logo

Хабарҳо

БАРГУЗОРИИ VIII ҲАМОИШИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «МУАММОҲОИ МУОСИРИ ФИЗИКА»

 
Дар Институти физикаю техникаи  ба номи  С. Умарови Академияи миллии илмҳо VIII Ҳамоиши байналмилалии «Муаммоҳои муосири физика» доир гардид, ки дар он олимони кишварҳои Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, Озарбойҷон ва Чин  ба таври маҷозӣ  ширкат намуданд.  
 
Ибтидо таъкид шуд,  ки мақсад аз роҳандозии Ҳамоиши мазкур  баррасии муаммоҳои муосири илми физика – ҳалли масъала, фарзияҳо ва исботи  дурустии  хулосаҳои илмии бадастомадаи олимони соҳа мебошад. Чорабинии мазкур имкон фароҳам меорад то олимони соҳа  ба ҳам оянд, натиҷаҳои таҳқиқоти илмии худро, ки дар пайи омӯзиш ба даст омадаанд, ба муҳокима пешниҳод созанд.  
Фарҳод Шокир, директори Институт, аз ҷумла гуфт, ки дар кишвари мо ба рушди илмҳои дақиқ, гузарондани корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ ва тарбияи олимони ҷавон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. Аз ҷумла,  солҳои охир як зумра  ҷавонон аз ҳисоби Буҷети давлатӣ дар мактабҳои илмии хориҷи кишвар таҳсил намуда, ҳоло дар Институт фаъолият доранд ва Ҳамоиши мазкур имкони хубест барои муаррифии  дастовардҳои нави илмиашон.
Дар Ҳамоиш, ки дар якчанд бахш идома кард, олимон, аз ҷумла мавзуъҳои  хосиятҳои диэлектрикии маҳлулҳои обии электролитҳо,  сигналҳои фотоакустикии маводҳои сахт, динамикаи молекулавии падидаҳои наномиқёс дар таҳқиқи маводи доруӣ ва маводҳои нав, ташаккули объектҳои наноандоза дар монокристаллҳои кремний, усулҳои ҳисоби сохтори электронии маводи нанокомпозитӣ, истифодаи комплексии манбаъҳои барқароршавандаи энергия, моделсозии системаҳои квантӣ бо спини баланд, воридшавии чангу ғубор ба қисмати ҷанубӣ ва марказии Тоҷикистон, таҳлили консентратсияи ҷузъҳои карбон дар аэрозолҳои атмосфера, консентратсияи металлҳои вазнин дар рустаниҳои шифобахши кишвар ва хосиятҳои биологии металлҳои омӯхташуда, технологияи истифодаи антратсит барои истеҳсоли маводи карбон, ҳисобкунии коэффисиенти гармии хӯлаҳои алюминий, таъсири мутақобилаи дохилимолекулярӣ дар пайвастагиҳои гетеросиклиро баррасӣ  намуданд.
Ҳамин тавр, VIII Ҳамоиши байналмилалӣ имкон фароҳам овард то олимони соҳа ба ҳам оянд ва атрофи муаммоҳои муосири физика муколама намоянд.
 
Ф. ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 4070
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед