маориф
Тоҷикистон ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ ҳамроҳ мешавад
Гузаштан ба низоми нави таҳсилоти умумии 12-сола, ки дар Паёми навбатии Президенти ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олӣ вазифадор карда шуда буд, сабаби баҳси навбатӣ дар расонаҳои хабарӣ гашт. Доир ба ин мавзӯъ то имрӯз назару андешаҳои гуногун мавҷуд аст.
Мавриди зикр аст, ки низоми таҳсилоти 12-сола дар давлатҳои пешрафтае чун ИМА, Канада, Ҷопон, Фаронса, Испаниё, Лаҳистон ҷорӣ аст. Дар Олмон, Шветсия, Чехия, Италия, Ҳоланд бошад, низоми таҳсилоти 13 ва 14-сола амал мекунад. Аз кишварҳои собиқи шӯравӣ то ҳол ҷумҳуриҳои назди Балтика, Молдова, Украина, Арманистон, Гурҷистон ва Ӯзбекистон ба таҳсилоти 12-сола гузаштаанд.
Роҷеъ ба ин мавзӯъ бо иштироки Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи ҷумҳурӣ, нишасти матбуотӣ доир гашт. Вазир зикр кард, ки «Консепсияи гузариш ба низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баррасӣ ва қабул гардида, дар асоси он «Барномаи қадам ба қадам гузаштан ба низоми нави таҳсилот» таҳия шудааст. Вобаста ба ин аз соли хониши 2014-2015 хонандагони синфи 1 аз синни 6-солагӣ интихоб мешаванд. Таҳсилоти умумии асосӣ бошад, соли хониши 2011-2012 10-сола хоҳад шуд. Дар назар аст, ки соли таҳсили 2016-2017 низоми таҳсилоти 12-сола ҷорӣ карда мешавад. Дар ин давра баъди гузаронидани курсҳои такмили ихтисос ва муайян кардани соатҳои иловагӣ барои хонандагони синфи сеюм, давраи ҷаҳиш ба вуҷуд меояд. Хонандагони синфҳои ду, ки аз ҳафтсолагӣ хонишро оғоз кардаанд, баъди хатм ба синфи 4 гузаронида мешаванд. Хонандагони дигар синфҳо як синф ҷаҳиш мекунанд ва худи ҳамон сол аввалин муҳассилин синфи 12-ро хатм менамоянд. Абдуҷаббор Раҳмонов зарурати ҷорӣ намудани таҳсилоти ҳатмии 10-сола ва низоми нави таҳсилоти 12-соларо вобаста ба ворид шудан ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ арзёбӣ намуд ва гуфт, ки ин раванд имконият медиҳад, ки кӯдакон аз синни шашсолагӣ пурра ба таҳсил фаро гирифта шаванд. Барномаву нақшаҳои таълимӣ бо назардошти ин таҷрибаи ҷаҳонӣ таҳия мегарданд.
Мушкилоти муҳиме, ки дар ин маврид пеш меояд, нарасидани ҷойи нишаст, кадрҳои омӯзгорӣ ва мактабҳо мебошад, ки айни замон боиси сару садоҳои зиёд низ гаштааст. Зеро эҳтиёҷот ба кадрҳои омӯзгорӣ дар ин ҳол ба 17400 нафар мерасад. Вазир доир ба ин масъала гуфт, ки бо назардошти дурнамои рушди соҳа дар назар дошта шудааст, ки солҳои 2011-2016 1050 мактаб, 1460 синфхона, ки дар маҷмӯъ 157 ҳазор ҷойи нишастро ташкил медиҳад, сохта шуда, 37700 нафар мутахассиси соҳаи омӯзгорӣ тайёр карда мешавад.
Гузариш ба таҳсилоти ҳатмии 10- сола ва низоми нави таҳсилоти 12-сола, ки дар аксар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон роиҷ аст, ба хонандагон бештар имкони интихоби дурусти касбро фароҳам месозад. Ҳамчунин таҳсилоти касбиро бо назардошти қобилияташон ба роҳ мемонанд ва баъдан дар муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат ва дигар кишварҳои пешрафта таҳсилро идома медиҳанд.
Фарзонаи Файзалӣ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5411