logo

мулоқотҳо

ВОХӮРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ШАРЛ МИШЕЛ

27 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳошияи нишасти сарварони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо бо Президенти Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел мулоқот карданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардиданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки  Иттиҳоди Аврупо дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҷойгоҳи хосса дорад.
Ҷонибҳо аз сатҳи муносибатҳо ва аз татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ ва  шарикӣ, ки барои густариши ҳамкории ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо асоси устувор гузоштааст, изҳори қаноатмандӣ карданд.
Зимни мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар самти сармоягузорӣ, фаъолияти ширкатҳои муштарак ва расондани кумакҳои техникиву молиявӣ барои соҳаҳои афзалиятноки иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, дастгирии молиявӣ ҷиҳати рафъи пайомадҳои пандемияи COVID-19 ва таъсири манфии буҳрони сиёсии кишварҳои ҷангзада ба иқтисоди мамлакати мо, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар бахшҳои саноат, истихроҷи маъдан, бунёди зерсохтор, соҳаҳои кишоварзӣ, сайёҳӣ ва маорифу тандурустӣ, зарур шумурда шуд.
Дар рафти мулоқот таҳкими шарикӣ бо Иттиҳоди Аврупо дар маблағгузории татбиқи лоиҳаҳои “Иқтисоди сабз”, “Иқтисоди рақамӣ”, таъсиси “Паркҳои технологӣ”, “Технологияҳои рақамӣ” ва ҷорӣ намудани Низоми “Савдои электронӣ” дар Тоҷикистон ба манфиати ҳар ду ҷониб маънидод гардид.
Ҷонибҳо зимни мулоқот, инчунин, оид ба ҳалли мушкилоти глобалии марбут ба об ва тағйирёбии иқлим, табодули афкор анҷом доданд.
Зимни муҳокимаи масоили таҳкими амнияту субот дар Осиёи Марказӣ ҷонибҳо қазияи Афғонистон ва ҳамкориҳоро дар самти ҳифзи сарҳад дар чаҳорчӯби татбиқи барномаҳои БОМКА ва КАДАП баррасӣ карданд.
Ҷониби Иттиҳоди Аврупо тазаккур дод, ки дар масоили Афғонистон Тоҷикистонро шарики муҳими худ ҳисобида, минбаъд низ дар ҳалли қазияи ин кишвари ҳамсоя, бахусус, мустаҳкам кардани сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ҳамкориҳои муфидро роҳандозӣ хоҳад намуд.
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.10.2022    №: 207    Мутолиа карданд: 1552
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед