logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОН ДАР ХАТИ АВВАЛИ МУБОРИЗА БО ИФРОТГАРОИВУ ТЕРРОРИЗМ ҚАРОР ДОРАД

 
Дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд зери унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат бо терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон»
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кишвари пешоҳанг дар мубориза бо хатарҳои глобалии ҷаҳон шинохта шудааст, ки мизбонии Конфронси байналмилалии сатҳи баланд зери унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат бо терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон» бори дигар ин ҳақиқатро бозгӯ намуд. 
 
Пешвои муаззами миллат, зимни суханронии худ дар ин ҳамоиши байналмилалӣ, ки бо ҳузури доираи васеи меҳмонону коршиносони дохилию хориҷӣ 18-19 октябр соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, чунин  изҳор доштанд: “Мо борҳо таъкид кардаем, ки Тоҷикистон дар хатти аввали мубориза бо хатари ифротгароиву терроризм қарор дошта, на танҳо минтақа, балки қаламравҳои фаротар аз онро аз оқибатҳои фалокатбори ин зуҳурот ҳимоя мекунад”.
Дар навбати аввал, агар ин ҳама талошҳо пеш аз ҳама башардӯстии Сарвари давлатро бори дигар пешорӯи мо падид орад, аз тарафи дигар равшан мекунад, ки ҳар кишваре, ки дар ҳудуди маъмурияш ин зуҳуроти хатарнок вуҷуд надораду нисбат ба ҷилавгирӣ аз он чорасозӣ намекунад, иштибоҳ хоҳад кард. Зеро оташе, ки хонаи ҳамсояро месӯзад, дер ё зуд хонаи шуморо ҳам месӯзад. Бетарафӣ ба терроризм оқибатҳои нанговар дорад, ки ногуфтанист.
Моро зарур аст, ки ба ҷиддӣ будани ин масъала таваҷҷуҳ намуда, хатарзоии ин равандҳоро дар назар бигирем ва насли наврасу ҷавонро, ки ояндаи давлату миллат дар дасти онҳост, дар руҳияи арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, садоқат ба Ватани аҷдодӣ ва ҳифзи марзу буми он тарбия намоем. Субъектҳои ин навъи ҷиноят метавонад фард, ташкилот ва ё гурӯҳи одамон бошанд. Ташкилот ё гурӯҳи одамоне, ки ин амалҳои даҳшатнокро содир менамоянд, дар сар андешаҳои нодуруст дошта, ҳадафи онҳо аз байн бурдани оромиву суботи ҷомеа ва ё кишварҳо ба шумор меравад. Терроризм бошад, даҳшатафканиест, ки ба воситаи он гурӯҳ ё ҳизби муташаккил барои расидан ба ҳадафҳои муғризонаи пешбинишудаи худ қабл аз ҳама тавассути истифодаи зӯроварӣ кӯшиш менамояд. Амале, ки ин гурӯҳ анҷом медиҳад, террор номида мешавад. 
Аз ин рӯ, ҳар як фарди ҷомеаро зарур аст, ки нисбат ба масъалаи мавриди назар беэътиноӣ зоҳир нанамуда, баҳри решакан намудани ин хатари бузург саҳим бошад. Дар ин робита, ҷавонони моро лозим аст, ки дар такя бо илму хирад, аз худ кардани донишҳои замони муосир ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ доираи ҷаҳонбинии худро васеъ намуда,  дар роҳи худшиносиву  худогоҳии миллӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ ва сулҳу ваҳдати ҳамешагӣ камари ҳиммат бубанданд. Зеро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷавононро насли ояндасоз ва хазинаи тиллоии миллат дониста, таъкид намудаанд: «Имрӯз созмону гурӯҳҳои ифротиву террористӣ зимни роҳандозии ҳадафҳои нопоки худ аз зарфиятҳои технологияи иттилоотии пешрафта фаровон истифода мебаранд, ки бояд ин мавзуъ мавриди таваҷҷуҳ ва тадбирандешии муассири масъулону коршиносон қарор гирад. Тибқи таҳлилу пешбиниҳо, чунин вазъият дар минтақа ва кишварҳои алоҳидаи дунё дар оянда идома ёфта, ҳузур ва фаъолияти ДОИШ ва Ал-Қоида густариш меёбад. Бинобар ин, зарурати таҳияи равишҳои нави инноватсионии муборизаи муштарак бар зидди терроризм, паҳншавии идеологияи ифротгароӣ ва тундгароии динӣ, аз ҷумла бо истифода аз технологияҳои муосир, ба миён омадааст».
Дар робита ба ин таъкиди Пешвои муаззами миллат, бояд дар назар дошта бошем, ки танҳо иттиҳоду якдилӣ, ҳамбастагиву ваҳдати миллӣ ва зиракии сиёсӣ метавонад моро аз ин таҳдидҳо, ҳизбу ҳаракатҳо ва равандҳои пуртазоди ҷаҳони муосир эмин нигоҳ дорад.
 
Шавкат БОЕВ,
номзади илмҳои филологӣ, 
устоди ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.10.2022    №: 208    Мутолиа карданд: 474
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед