logo

иҷтимоиёт

ВАТАНРО ДӮСТ БОЯД ДОШТ

 
Инсон бояд Ватани худро аз самими қалб дӯст дорад ва ҳамеша барои дифои он омода бошад. Аз таърих мо медонем, ки гузаштагонамон ҳамеша барои дифои Ватани хеш омада буданд ва барои истиқлоли худ мубориза мебурданд. 
Дар асри чордаҳ дар Хуросон ҳаракате ба вуҷуд омад, ки онро Ҳаракати Сарбадорон мегуфтанд. Шиори онҳо чунин буд: “Аз он ки ба душман таслим шавем, беҳтар аст сари худро ба дор бинем”. Аз ҳамин шиор низ номи Сарбадорон ба вуҷуд омадааст. Сарбадорон муддати чил сол бо муғулҳо мубориза бурданд ва ватани худро мардонавор аз онҳо ҳимоя карданд. 
Соли 1365 душман дар Самарқанд аз ҷониби Сарбадорон шикасти сахт хӯрд ва ҳукмронии 135 - солаи онҳо дар ин қаламрав ба анҷом расид.   
Мо - насли ҷавон бояд аз ватандӯстии онҳо ибрат гирем. Дар тули асрҳо одамони зиёде дар рӯи олам зиндагӣ карданд, аммо номи на ҳамаи онҳо дар саҳифаҳои таърих боқӣ монданд. Дар саҳифаҳои таърих номи онҳое боқӣ мемонад, ки дар роҳи ҳаққанд ва ҳамеша барои озодӣ мубориза мебаранд. Мутаассифона, дар саҳифаҳои таърих одамони бад ва буздил низ ҳастанд. Ҳангоми муҳосираи шаҳри Хуҷанд аз ҷониби муғулон тоҷирони зархариди Чингизхон ба шаҳр даромаданд. Ин тоҷирони зархарид шабона дарвозаҳои шаҳрро ба рӯи муғулҳо кушоданд ва ҳамин тавр шаҳри Хуҷанд забт гардид. Пас аз забти ин шаҳр мардум қатли ом шуданд. Дар ин ҳодисаи фоҷиаангез аз ҳама аламовараш он аст, ки моро ҳамватанони худамон ба душман фурӯхтанд. Чи тавре мегӯянд:
Ман аз бегонагон ҳаргиз нанолам, 
Ки бо ман ҳар чи кард, он ошно кард.
Мо набояд фаромӯш созем, ки бо некномӣ мурдан беҳтар аст аз бо бадномӣ зистан. Инсон бояд кӯшиш кунад, ки наслҳои оянда аз ӯ ибрат гиранд.
Барои ҳимояи роҳи ҳақ ва Ватан мо набояд тарсу ҳарос ба дил дошта бошем. Дар баробари дӯст доштани Ватан мо бояд бо қавму миллатҳои гуногун эҳтиром бигузорем, то ки ҳангоми ҳуҷуми душман аз як гиребон сар барорему шикасташ бидиҳем. Мисоли ин гуфтаҳо ҳодисаи соли 751 шуда метавонад. Дар ин сол лашкари 100 - ҳазораи Чин ба ҳудуди Осиёи Миёна ҳуҷум кард. Арабҳо, тоҷикҳо, ӯзбекҳо ва дигар халқиятҳо бо ҳам иттифоқ шуда, ба муқобили душманон мубориза бурданд. Дар муҳорибаи рӯди Танас лашкари иттифоқчиён ғалабаи комил ба даст овард. Бо дӯстиву иттифоқ халқҳои Осиёи Миёна тавонистанд сарзамини худро аз душман муҳофизат кунанд, зеро, "ба иттифоқ ҷаҳон метавон гирифт". 
Барои ҳимояи Ватан, марзу буми он бояд машқдида бошем. Аз ин рӯ, хидмат ба Ватанро қарз хондаанд. Ду сол ва ё як сол муддати зиёде нест. Дар ин давра кас ҷисману руҳан обутоб меёбад. Аз ин рӯ, хидмат дар Қувваҳои Мусаллаҳро мо худамон бояд бо руҳияи баланд, самимияти хос қабул карда битавонем. Яъне, барои хидмат худамон манфиатдор бошем ва ихтиёран, на бо даъват, сафарбар шавему муроҷиат бикунем. Хидмат дар Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, воқеан, хидмат ба Ватан ва модар мебошад.
 
ШАРИФЗОДА Маҳмуд Муҳаммадӣ,
донишҷӯи соли аввали сиёсат ва идораи
давлатии факултети фалсафаи 
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.10.2022    №: 208    Мутолиа карданд: 995
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед