logo

иҷтимоиёт

ЖУРНАЛИСТИКАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. ЧАРО САМАРАИ ФАКУЛТЕТҲОИ ИХТИСОСӢ КАМРАНГ АСТ?!

 
Журналистикаи байналмилалӣ як бахшест, ки фаъолияти он ба ҷамъоварӣ, коркард, таҳлил ва паҳн кардани иттилоот дар сатҳи байналмилалӣ тавассути васоити ахбори омма марбут аст. Журналистони байналмилалӣ бошанд, дорои зарфияте ҳастанд, ки метавонанд, баробари кор дар расонаи хориҷӣ давлату миллати худро муаррифӣ созанд. Мутаассифона, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷиҳати ҷуғрофӣ дар маркази манфиатҳои геополитикии абарқудратҳо ҷойгир аст, нақши чунин журналистон ниҳоят камранг мебошад. Ин дар ҳолест, ки вазъи кунунии ҷаҳон ва бартариҷӯйии манфиатҳо тавассути ВАО тақозо менамояд, ки ба ин масъала дар марказҳои таълимии журналистони оянда таваҷҷуҳ бештар зоҳир шавад. Вобаста ба он ки журналистони байналмилалии мо дар кадом сатҳ қарор доранду барои рушди минбаъдаи журналистикаи байналмилалӣ кадом корҳоро бояд анҷом дод, назари бархе рӯзноманигоронро меорем.
Шаҳноз Комилзода, хабарнигори Телевизиони «Iran international», иброз дошт, ки айни ҳол дар ҷумҳурии мо журналистони байналмилалӣ хеле каманд. Ӯ яке аз сабабҳои кам будани рӯзноманигорони мо дар расонаҳои байналмилалиро дар он мебинад, ки гирифтани муҷаввиз (аккредитатсия) барои фаъолият дар ВАО-и байналмилалӣ хеле душвор аст ва муддату вақти зиёдро талаб мекунад. 
– Ҳарчанд бисёр расонаҳои маъруфи минтақаву ҷаҳон аксар вақт дунболи ҳадафҳои муайяни худ ҳастанд, вале, дар маҷмуъ, ВАО-и байналмилалӣ бояд инъикоскунандаи тамоми мушкилот ва набзи воқеии ҷомеа бошад, ки ин амр аз рӯзноманигор кори саривақтию стандартиро талаб мекунад. Аз ин рӯ, барои рӯзноманигори байналмилалӣ шудан хеле кӯшиш бояд кард. Пеш аз ҳама, дониши ҳаматарафа доштан лозим аст. Ба ғайр аз донишу забондонӣ, боз журналист бояд лаёқати таҳлил, тафаккури сиёсӣ ва ҷаҳонбинии васеъ дошта бошад, – гуфт Ш. Комилзода. 
Дар ҳамин ҳол, Бахтиёр Қутбиддинов, декани факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, гуфт, ки аксари донишҷӯёне, ки ба гурӯҳи журналистикаи байналмилалии факултет меоянд, тасодуфӣ ҳастанд ва журналист шудан намехоҳанд: «Ҳар сол ба гурӯҳи журналистикаи байналмилалии факултети мо 25 донишҷӯ қабул мешавад, аммо то курси чорум шумораи ками онҳо боқӣ мемонад. Баъзеашон интиқол мегиранд. Аз шумораи боқимонда бошад, 2-3 нафар журналист мешаваду халос. Бисёре аз донишҷӯёни ба ин гурӯҳ дохилшуда иқрор мешаванд, ки тасодуфӣ ба ин ҷо омадаанд ва талаб мекунанд, то онҳоро барои навиштан маҷбур накунем. Ҳолати мавҷуда кори мо устодонро душвор мекунад. Бинед, агар донишҷӯ хоҳиш надошта бошад, ман чӣ тавр аз ӯ журналист, созам?! Пеш аз ҷорӣ шудани низомӣ тестӣ, донишҷӯёне, ки ба факултети журналистика дохил мегардиданд, ҳатман қаламашон санҷида мешуд. Ба факултет довталабоне қабул мешуданд, ки навишта метавонанд. Ҳозир бошад, ҳатто ҳолатҳоеро вохӯрдем, ки довталабони дорои қалами хуб аз имтиҳони дохилшавӣ намегузаранд. Ҳолати мавҷуда, албатта, ба фоидаи мо нест. Ман фикр мекунам, журналисти байналмилалӣ бояд аввал бо забони тоҷикии худ матлаб навишта тавонад. Барои омӯхтани забонҳои хориҷӣ ва навиштан бо онҳо, кафедраи забонҳои хориҷӣ мавҷуд аст, ки заминаест барои рушди забондонии онҳо”. 
Як донишҷӯи факултети журналистика, ки нахост номашро зикр кунем, сабаби рӯ наовардани худро ба соҳаи журналистикаи байналмилалӣ ба надонистани забонҳои хориҷӣ рабт дод: – Мушкили ман барои рӯзноманигори байналмилалӣ шудан дар сатҳи зарурӣ надонистани забонҳои хориҷӣ мебошад, лекин фикр мекунам, агар ба ягон расонаи байналмилалӣ ба кор дароям, он метавонад ба инкишофи забондонии ман мусоидат намояд. Аммо ҳолати кунунии таҳсил дар вазъест, ки Донишгоҳ бо ягон ВАО-и байналмилалӣ равобити мустаҳкам надорад.
Донишҷӯи дигар аз он изҳори нигаронӣ кард, ки дар Донишгоҳ соатҳои дарсии забонҳои хориҷӣ камтаранд ва ин ба забондон шудан таъсири хуб расонда наметавонад: “Ман дар гурӯҳи журналистикаи байналмилалӣ таҳсил мекунам. Тамоми дарсҳои мо бо забони тоҷикӣ мегузаранд. Инчунин, як забони хориҷӣ мехонем, ки он ҳам се соат дар як ҳафта аст ва табиист, ки барои омӯхтани забони хориҷӣ кифоя нест».
Сармуҳаррири рӯзномаи “Минбари халқ” Бахтиёр Ҳамдамов аз камбуди журналистони байналмилалиамон, ки бо чанд забон мавод омода карда тавонанд изҳори нигаронӣ кард: "Иштибоҳи мо ҳамин аст, ки то ба сарамон моҷарое наояд, фориғ аз дунё канор мешинем. Дар ҳақиқат, соҳаи журналистикаи байналмилалии мо инкишоф наёфтааст. Будани журналистони байналмилалӣ ва ашхоси забондону коршинос ҳатмист, чун онҳо муаррификунандаи давлату миллати мо дар ҷаҳон ба ҳисоб мераванд. Кам будани журналистони байналмилалӣ, ки бо чанд забон навишта тавонанд, нигаронкунанда боқӣ мемонад".
Номбурда, ҳамчунин, таъкид кард, ки бояд истеъдодҳои нави соҳаи журналистикаи байналмилалиро дастгирӣ кунем, то идомадиҳандаи насли имрӯза, яъне журналистони касбӣ, гарданд.
 
Дилноза ҲУКМАТУЛЛОЕВА,«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.10.2022    №: 208    Мутолиа карданд: 1044
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед