logo

маориф

МАОРИФ. ЧАРО СУПОРИШИ ВАЗИР ИҶРО НАШУД???

 
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф овард. Зимни сафар аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии осебдида дар низоъҳои наздисарҳадии шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дидан карда, бо осебдидагону зарардидагон ва наздикони фавтидагон мулоқот анҷом дод. Ба онҳо, аз ҷумла ба оилаҳои омӯзгорон, ёрии молию пулӣ расонда шуд.
Инчунин, аз вазъи таълиму тарбия, корҳои ободонӣ, таъмиру тармими муассисаҳо ва омодагӣ ба зимистонгузаронӣ аз Муассисаи таълимии рақами 24 ба номи Чӯлибой Комилови деҳаи Оби Зулоли шаҳри Истаравшан низ, дидан намуд. Зимни боздид якчанд камбудии ислоҳталаб ошкор гардиданд. Аз ҷумла, яке аз онҳо ба талабот ҷавобгӯ набудани ангиштсанги харидоришуда барои зимистонгузаронӣ буд. Муассисаи таълимии мазкур ба миқдори 13 тонна ангиштсанг харидааст, ки,  аксаран, ангиштсанги хока аст. 
Вазири маориф ва илм ба ин камбудии ҷиддӣ сахт эрод гирифта, ба масъулон, махсусан ба сардори раёсати маорифи шаҳри Истаравшан Гулрӯ Пӯлотова супориш дод, ки дар муддати кӯтоҳтарин камбудии ҷойдоштаро дар муассисаи болозикр ислоҳ намуда, хаттӣ маълумотнома пешниҳод намоянд. 
Аммо масъулон баъди ин супориш ҷиҳати бартараф намудани камбудӣ чора наандешиданд. Ин дар суратест, ки ба унвони вазири маориф ва илм маълумотномаи бардурӯғ пешниҳод шудааст. 
Бояд гуфт, ки Муассисаи зикршуда дуошёна ва аз плитаҳои бетонист, ки аз 20 синфхона иборат мебошад. Саволе ба миён меояд, ки оё ба ангиштсанги хокаи харидашуда синфхонаҳои барҳаво ё ин ки калонҳаҷми онро гарм кардан мумкин аст? Албатта, не.
Хулоса, фикр мекунем, ки баъди ба нашр расидани маводи мазкур масъалаи ҷойдоштаи Муассисаи таълимии рақами 24-и шаҳри Истаравшан ҳалли худро хоҳад ёфт. 
 
Сомон СИПЕҲРӢ,
шаҳри Истаравшан


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.10.2022    №: 208    Мутолиа карданд: 1339
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед