logo

Хабарҳо

ДАР ТОҶИКИСТОН IT-ПАРК СОХТА МЕШАВАД

 
Ин матлабро директори иҷроияи ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Анатолий Изюмников дар ҷаласаи 28-уми Шурои роҳбарони мухобироти ИДМ дар Самарқанд баён кард, ки дар чаҳорчӯбаи Ҳафтаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ сурат гирифт. Ҷаласаи мазкур таҳти раёсати сардори Хадамоти алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бег Зуҳуров доир шуд.
 
Анатолий Изюмников зимни суханронӣ гуфт, ки дар ҳоли ҳозир аз 10 миллион аҳолии кишвар қариб нисфаш аз интернети мобилӣ ва хидматҳои рақамӣ истифода мебаранд. 
- Ҳукумати Тоҷикистон дар назди худ мақсад гузоштааст, ки кишварро ба маркази байналмилалии рақамӣ табдил диҳад ва аз тарҳҳое дастгирӣ мекунад, ки барои иҷрои ин вазифа равона шудаанд. Ҳоло мо як парки IT-ро бунёд ва ҳукумати рақамиро роҳандозӣ карда истодаем. Тоҷикистон барои ҳамкории ҷаҳонӣ дар соҳаи рақамӣ омода аст ва дарвозаҳои худро ҷиҳати аз худ кардани таҷрибаи беҳтарини давлатҳои дигар боз намудааст, - изҳор намуд Анатолий Изюмников.
Бар асоси гуфтаи директори иҷроияи “МегаФон Тоҷикистон”, ин ширкат таъминкунандаи асосии рақамисозӣ дар Тоҷикистон мебошад.
Аъзои Ҳамкориҳои минтақавии мухобироти ИДМ, ки ҷаласаи шурои худро дар Самарқанд баргузор намудаанд, маъмурияти алоқаи 17 кишвари АвруОсиё муаррифӣ мешаванд. Ин иттиҳод вазифаи як мақоми байнидавлатии ҳамоҳангсозиро дар соҳаи табдили рақамӣ иҷро мекунад. 
Дар ҷаласаи мазкур “МегаФон Тоҷикистон” ба ҳайси як ҷузъи калидии раванди рақамикунонӣ муаррифӣ шуд. Гуфта мешавад, 80 дарсади аҳолии Тоҷикистон имкони истифодаи 4G интернет аз операторро доранд. Аз шумораи умумии  3 ҳазор пойгоҳе, ки ширкати «МегаФон» дар Тоҷикистон насб кардааст, 70 дарсади он стандарти баландсуръатро таъмин мекунад. Ин имкон медиҳад, ки шабакаи хизматрасониҳои рақамӣ, аз ҷумла IP-телевизион, тибби онлайн, таҳсилоти онлайн ва варзиши электронӣ васеъ шуда, хизматрасониҳои замонавӣ ҳатто дар ноҳияҳои дурдасти Тоҷикистон муяссар гардад. 
- Имкониятҳои нави рақамӣ ба сифати нави ҳаёт табдил меёбанд, - мегӯяд Анатолий Изюмников. - «Superapp MegaFon Life” ва баъзе дигар хизматрасониҳои рақамӣ, ки дар Тоҷикистон ба роҳ монда шудаанд, барои кишвар ҳодисаи беназиранд. Таҷрибае, ки дар ҷараёни татбиқи чунин лоиҳаҳо ба даст омадааст, дар дигар мамлакатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ низ талабгорони худро хоҳад дошт ва ба эҷоди маҳсулоти нав барои миллионҳо одамон мусоидат хоҳад кард, - афзуд ӯ.
 
Мирасрор АҲРОРОВ, «Ҷумҳурият», шаҳри Самарқанд


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3955
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед