logo

иқтисод

ПАНҶАКЕНТ. ТАҚВИЯТИ САМАРАНОКИИ ЗАМИН ДАР МАДДИ АВВАЛ

Дар сурати мутобиқ ба талаботи меъёрҳои рӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор додани ҳар як ваҷаб замини корам, шароит фароҳам меояд, ки Панҷакент бо он имкониятҳои доштаи худ дар баробари таъмини аҳолии шаҳр бо аксари маҳсулоти кишоварзӣ, ҳамзамон, содироти муътадили онро ба роҳ монад.
Деҳқонону кишоварзони шаҳри Панҷакент мутобиқ ба дастуру супоришҳои роҳбарияти олии кишвар, ҷиҳати боз ҳам хубтар ба роҳ мондани  боздеҳи ҳар як ваҷаб замину дар як мавсим рӯёндани ду-се ҳосил  қадамҳои эътимодбахш мегузоранд. Дар ҷараёни сафари эҷодӣ ба  хоҷагиҳои деҳқонии Панҷакент, ки  феълан 5 ҳазору 270 ададро ташкил медиҳад,  ин иқдоми хуш бештару беҳтар ба мушоҳида расид.
Ғолибшоҳ Гадоев, сардори раёсати кишоварзии шаҳри Панҷакент бо қаноатмандӣ иброз медорад, ки  сарфи назар аз баъзе ҳолатҳои беобӣ дар мавсим, дар  ҳамаи ҷамоатҳо ҳар як ваҷаб замин аз ҷониби сокинон самаранок истифода мешавад. Ҷиҳати тақвият бахшидани ҳарфҳои худ ӯ моро назди як қитъаи замине овард, ки хурду калон ба ҷамъоварии ҳосили сабзӣ, лаблабу, қаланфури булғорӣ машғул буданд. Ҷавоне, ки худро Ҳусниддин Шукуров муаррифӣ кард, чунин гуфт: “Чанд сол боз 0,50 гектар заминро ба иҷора гирифта, ба парвариши сабзавот машғулам ва ҳосили хуб ҳам мегирам. Манфиати хуби молиявӣ мусоидат кард, ки акнун дигар ба муҳоҷирати меҳнатӣ наравам”.
 Мувофиқи маълумоти оморӣ, то 1-уми октябри соли ҷорӣ  зиёда аз 33 ҳазору  676 тонна ғалладона истеҳсол шудааст, ки аз ин  9 ҳазору 688 тоннаашро гандум ташкил медиҳад. То имрӯз наздик ба 50 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ шуд, ки ҳосилаш хуб ба назар мерасад. Ҷамъоварии сабзавот: карам, бодиринг, помидор, сабзӣ, пиёз ҳамагӣ то оғози моҳи октябр ба 53 ҳазору 711 тонна расидааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2021-ум 12 ҳазор тонна зиёд мебошад. Самари кори боғдорони панҷакентӣ дар мавсими имсола хеле назаррас аст ва онҳо дар фаровонии бозори вилояту кишвар саҳми муносиб мегузоранд. Аз 3,5 ҳазор тонна меваи ҷамъоварда, 3 ҳазору 216 тоннаашро себ ташкил медиҳад.
– Дар аксари заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ сабзӣ кишт мешавад, зеро иқлими минтақа ба серҳосилии он мувофиқат мекунад. Умуман, пас аз ҷамъоварии ҳосил, кишоварзони шаҳру деҳоти Панҷакент боз дар майдони 60 гектар кишти навъҳои гуногуни маҳсулотро ба роҳ мондаанд. Масалан, дар ҷамоатҳои деҳоти Халифа Ҳасан, Саразм ва Лоиқ Шералӣ  сабзӣ, ҳамчунин, турбу шалғам, ки парваришашон чандон мушкил нест, зиёд кишт шудааст, – мегӯяд Ғолибшоҳ Гадоев.
Дар хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоатҳои деҳоти Лоиқ Шералӣ ва Халифа Ҳасан, ки заминҳояшон дар ду тарафи роҳи Айнӣ – Панҷакент воқеъ аст, ҷамъоварии қаламфури булғорӣ, помидору бодиринг ва дигар намуди сабзавот идома дорад. Ҳамарӯза аз хоҷагиҳои деҳқонии “Сомониён” ва “Исматулло”-и деҳоти Лоиқ Шералӣ зиёда аз ду тонна қаланфури булғорӣ ва помидор ба бозорҳои шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд интиқол дода мешавад. Дар замини хоҷагиҳо ҳосили пиёз омода асту рӯзҳои наздик ҷамъоварии он оғоз хоҳад ёфт.
– Дар мавсими имсола бинобар баланд бардоштани ҳосилнокии картошка ва аз ин ҳисоб коҳиш додани майдони кишт мо дар 1300 гектар парвариши офтобпарастро ба роҳ мондем, ки аз ҳосили он коркарди ҳам истеҳсоли равған ва хӯроки чорво роҳандозӣ мешавад. Ин иқдом солҳои дигар боз ҳам вусъат пайдо хоҳад кард, – иброз намуд Ғолибшоҳ Гадоев.
Кишоварзон бо назардошти имтиёзҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки  бо риояи дурусти қоидаҳои агротехникӣ ҳосили дилхоҳ ба даст оранду дар таъмини оила ва бозору амнияти озуқавории кишвар саҳмгузор бошанд.
 
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.10.2022    №: 208    Мутолиа карданд: 1071
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед