logo

Хабарҳо

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН

 
«Истиқлол» бори нуҳум ғолиб шуд
Тими «Истиқлол» дар рақобати финалии Ҷоми Тоҷикистон - 2022 бар тими «Кӯктош» пирӯз шуда, бори нуҳум соҳиби ин ҷоиза шуд. 
Вақти асосии вохӯрӣ бо ҳисоби 2:2 анҷом ёфт. Дар ду қисми иловагӣ низ ғолиб муайян нагардид. Дар силсилазарбаҳои 11-метра футболбозони «Истиқлол» бо натиҷаи 5:4 зафар ёфтанд. 
Беҳтарин бозигари финал нимҳимоятгари дастаи «Кӯктош» Алишер Шукуров эътироф гашт.
 
 
 
СУПЕРЛИГАИ ТОҶИКИСТОН – 2022 
Муборизаи «Соро компания» 
ва «Истиқлол» барои медали тилло
Дастаҳои «Соро компания» ва «Истиқлол» ба финали Суперлигаи Тоҷикистон – 2022 оид ба футзал роҳ ёфтанд. Барои медалҳои биринҷӣ «Сипар» ва «Истаравшан» рақобат мекунанд.
Бар асоси низомномаи Лигаи футзали Тоҷикистон, бозиҳои ниҳоии Суперлигаи кишвар аз силсилаи то се пирӯзии яке аз дастаҳо иборат буда, вохӯрӣ барои ҷойи сеюм дар формати то ду ғалаба баргузор мешаванд. 
ҶОМИ ОСИЁ – 2023
Корея, Урдун ва Уммон ҳарифони футболбозони ҷавони тоҷик
Тибқи қуръакашии марҳилаи финалии Ҷоми Осиё – 2023 (1 – 18 март, Ӯзбекистон), мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) шомили гурӯҳи “С” шуда, бо дастаҳои Корея, Урдун ва Уммон бозӣ мекунад.
Дар рафти қуръакашӣ, ки 26 октябр дар шаҳри Тошкент доир гашт, 16 даста ба 4 гурӯҳи чордастаӣ тақсим шуданд. Чор дастаи беҳтарини Чемпионати Осиё ба Чемпионати ҷаҳон, ки соли оянда дар Индонезия баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.
 
 
 
ATP 500 
Пирӯзии Даниил Медведев
Теннисбози рус Даниил Медведев (ракеткаи 4-ум) дар зӯрозмоии ниҳоии мусобиқаи ATP 500-и Вена (Австрия) Денис Шаповалови канадагиро (19-ум) бо ҳисоби  2:1 (4:6;  6:3;  6:2) шикаст дода, қаҳрамони мусобиқа гардид.
Тибқи иттилои сомонаи www.sports.ru, ин дуюмин ҷоизаи Даниил дар мавсими ҷорӣ буда, дар маҷмуъ, 15-умин ҷоизаашро ба даст овард.
Пас аз ин музаффарият, теннисбози рус ба мақоми 3-юми раддабандии ATP мебарояд.
 
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5175
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед