logo

иқтисод

ЛАХШ. БАРДОШТ АЗ БУРДУ БОХТИ НУҲМОҲА ИҶРОИ БУҶЕТ – ПОЯГУЗОРИ КОМЁБИҲО

Аз таҳлили иҷрои нақшаи даромадҳои буҷет раиси ноҳияи Лахш Баротзода Файзулло Раҷаб қонеъ шуд. Ба лабонаш табассум дамид. Дар нуҳ моҳи соли 2022 ба хазина 12 миллион сомонӣ ворид гаштааст. Яъне, боре ҳам дар пардохти маошу нафақаи омӯзгорон, духтурон, хизматчиёни давлативу кормандони мақомоти қудратӣ монеа ба вуҷуд наомадааст. Мардум солҳои охир андозҳои заруриро сари вақт мепардозанд, роҳбарони корхонаҳо низ дар ин самт масъулият доранд. 
Қисми  хароҷоти  буҷети  ноҳия  91,5 фоиз иҷро гардидааст.  Дар ин муддат ба бунёдкориҳо, сохтмони иншооти ҷашнӣ аз ҳисоби буҷет 35,9 миллион сомонӣ маблағгузорӣ шудааст. Соҳаҳои маориф, тандурустӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, муҳити зист, фарҳангу варзиш, кишоварзӣ, моҳипарварӣ, нақлиёт ва коммуникатсия сари вақт бо маблағ таъмин гаштанд, аз ин рӯ, пешравиҳо нисбат ба солҳои рафта назаррасанд. Албатта, бақияпулиҳо аз қарзи андоз вуҷуд доранд, аммо сол ба сол кам карда мешаванд, ки ин ҳам нишонаи комёбиҳои истеҳсолии сокинони заҳматқарини ноҳияи Лахш ба ҳисоб меравад. 
 
БОНКҲО МАДАДРАСОНИ  СОҲИБКОРОНАНД 
Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи суханрониҳояшон ва дар вохӯриҳо бо мардум ба роҳбарони Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ва дигар бонкҳои қарздиҳӣ муроҷиат намуда, дастур медиҳанд, ки соҳибкоронро аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ карда, бо қарзҳои сабук дар пешравии фаъолияти истеҳсолиашон мададрасон бошанд. Дар партави тавсияҳои Пешвои миллат дар нуҳ моҳи соли 2022 бо мақсади дастрасии соҳибкорон ва эҳтиёҷмандон ба хизматрасонии бонкӣ аз тарафи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Аввалин бонки молиявии хурд» ба 520 нафар ба маблағи 5 миллиону 200 ҳазор сомонӣ, Фонди қарзии хурди «Эҳёи кӯҳистон» ба 174 нафар ба маблағи 763,3 ҳазор сомонӣ, шуъбаи Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ба 287 нафар ба маблағи 3 миллиону 431,2 ҳазор сомонӣ, Фонди қарзии хурди «Боршуд» ба 69 нафар ба маблағи 1 миллиону 224,8 ҳазор сомонӣ ва Маркази хизматрасонии бонкии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Коммерсбонки Тоҷикистон» ба 190 нафар ба маблағи 2 миллиону 31,9 ҳазор сомонӣ, дар маҷмуъ, ба 1240 нафар 12 миллиону 651,2 ҳазор сомонӣ қарзҳои бонкӣ дода шуданд, ки дар пешравии фаъолияти соҳибкорӣ нақши муҳим бозиданд. Аммо ҳоло ҳам фоизи қарзҳои бонкӣ баланданд, махсусан барои кишоварзон. 
 
КИШОВАРЗӢ, ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН,  ҲОЛАТИ МЕЛИОРАТИВИИ ЗАМИНҲО ВА БАЪЗЕ МУШКИЛОТИ СОҲА 
Водии Лахш бо парвариши ғалладона, зироатҳои полизӣ, махсусан картошка дар ҷумҳурӣ аз пешқадамҳо ҳисоб меёбад. Имрӯз дар ноҳия 1840 хоҷагии деҳқонӣ фаъолияти густарда дорад. Ҷамъи заминҳои таъиноти кишоварзӣ 136631 гектар буда, заминҳои корам дар майдони 6282 гектар доман задаанд, ки аз ин 4480 гектар корами обӣ мебошанд. 
Ҷиҳати зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, бунёди боғот ва барқарорсозии боғҳои куҳна, бештар намудани майдони кишти зироатҳо, чораҳои зарурӣ андешида шуданд.
Тибқи Дурнамои рушди соҳаи кишоварзӣ, ки дар мувофиқа бо Вазорати кишварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст, дар мавсими соли 2022 дар майдони 3150 гектар кишти картошка, 1116 гектар зироатҳои ғалладонагӣ ва дар майдони 95 гектар кишти сабзавот пешбинӣ гардида буд. 
Баҳри кишту парвариш, истеҳсол ва таъмини содироти меваю сабзавот ва дигар маҳсулот бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, тибқи маълумоти оморӣ дар хоҷагиҳои давлатӣ ва деҳқонӣ дар 1413,8 гектар ғалладона (бо назардошти кишти тирамоҳӣ), дар 10,8 гектар зироатҳои техникӣ, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар 5402 гектар картошка, дар 233,3 гектар сабзавот, дар 933,5 гектар зироатҳои хӯроки чорво кишт карда, дар 16,5 гектар боғи нав бунёд намуданд, 12 гектар боғҳои куҳна барқарор шуданд. 
Маҷмуи умумии даромади кишоварзон дар нуҳ моҳи соли 2022 ба маблағи 147 миллиону 748,5 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 66,4 ҳазор сомонӣ зиёд аст.
Таҳлилҳо бозгӯи онанд, ки агар баъзе камбудиҳо бартараф мегаштанд, комёбиҳо афзунтар мешуданд. Куҳнаю фарсуда ва аз фаъолият мондани қисме аз шабакаҳои обёрӣ, сари вақт дастрас нашудани техникаю мошинолот ҷиҳати тоза намудани наҳру каналҳои обгузар, зиёд шудани ҳашароти зараррасон, ба касалиҳои гуногун дучор шудани майдонҳои кишти картошка ва боғҳо, дастрас набудани маводи доруворӣ ва заҳркимиёҳо боиси талаф ёфтани ҳосил гардиданд. 
Фарсуда гаштани техникаҳои кишоварзӣ, набудани пойгоҳи мукаммали моддӣ - техникӣ ва техникаи ҳозиразамони кишоварзӣ, болоравии нархҳои сӯзишворӣ, нуриҳои минералӣ ва заҳркимиёҳо, инчунин, сари вақт таъмин нагардидани онҳо, маҳдудияти гирифтани қарзҳои камфоиз ва дарозмуҳлати бонкӣ оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ низ, аз мушкилоти ҳалталабанд. 
 
НЕРУИ БАРҚ ДАР  ПЕШРАФТИ САНОАТ  НАҚШИ КАЛИДӢ МЕБОЗАД 
Дар нуҳ моҳи соли 2022 Неругоҳи хурди барқи обии "Питовкул" ба миқдори 1 миллиону 668 ҳазор кВт-соат неруи барқ истеҳсол намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли рафта 863 ҳазор кВт-соат зиёд мебошад. 
Оид ба истифодаи неруи барқ ва пардохти ҳаққи он дар ноҳия бояд зикр намуд, ки дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба миқдори 20 миллиону 629,5 ҳазор кВт-соат неруи барқ ба маблағи 5 миллиону 67,3 ҳазор сомонӣ истифода шудааст. Вале нақшаи ҷамъоварии маблағи истифодаи неруи барқ дар ин давра 81 фоизро ташкил намуд. Аҳолӣ 15 миллиону 80,6 ҳазор кВт-соат неруи барқ ба маблағи 3 миллиону 417,2 ҳазор сомонӣ истифода бурдааст, аммо нақшаи ҷамъоварии маблағ ҳамагӣ 86 фоиз иҷро шуд, яъне қарздорӣ дар ин самт то ҳол ҷой дорад. 
Имсол барои кам намудани талафоти неруи барқ дар ноҳия 572 ҳисобкунаки барқӣ аз дохили хонаҳои истиқоматӣ бароварда шуда, дар ҷойҳои намоёну дастрас насб гардид, ки ба ҷамъоварии ҳаққи неруи барқ мусоидат менамояд. Мутаассифона, бақияпулиҳо дар самти пардохти ҳаққи истифодаи барқ ҷой дошта, дар нуҳ моҳи соли 2022 ҳаҷми он 991,2 ҳазор сомониро ташкил менамояд. Барои он ки соҳаи саноат пеш равад, пеш аз ҳама, бояд маблағи истифодаи неруи барқ пардохт шавад. 
 
БАРНОМАИ МАҲАЛЛИИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ  НОҲИЯИ ЛАХШ БАРОИ  СОЛҲОИ 2021-2025
Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2021-2025 бо қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Лахш аз 5 марти соли 2021, №54 қабул гардида, бо назардошти ба инобат гирифтани эҳтимолияти рух додани офатҳои табиӣ, ташкили ғизои мактабӣ, ғизои солим, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва баробарии гендерӣ дар ҳошияи Ҳадафҳои Рушди Устувор Барномаи мазкур такмил дода шуда, тағйири ба он воридгардида бо қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз 29 декабри соли 2021, № 101 тасдиқ гашт. 
Ба Барнома 110 лоиҳа ба маблағи 163 миллиону 700 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст, ки аз ин ба соҳаи кишоварзӣ 30 лоиҳа ба маблағи 29 миллиону 300 ҳазор сомонӣ, саноат 7 лоиҳа ба маблағи 3 миллиону 400 ҳазор сомонӣ, соҳибкории хурду миёна 8 лоиҳа ба маблағи 23 миллиону 900 ҳазор сомонӣ, маориф 13 лоиҳа ба маблағи 34 миллион сомонӣ, тандурустӣ 11 лоиҳа ба маблағи 13 миллиону 900 ҳазор сомонӣ, фарҳанг ва фароғатӣ 7 лоиҳа ба маблағи 12 миллиону 300 ҳазор сомонӣ, сайёҳӣ, варзиш ва ҷавонон 10 лоиҳа ба маблағи 12 миллиону 700 ҳазор сомонӣ, таъминоти барқ 6 лоиҳа ба маблағи 9 миллиону 400 ҳазор сомонӣ, нақлиёт ва роҳсозӣ 5 лоиҳа ба маблағи 4 миллиону 100 ҳазор сомонӣ, таъмини оби нӯшоӣ ва хизматрасонии коммуналӣ 8 лоиҳа ба маблағи 18 миллиону 900 ҳазор сомонӣ, пешгирии ҳолатҳои фавқулода ва хавфи офатҳои табиӣ 5 лоиҳа ба маблағи 1 миллиону 800 ҳазор сомонӣ рост меояд.
Мониторинги Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Лахш ва ҳам таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ба ҳолати 30 июни соли 2022 дар доираи татбиқи Барномаи рушди ноҳияи Лахш 13 лоиҳа пурра ва 35 лоиҳа қисман ба маблағи умумии 25 миллиону 513 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонда шудааст. Нисбат ба маблағгузории 62 лоиҳаи боқимонда, ки арзиши умумиашон 138 млн 187 ҳазор сомонӣ буда, 84,4 фоизи маблағгузории умумии Барномаро дар бар мегирад, корҳо идома доранд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш ба дастгириҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва азми қавии мардуми ноҳия такя намуда, минбаъд низ, баҳри татбиқу иҷрои сифатноки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чораҳои амалиро роҳандозӣ карда, дар ин замина истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо туҳфаҳои меҳнатӣ ва руҳияи баланду садоқатмандӣ ба Ватан таъмин месозанд.  
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.11.2022    №: 209 -210    Мутолиа карданд: 1232
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед