logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

 
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
 
МУАММОИ «ДОСТОН»
 
АЗ ЧАП БА РОСТ:
5. «… чу гӯр мегирифтӣ ҳама умр». 6. Ривоҷ ёфтан, пеш рафтан. 9. Моҳтобро гӯянд. 10. Қаҳрамони достони «Тоҳир ва Зуҳро». 11. Шаҳр ва вилоят дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон. 14. «Хуб» бо забони русӣ. 15. Як навъи газ. 18. «… ном дорӣ, эй дилором» (М. Турсунзода). 19. … Маршак, адиби рус. 23. Вилоят дар Федератсияи Россия. 25. Мева. 26. Алафи хӯрдании давоӣ, ки дар аввали баҳор мерӯяд. 27. Моддаи кимиёвӣ. 28. Жанри адабӣ.     
 
АЗ БОЛО БА ПОЁН:
1. … Амиршоев, Қаҳрамони  Иттиҳоди Шуравӣ. 2. «Сару сомони … сар омад» (М. Қаноат). 3. Як навъи муҳраи қиматбаҳо. 4. Гетӣ, дунё, олам. 7. Роҳбар, сарвар. 8. Он, ки меҳмонро пазироӣ мекунад. 12. … Назаров, шоири муосири  ӯзбекзабони Тоҷикистон дар асри ХХ. 13. Рутбаи ҳарбӣ. 16. Ҳаммаънои  киштӣ. 17. «…и  шаб», маҷмуаи ашъори Б. Собир. 20. Дороӣ, молу мулк. 21. … Мирзошоев, собиқ вазири фарҳанги Тоҷикистон. 22. Пойтахти давлат дар қитъаи Осиё. 24. Ҳосили абр.     
 
Мураттиб Ҳотами ҲОМИД, корманди нашрияи «Омӯзгор»
 
ҶАВОБ БА МУАММОИ «КРИПТОГРАММА» АЗ 21 ОКТЯБРИ СОЛИ 2022
1. Маҳбуба. 2. Ривалдо. 3. «Гулистон». 4. Талх. 5. Футбол. 6. Калесо. 
Байти Шайх Саъдии Шерозӣ ин аст:
 
Муроди мо насиҳат буду гуфтем,
Ҳаволат бо Худо кардему рафтем.
 
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
Телефон: 238-53-40
 
Вайбер: 93-547-00-05, 
bzm_701@mail.ru
 
 
 
 
ҚИРОАТИ ШЕЪРИ САЪДӢ ДАР ПАРЛУМОНИ АВСТРАЛИЯ
 
Тибқи иттилои сомонаи Pаrs Today чанде пеш Фотима Паймон вакили парлумони Австралия интихоб шуда, зимни нахустин суханрониаш ин шеъри Саъдӣ Шерозиро ба форсӣ хонда, ба забони англисӣ  шарҳ дод: 
Банӣ-одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.
Фотима  27 сол дошта, сеюмин узви ҷавони сенат дар таърихи он ба шумор меравад. Ӯ соли 1995 дар шаҳри Кобул дар оилаи тоҷик ба дунё омадааст. Дар панҷсолагиаш оилаи онҳо аз зулми “Толибон” гурехта, ба Покистон паноҳ мебарад. Падараш дар ҷустуҷӯи зиндагии беҳтар аз шаҳри Карочии Покистон роҳи пурмашаққати тулониро тай намуда, ба Австралия меравад.  
– Заҳматҳои кашидаи падарамро пеши назар оварда, кӯшиш мекунам, ки орзуи ӯро бароварда созаму нафарони мисли падарам камбизоатро дастгирӣ намоям, – гуфтааст Фотима Паймон.
Таҳияи Нигина РАҲМОН 
 
 
 
ҶОМЕ БО ҒАЗАЛИ ҲОФИЗ АЗ ГРОЗНИЙ ТО ПУТИН
Соли 2017 бостоншиносон дар ҷараёни ҳафриёт аз шаҳри Москва, дар шафати Кремл ҷоми биринҷиеро бо навиштаи форсии тоҷикӣ пайдо карданд, ки ба асри XVI тааллуқ дорад. Ховаршиносони рус пас аз ду моҳи талош навиштаи ҳакшудаи рӯйи ҷомро хонданд ва он ғазали ҷовидонаи Ҳофизи Шерозӣ будааст:
Соқӣ, ба нури бода барафрӯз ҷоми мо,
Мутриб, бигӯ, ки кори ҷаҳон шуд 
ба коми мо! 
Ин соғари форсҳо бо гузашти панҷ аср пора шуда, вале 75 дарсади он ҳифз гардидааст. Дар баробари ҷом, табарзин, хӯд, пораҳои ҷавшан ва тангаҳои даврони Иван Грозний ва Василий Шуйский низ, ёфт шуданд.
Алексей Емелянов, муаррих, роҳбари департаменти мероси фарҳангии Москва, дар як вохӯрӣ ба Президенти Россия Владимир Путин, ки ошиқи осори Хайёму Ҳофиз аст, аз дарёфти ҷом хабар дода, ҳамзамон, онро ба Роҳбари аввали кишвар туҳфа кард. Тарҷумаи ғазали мазкур низ садо дод:
Виночерпий, сияньем вина озари мою 
чашу скорей,
Веселей, музыкант, ибо кончилось 
время скорбей!
 
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР
 
 
 
НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
ХАБАРИ ХУШ
Аз суҳбати ҷарроҳ бо бемор:
Баъди ба ҳуш омадани бемор духтур якбора ба гап медарояд:
–  Дӯстам ду хабар дорам, аз кадомаш сар кунам, хабари хуш ё нохуш?
– Беҳтараш аз нохушаш.
– Бубахшед, мо нофаҳмида пойи сиҳати шуморо бурида партофтем.
– Хабари хушаш чӣ?
–  Пойи дардманди шуморо табобат кардан мумкин будааст. 
Таҳияи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
 
МЕТАРСАМ ҶАВОНМАРДӢ АЗ БАЙН БИРАВАД
Саворае дар биёбон шахсеро дид, ки  аз шиддати гармии Офтоб ва ташнагӣ  азоб мекашад. Зуд обаш дод ва хост ӯро ба аспаш савор карда, бо худ бубарад. 
– Ман боре ҳам ба асп савор нашудаам. Хуб мешуд, агар  фароию  барои савор шуданам ёрӣ расонӣ, – гуфт дарвеш.
Марди аспсавор бехабар аз нияти ҳамсуҳбаташ аз асп фаромаду  ба ӯ ёрӣ расонд. Дарвеш баробари савор шудан аспи марди некхоҳро тозонду рӯ ба фирор шуд. Соҳиби асп аз паси ин бешараф фарёд кард:
– Эй нокас, аз ин ҳодиса ба касе чизе нагӯй!
Дарвеш гуфт:
– Ту дар ин биёбони бекас аз беобӣ шояд бимирӣ, чаро аз шармандагӣ метарсӣ?
Мард бо ҳасрат гуфт:
–  Ман аз шармандагӣ не, балки аз он метарсам, ки ин воқеа байни мардум паҳн шаваду ҷавонмардӣ аз байн биравад.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
 
 
 
«ЗИНДАГИЯМРО ТАҒЙИР ДОДӢ» 
 
Ба яке аз мағозаҳои Ню-Йорк ғоратгаре бо чӯбдасти резинӣ ворид мешавад ва талаб мекунад, ки пулҳои хазинаро ба ӯ бидиҳанд. Соҳиби мағоза Муҳаммад Суҳайли покистонӣ «силоҳ»-ро мегирад ва ба сӯи ғоратгар медорад. Ғоратгар чун аҷзи худро дар баробари марди силоҳдор мебинад ва дармеёбад, ки ӯро ба полис месупорад, ба зону меафтад ва бо гиря узр мехоҳаду мегӯяд: «Ман ин корро ба хотири таъмини аҳли оилаам бо нон кардаам».
Соҳиби мағоза ба ӯ 40 доллар ва нон медиҳаду ҳамчунин, раҳнамунияш месозад, ки дар ҳеҷ ҳол ин амал оқибати хуб надорад. Пас аз 6 моҳ, ба соҳиби мағоза номаи сарбамуҳр меояд. Чун онро мекушояд, мебинад, ки мактуб, навиштаест ва ҳам 50 доллар ҳамроҳ. Навиштаро мехонад: «Аз шумо сипосгузорам, зеро он рӯз ба ман тараҳҳум ва лутфи зиёд кардеду ҷавонмардона ба ғоратгаре саховат намудед. Ин амали шумо зиндагии маро тағйир дод, ба роҳи рост ҳидоят шудам ва бо меҳнат нони ҳалол ба даст меорам».
Аз русӣ тарҷумаи Абдулқодири РАҲИМ
 
 
 
 
28 РЕКОРДИ ҶАҲОНИИ  ЯК ВАРЗИШГАРБОНУ
Елена Исинбаева, варзишгарбонуи Россияро дар ҷаҳон қариб ҳама бо рекордҳои пайдарпайи гузоштааш мешиносанд. Аввалин рекордашро ӯ соли 2001, пас аз ҷаҳиш бо чӯб ба баландии 4,46 метр миёни наврасон гузошт. Баъд аз ин, рекордҳои Елена нав шудан гирифтанд. 13 июли соли 2003 дар Спартакиадаи варзиши сабук дар шаҳри Гейтсхеди Англия баъди ҷаҳидан ба баландии 4,82 метр аввалин рекорди касбии худро миёни калонсолон сабт кард. Моҳи июли соли 2005 барои Елена ба моҳи рекордҳо табдил ёфт. Ӯ 7 июл ба баландии 4,93 метр, 16 июл – 4,95 метр, 22 июл – 4,96 метр ҷаҳид.  Инчунин, 22 июл ду рекорд дар як рӯз ба номаш сабт намуда, баландии 5 метрро пушти сар кард.  Рекорди шахсиаш 5,06 метр (соли 2009, «Золотая лига», Сюррих) мебошад. Елена ду карат қаҳрамони бозиҳои олимпӣ, 7 карат чемпиони ҷаҳон, ду карат чемпиони Аврупо ва барандаи Ҷоми ҷаҳон мебошад. Да р маҷмуъ, Елена 28 рекорди ҷаҳонӣ гузоштааст.
 
Таҳияи Кароматулло АТО
 
 
 
САМУЭЛ РЕШЕВСКИЙ 
ХУРДТАРИН, ВАЛЕ ҚАВИТАРИН ШОҲМОТБОЗИ ҶАҲОН
16 майи соли 1920 Самуэл Решевскийи 8-сола дар шаҳри Париж якбора бар 20 шоҳмотбози беҳтарини олам ғолиб омада, дар сархати расонаҳои ҷаҳон қарор гирифт. 
Ҳанӯз соли 1917 дар Вена овозаи истеъдоди фавқулодаи Самуэл вирди забонҳо буд ва дар ҳама ҷо сухан аз ӯ мерафт. Бо вуҷуди ин, кам набуданд касоне, ки шубҳа мекарданд. Аммо вақте дар клуби шоҳмотбозони Вена як-як ҳарифони қавитаринро шикаст дод, ҳозирин ангушти ҳайрат газиданд. Ниҳоят, «барои дами ӯро паст кардан», шоҳмотбози машҳур Волфро даъват намуданд. Вале маэстро низ дар як лаҳза сару калобаашро гум карда, ба ҳунари фавқулодаи писарак қоил гашт. 
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА
 
 
 
 
ЯК БАЙТ
Кашидам ранҷ баҳри ганҷ дар вайронаи гетӣ,
Чу дидам хуб, Воқиф, ганҷи ин вайрона ман будам.
Таҳияи Абдулқодири РАҲИМ
 
 
 
АЗ ГУФТАҲОИ ДАВРОНИ МУАЛЛИМИИ 
АЛБЕРТ ЭЙНШТЕЙН
1. Ҳеҷ гоҳ дафтари ҳозирғоиб надоштам; чун синф бояд он қадар ҷаззоб бошад, ки бидуни дафтари ҳозирғоиб шогирдат ба дарс биёяд.
* * *
2. Ягон вақт саъй накардам синфамро ғамгин ва афсурда нигоҳ дорам, чун синф хонаи дуюми шогирд аст.
* * *
3. Ҳар шогирде, ки дер омад, дар синф роҳаш додам. Чун медонистам, ки агар то 10 дақиқа мондани анҷоми дарс ҳам биёяд, эҳсоси масъулият кардааст.
 
Таҳияи З. РАҶАБ
 
 
 
 
12 НАВЪИ СЕБ  ДАР ЯК ДАРАХТ
 
12 навъи себ дар як дарахт намунаи кори ҷолиби боғбони тоҷик Мирзошоҳи Акобир ҳаст. Ӯ тавонист дар боғҳои деҳаи Ҷафри ноҳияи Рашт «Осорхонаи себ» бунёд намояд. Дар ин ҷо ӯ даҳҳо намуд себ парвариш карда, талош варзид дар кораш навоварӣ биёрад ва муваффақ ҳам шуд. Ба гуфтаи Мирзошоҳ, дар ҳар як навда рӯёндани чанд намуд себ кори осон набуд, вале дуруст истифода бурдани пайванди дарахтон имконият дод, ки чунин ҳосил ба бор ояд. Себҳо ҳарчанд аз як реша ғизо мегиранд, таъми ширину турш доранд. Аз ин рӯ, Мирзошоҳи Акобир маҳсули дастранҷи худро «Иззатшоҳӣ», «Искандарӣ» ва «Акобирӣ» номгузорӣ кард, ки далели заҳмату талошҳо ва таҷрибаи бойи гузаштагонаш мебошад.
 
Таҳияи Оҳистамоҳ 
ВАФОБЕК
 
 
ФИШЕР - АЙЛЕНД – 
ҶАЗИРАИ ГАРОНТАРИН ДАР ҶАҲОН
Ҷазираи Фишер-Айленд воҳаи шукӯҳу манзалат ва ҳузуру ҳаловат аст, ки шабонарӯзӣ аз ҷониби умури дохилаи бехатарӣ муҳофизат шуда, яке аз ҷойҳои зеботарин ва беандоза гарон дар сайёраи мо мебошад.  Дар ҷазира шумораи аз ҳама зиёди миллиарддорҳо ва миллиондорҳо дар м2 ба сар мебаранд. Азбаски ҷазира макони пӯшида мебошад, ба он ҷо расидан танҳо тавассути киштӣ ё чархбол имкон дорад.
Ҷазираи Фишер-Айленд дастӣ эҷод шуда, масоҳаташ камтар аз як километри мураббаъ буда, начандон дуртар аз Майами ҷойгир аст. 
 
Таҳияи Ш. ҚУРБОН
 
 
 
ИФЛОСТАРИН МАРДИ ҶАҲОН
ДУНЁРО ТАРК ГУФТ
Аму Ҳоҷӣ, ки ба унвони ифлостарин марди ҷаҳон ба Китоби рекордҳои Гиннесс шомил шуда буд,  23 октябр дар синни 94-солагӣ дар деҳаи Дейгаи вилояти Форси Ҷумҳурии Исломии Эрон даргузашт, – хабар медиҳад агентии IRNA.
Аму Ҳоҷӣ муҷаррад буд ва  63 соли ахир, ҳатто,  боре ҳам оббозӣ  накардааст,  зеро аз бемор шудан метарсид. Илова бар ин, намехост маводи ғизоии тару тозаро низ, истеъмол намояд. Чун риши ӯ аз ҳад дароз шуд, тавассути оташ онро сӯзонд. Соли 2013 дар бораи зиндагии ӯ филми мустанаде бо номи "Зиндагии аҷиби Аму Ҳоҷӣ"-ро ба навор гирифтанд. Дӯстонаш гуфтанд, ки Аму Ҳоҷӣ пас аз осеби ҷиддӣ бардоштан дар кӯдакӣ, аз расмиёти гигиенӣ даст кашидааст.
 
Аз русӣ тарҷимаи Сайфулло АШУРОВ
 
 
 
КАДУИ   900-КИЛОГРАММА
Андрей Гусев дар шаҳри Москва кадуеро парвариш намуд, ки дар Россия калонтарин ба ҳисоб меравад. Вазни каду 900 килограммро  ташкил медиҳад. Ин марди рус муддати панҷ сол аст, ки бо кадупарварӣ машғул асту дар парвариши он танҳо аз поруҳои органикӣ истифода мебарад. Охири моҳи март Андрей  тухми кадуро дар хонааш сабзонда, баъдан онро ба гармхона мекӯчонад ва тамоми диққаташро ба нигоҳубини он равона месозад. Хушбахтона, меҳнаташ самар оварда, ба орзуи деринаи худ мерасад.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
 
 
 
РОЗА ПАРКС – АВВАЛИН ЗАНИ  БА ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ СИЁҲПӮСТОН БАРХОСТА
Роза Паркс аввалин саркарда ва созмонди-ҳандаи ҳаракатҳо барои ҳимояи ҳуқуқи сиёҳпӯстон дар иёлати Алабамаи ИМА дар солҳои 1950-ум мебошад.  Соли 1955 дар Монтгомери (маркази маъмурии Алабама) зани ҷасури афроамерикоиву   иштиёқварзи   фаъол дар  роҳи ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандӣ  Роза Паркс   дар автобус  хоҳиши ронандаро ҷонибдорӣ   намуда,  аз додани ҷои худ ба одами сафедпӯст  сарпечӣ намуд.  Ин рафтори  исёнгаронаи вай  хашми  дигар  сиёҳпӯстонро  барангехт, ки  баъдтар онҳо  нақлиёти  ба самти Монтгомер  ҳаракаткунандаро ба бойкот гирифтанд. Ин корпартоӣ 381 рӯз давом ёфта, яке аз  воқеаҳои калидии  ҷараёнҳо барои ҳимояи ҳуқуқҳои сиёҳпӯстон дар  таърихи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико   сабт гардид.   
Таҳияи Иронбӣ МӮСОЗОДА
 
 
 
НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
БАРБОС
Духтури ҷарроҳ баъди навбатдорӣ аз дари хона медарояд, ки Барбос дасту рӯяшро лесидан мегирад.
- Беҳуда хушомад нагӯ, ҷонвар, имшаб ҷарроҳӣ надоштам.
 
Таҳияи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
 
КУҲАНСОЛТАРИН ДОНИШҶӮИ ТОҶИКИСТОН 
Ғуломҳайдар Искандаров дар курси чаҳоруми Донишгоҳи давлатии Бохтар таҳсил мекунад ва 76 сол дорад. Ӯ, аллакай, соҳиби чанд ихтисоси техникӣ ва ду дипломи маълумоти олӣ мебошад ва боз донишандӯзӣ менамояду ба дигарон сабақ меомӯзад. Алҳол Ғуломҳайдар Искандаров машғули омӯзиши географияву демография аст. Ба андешаи ӯ, дониш андӯхтан ҳеҷ гоҳ дерӣ надорад. 
Қаблан, Ғуломҳайдар панҷ омӯзишгоҳи техникиро хатм намуда, дар соҳаи аграрӣ кор кардааст. Соли 2012 ба Донишгоҳ ҷиҳати дохилшавӣ ҳуҷҷат супурд, вале ноком шуд.
Соли 2019 соҳиби ду диплом аз рӯи ихтисосҳои забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус гардид. Имсол бошад, дипломи сеюми маълумоти олиро ба даст меорад.
 
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
 
 
 
ПУРСИШИ САРВАТМАНД ВА ҶАВОБИ ФАҚИР
Камбағале, ки хизматгори сарватманд буд, рӯзе ба кор дер омад. Хӯҷаин бо худ гуфт: «Ман бояд ба ӯ маблағи иловагӣ диҳам, шояд сабаби дер омаданаш, кам будани музди меҳнаташ бошад».  Рӯзи дуюм бой маоши марди фақирро  ду баробар зиёд дод.  Хизматгор ҳангоми гирифтани маош чизе нагуфт ва сабаби афзудани онро ҳам, напурсид.
Рӯзе фақир ба кор наомад ва сарватманд аз қаҳр маоши ӯро кам дод. Ӯ дар бораи камии музди меҳнаташ сухане нагуфт, ҳатто, эътироз ҳам накард. Марди бой аз ин амали хизматгораш ҳайратзада шуда, пурсид:
– Чаро вақте музди меҳнататро боло бурдам чизе нагуфтӣ,  ҳоло ба ту маблағи ночиз додам, боз хомӯшӣ?  Ҳатто, напурсидӣ чаро ман чунин кардам!
Хизматгор гуфт:
– Вақте ки  бори аввал дер омадам, Аллоҳ ба ман фарзанд дод ва ҳангоми гирифтани музди меҳнати баланд тааҷҷуб накардам, зеро гуфтам, ки ин ризқи фарзанди ман аст. Он рӯзе, ки ба кор наомадам, модарам аз дунё гузашт ва вақте шумо музди меҳнатамро ночиз додед, ба худ гуфтам, ин ризқи модарам буд, ки бо худаш бурд.
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.10.2022    №: 207    Мутолиа карданд: 1558
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед