонд. 
Он кас, ки дилаш поку ҳушаш дар 
кор аст,
Дар ҷодаи зиндагӣ раҳаш ҳамвор аст.
Гулдӯзии пероҳани зебои диёр
Аз ҳиммату аз садоқати гулкор аст. 
– мегӯяд шоир.
 
Ва ё:
Тоҷи сари гулҳои замин садбарг аст,
Дар чаллаи гулкор нигин садбарг аст.
Доғе ба дили лола фитодаст аз он – к,
Дар ӯ ҳамагӣ чору дар он сад барг аст.
 
Аз ин намунаи рубоиҳо муҳаббату самимияту зебоишиносии муаллиф равшану ошкор мебошад. Ӯ саъй ба харҷ додааст, то бар суханаш пероҳани гулдӯзӣ бипӯшонад ва, ҳамзамон, муҳаббати хонандаро ба зебоиҳову таровати гулҳо биафзояд.
Муаллиф дақиқ мушоҳида кардаву бо назокати хос дар бораи гулҳои пойтахт, гулкорон сухан мегӯяд.
Ба китоб Умар Сафар, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, сарсухани ҷолиб навиштааст. Ӯ барҳақ изҳор дошта, ки «Дидор ба як гули шукуфон дидор бо зебоӣ, бо меҳру дӯстдорӣ аст. Чашми мо – инсонҳо аз чеҳраи ҳар гуле шодиву нишот бармедорад ва вуҷудамонро саршори тавону неру, наҷобату оромиш месозад. Баҳрагирӣ аз ин сарчашмаи поку зулол, латофату назокат, зебоӣ одати ҳар рӯзи мо шудааст. Аммо шигифт ин аст, ки мо перомуни ашхосе, ки замони тулонӣ ранҷу заҳмати парвариши ин ҳама маҷмуи зебову фараҳангезро ба дӯш мегиранд, камтар меандешем». 
Ҳамин тавр, ин маҷмуаи рубоиҳои шоир дар васфи гулу гулкорон дар навбати худ як иқдоми нек аст. Яъне, бояд чун ин силсилаи шеърҳо дар жанрҳои гуногуни адабӣ, махсусан дар мавзуи гулу гулкорӣ, зарур аст, ки эҷод шаванд ва нашр гарданд. Ин, бешак, ба боло бурдани завқи зебоишиносӣ, дӯстдории сарзамини аҷдодӣ мусоидат мекунад.
 
Абдулқодири РАҲИМ, 
«Ҷумҳурият»
 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3695
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед