logo

иқтисод

РОШТҚАЛЪА. ДОИРАИ БУНЁДКОРИҲО ТАВСЕА МЕЁБАД

Ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни кор дар иншооти сохташавандаи ноҳияи Роштқалъа раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ ва Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Насрулло Раҳматҷон  ба ноҳия сафари корӣ анҷом доданд. Зимни боздид аз иншооти бунёдшаванда, онҳоро Ҷумъазода Далер Шофақир, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъати корҳои созандагиву ободонӣ   сарпарастии ноҳияро ба зимма дорад ва раиси ноҳияи Роштқалъа Шоҳмирзозода Аъзам ҳамроҳӣ намуданд. 
Гурӯҳи корӣ  нахуст  дар маркази ноҳия ҷараёни  сохтмони биноҳои беморхонаи марказӣ ва бемориҳои сироятиро  мавриди бозбинӣ қарор дод. Ин ду иншооти муҳими соҳаи иҷтимоӣ бо маблағгузории Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда истодааст. Беморхонаи марказӣ барои 100 кати хоб ва бемориҳои сироятӣ бошад, барои 20 кати хоб пешбинӣ гардидаанд. Корҳои сохтмониро  дар иншооти мазкур  ширкатҳои сохтмонии маҳаллӣ – ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Бунёд” ва “Муқимсохтмон” пеш мебаранд, ки ҳар дуи онҳо дар вилоят чун ширкати сохтмонии муваффақ  машҳуранд. Дар ин иншоот  сохтмончиён, асосан, аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд. 
Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи сохтмон, ҷадвали кор  ва рафти корҳои бунёдӣ раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ ва Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Насрулло Раҳматҷон ба фаъолияти сохтмончиён баҳои баланд дода, ҳамзамон, ба пудратчиён ва ширкатҳои сохтмонӣ бобати сари вақт ва бо сифати баланд ба истифода додани иншооти мазкур дастуру супоришҳои иловагӣ  доданд. 
Ҳамчунин, гурӯҳи корӣ  дар маркази ноҳия аз  рафти  сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии типи нав барои 640 хонанда ва аз қитъаи ҷудогардида барои бунёди бозор  дидан ба амал овард. 
Бунёди муассисаи замонавии мазкур бо дастури   Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, онро  ояндаи наздик хонандагони болаёқати деҳоти ноҳия чун туҳфаи бебаҳои Сарвари давлат бо камоли хушнудӣ қабул хоҳанд кард. 
Маълум шуд, ки бозори замонавӣ бо фарогирии 20 дукон дар масоҳати 2 ҳазор метри мураббаъ сохта мешавад. Бо назардошти зиёд гардидани талабот, дар назар аст, ки дар қитъаи алоҳидаи  ҳамшафати бозор низ дуконҳои иловагӣ сохта, мавриди истифода қарор  мегиранд.
Зимни  шиносоӣ  бо лоиҳаҳои ин ду сохтмони муҳим аз ҷониби гурӯҳи корӣ ба роҳбарияти ноҳия ва масъулони дахлдор супоришҳои иловагӣ дода шуданд. Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ ва Котиби Шурои амнияти ҷумҳурӣ Маҳмудзода Насрулло Раҳматҷон, ҳамчунин,  бо тарҳи бинои  Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  № 18-и деҳаи Барҷангали ноҳияи Роштқалъа шинос гаша, барои вусъати корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот ба масъулон маслиҳатҳои судбахш доданд. Тибқи лоиҳа, сохтмони бинои  Муассисаи мазкур  барои 240 хонанда ба нақша гирифта шуда, дар асоси талаботи меъморию шаҳрсозӣ ва ҷавобгӯ ба шароити муосири таълимӣ бунёд  мегардад.  
 
Гурӯҳи корӣ  дар мавзеи Барҷангал аз бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии "Себзор" дидан намуд. Амрихон Раҳимов, директори  генералии Ширкати “Помир энержи” тарҳи сохтмони обанбори Неругоҳро муаррифӣ карда, ҳозиронро бо ҷадвали кор дар иншоот шинос намуд. Корҳои сохтмонӣ дар ин ҷо бо суръати баланд рафта истодаанд. Иттилоъ доданд, ки дар баробари бунёди Неругоҳ дар ин ҷо аз ҳисоби маблағҳои лоиҳа  4 километр роҳ асфалтпӯш, пули мошингузари деҳаи Даштак низ навсозӣ  мешавад.  Ҳамзамон, гурӯҳи корӣ аз рафти корҳои  сохтмонӣ дар  зеристгоҳи 110 кВ-и  НБО "Себзор" боздид ба амал овард. Ҳамчунин, тибқи лоиҳаи бунёди  НБО "Себзор", 17 хоҷагӣ, ки манзили истиқоматӣ ва  заминҳояшон зери сохтмон қарор гирифта буд, ба ҷойҳои нав кӯчонда, бо манзилҳои истиқоматӣ таъмин шуданд. Аз ҷумла, 7 хоҷагӣ дар деҳаи Чагеви Боло соҳиби манзили нави истиқоматӣ гардид. Ба деҳаи навбунёд роҳи мошингард сохта, хатти оби нӯшокӣ  низ  бароварда мешавад.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ, Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Насрулло Раҳматҷон ва вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Ҷумъазода Далер Шофақир бо шароити рӯзгори хоҷагиҳои мазкур аз наздик шинос гардида, бо сокинон мулоқот карданд. Маҳмудзода Насрулло Раҳматҷон аз шароитҳои фароҳамоварда барои хонаводаҳои зарардида  ва бунёди хонаҳои замонавӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр дошт, ки маҳз бо дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаю барномаҳои муҳими стратегӣ дар ҳамкорӣ  бо шарикони рушд дар ҷумҳурӣ пиёда мегарданд, ки барои беҳтарсозии рӯзгори сокинони кишвар, бахусус дар деҳоти дурдаст, мусоидат менамоянд. Зикр гардид,  бунёди НБО "Себзор" имконияти хубест, ки сокинони маҳаллиро бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин месозад ва барои коҳиши сатҳи бекорӣ дар минтақа  мусоидат мекунад. Гуфта шуд, ки ҳоло раванди созандагиву бунёдкорӣ дар ВМКБ ба марҳилаи тоза ворид гардид ва дар тамоми гӯшаю канори он, аз ҷумла ноҳияи Роштқалъа, созандагиҳо бо суръати баланд пеш рафта истодаанд. Аз ин лиҳоз, имрӯз барои муҳоҷирони баватанбаргашта низ имконияти мусоид фароҳам аст, ки дар зодгоҳашон бо ҷойи кор таъмин шаванд. Сокинони деҳа ҷиҳати дастгирии ҳамешагӣ ва кумак дар бунёди хонаҳои истиқоматӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ  баён намуданд.
 
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.10.2022    №: 207    Мутолиа карданд: 1355
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед