logo

Хабарҳо

«ТОҶИКИСТОН - ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ ҶАМЪБАСТ ШУД

Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман»  барои имсол бо супурдани ҷоизаҳо ба ғолибон ҷамъбаст гардид. Ҳайати ҳакамон дар се номинатсия 3 нафарро ба Шоҳҷоиза сазовор донистанд. Фаридун Ғоибназаров дар номинатсияи навозандагӣ, Фотима Назаралиева дар номинатсияи сарояндагӣ ва Раҳматулло Лутфуллоев дар номинатсияи композиторӣ шоҳҷоизаи Озмунро ба даст оварда, ҳар кадом ба 50 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ ва диплом қадр шуданд.
Маросими ботантанаи ҷоизасупорӣ дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, бо ҳузури устодони ҳунар ва ҳаводорони суруду наво доир шуд.  
Роҳандозии чунин  озмунҳо далели таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба фарҳанг, хосса мусиқии касбӣ мебошад. Мазмун, ғоя  ва моҳияти  аслии Озмун тараннуми Ватани азизи мо - Тоҷикистон буда,  барои  боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ, алалхусус  миёни насли  ҷавону наврас нақши муассир дорад.
Раиси комиссияи Озмун, муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён ҳадафи баргузории онро дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ, баланд бардоштани маҳорати касбӣ, тақвияти ҳунар ва сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, арзёбӣ намуд. 
- Озмуни навбатӣ аз он ҷиҳат хотирмон аст, ки  дар соли таҷлили Ҷашни 30 - солагии Иҷлосияи XVI  Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ва ҷамъбаст гашт. Таҳлили натиҷаҳои Озмун  нишон медиҳад, ки сол ба сол  шумораи иштирокдорон  зиёд ва дар соҳаи мусиқӣ истеъдодҳои нав кашф мегарданд.Озмуни мазкур имкон фароҳам овард, ки мусиқии суннатии мо эҳё, ба шароити нави таърихӣ ва замони муосир мувофиқ гардад,  - афзуд Матлубахон Сатториён. 
Озмун аз рӯйи  номинатсияҳои композиторӣ,  сарояндагӣ ва навозандагӣ дар  3 давр баргузор шуд. Тибқи низомномаи Озмун дар номинатсияи сарояндагӣ ва навозандагӣ довталабони  12 - 17 ва  18 – 40-сола, дар номинатсияи композиторӣ нафарони 18 – 40-сола  маҳорат санҷиданд. Даври аввал дар маркази шаҳру ноҳияҳо, даври дуюм дар марказҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳрҳои Душанбеву Ҳисор ва ноҳияи Рашт доир шуда, даври ниҳоии он дар пойтахти кишвар  ҷамъбаст гашт. Тавре дар маросими ҷоизасупорӣ иттилоъ доданд, дар даври аввал 3374  довталаб ширкат варзида, 1323 нафар ба даври дуюм  роҳ ёфт. Аз ин шумор, 316 нафар ба даври  сеюм роҳхат гирифт. Довталабони даври ниҳоӣ тули 6 рӯз дар пойтахти мамлакат бо доварии ҳайати ҳакамон ҳунарнамоӣ намуданд.
Ҳамин тавр, ҳайати ҳакамони Озмун аз ин миён 78 нафарро ғолиб дониста, бо диплом ва мукофоти пулӣ қадр карданд. Ғолибони ҷойи якум бо 35 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 25 ҳазор сомонӣ ва ҷойи сеюм бо 15 ҳазор сомонӣ  сарфароз гардиданд. Ба устодоне, ки шогирдонашон ғолиб шуданд, Ифтихорномаи Вазорати фарҳанг ва 10 ҳазор сомонӣ тақдим шуд. 
Ғолибон ҳуқуқи ширкат дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро дошта, ба мактабҳои миёнаи махсуси мусиқӣ, коллеҷи мусиқӣ ва олии мусиқӣ  тариқи суҳбат, ройгон, бе супурдани имтиҳон қабул мешаванд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман»  соли  2019 бо ибтикори  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шуда, дар саросари мамлакат гарм истиқбол ёфт. Инак, чор сол мешавад, ки  Озмун садҳо  ҷавони боистеъдодро кашф ва ба ҷомеа муаррифӣ менамояд.
 
Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ, 
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 7545
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед