logo

Хабарҳо

ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ. ВАЗЪ ВА ДУРНАМО

Таҳти чунин ном дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд доир гардид. Дар он намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, коршиносон ва хабарнигорон ширкат варзиданд.
 
Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Хайриддин Усмонзода дар сухани ифтитоҳии хеш зикр намуд, ки ҳукумати электронӣ низомест, ки муоширати самараноки ҳамаи муассисаву мақомоти расмию ғайрирасмиро муттаҳид намуда, ба онҳо шароит фароҳам меорад, то бо истифода аз шабакаи компютерӣ гардиши санадҳои электронии байниидоравиро таъмин созанд, ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ хизматрасониҳои иттилоотиро пешниҳод кунанд ва ё арзу шикоятҳои онҳоро баррасӣ намоянд.
- Муҳимтарин нақши «Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон» дар он ифода меёбад, ки санади мазкур дар назди мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилот вазифа мегузорад, то таъмини иттилооти электрониро ба роҳ монанд. Таъсис додани сомонаҳои ҳукуматии ҳамаи вазорату идораҳои кишвар дар шабакаи ҷаҳонии интернет, ки дар оянда дар шакли портали ҳукуматии иттилоотӣ – ахбории ягонаи ҳукумат муттаҳид мешаванд, рушди сомонаҳои интернетии идоравӣ, ки пурра ва сари вақт ҷойгирнамоии маълумоти дахлдорро дар онҳо таъмин мекунанд, вазифаҳои аввалиндараҷа маҳсуб мешаванд. Аммо, дар самти татбиқи ин мақсад мушкилоти муайян ҷой дорад. Яке аз чунин мушкилот дар самти иттилоотонӣ ин ҳанӯз коркард нашудани маълумоти кушода мебошад. Ба гуфтаи масъулони соҳа, дар Тоҷикистон заминаи фаровони маълумоте, ки бояд дастраси омма бошад, ҳамчун хазина маҳфуз аст. Ин маълумот ҳанӯз ҳам  дастраси  омма  нагаштааст, зеро коркард ва пешниҳоди он дуруст ба роҳ монда нашудааст, - изҳор дошт Х. Усмонзода.
Дар нишаст дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти гузариш ба ҳукумати электронӣ, вазъи татбиқи ҳукумати электронӣ дар фаъолияти сохтору идораҳои давлатии кишвар, таҳлилу баррасии санадҳои танзимкунандаи соҳа, мушкилот ва монеаҳои ҷойдошта дар самти гузариш ба ҳукумати электронӣ, дараҷаи самаранокии татбиқи унсурҳои алоҳидаи ҳукумати электронӣ дар соҳаҳои асосии кишвар (идораи давлатӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва низоми хизматрасонӣ) ҳукумати электронӣ ва ҳифзи амнияти иттилоотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои марбут ба он муҳокима гардиданд.
Абдураҳмон Гулзода, директори Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия, дар мавзуи истифодаи унсурҳои ҳукумати электронӣ дар низоми таҳсилоти ҷумҳурӣ: дастовардҳо, мушкилот ва дурнамо, Дилшодбек Ғаниев, директори департаменти технологияҳои иттилоотии Бонки миллии Тоҷикистон дар хусуси низоми ҳуҷҷатгузории электронӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон, Абдукарим Қурбонов, мудири бахши котиботи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба самаранокии амалишавии принсипҳои ҳукумати электронӣ дар самти тақвият бахшидани соҳаи сайёҳӣ (дар мисоли Тоҷикистон), Собирҷон Вазиров, муовини сардори раёсати такмили қонунгузории андози Кумитаи андоз дар мавзуи такмили қонунгузории андоз ва рақамикунонии он, Тоҳир Умаров дар мавзуи таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ба фаъолияти иҷтимоии одамон  ва дигар намояндагони вазорату идораҳо суханронӣ намуда пешниҳодҳои худро манзур доштанд.
Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ изҳори умед кард, ки ин нишаст барои татбиқи ҳамаҷонибаи сиёсати давлатӣ дар самти татбиқи ҳаматарафи ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
 
З. РАҶАБ, 
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3902
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед