ҳуқуқ
КОНСТИТУТСИЯ ЗЕРБУНЁДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛИРО ИСТЕҲКОМ БАХШИД
Фазои сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодии имрӯзи кишвари соҳибистиқлоли мо нишон медиҳад, ки барҳақ қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28 соли пеш, оғози башоратҳои нек дар роҳи бунёди давлатдории миллӣ ба шумор меравад. Маҳз ҳамин санади олии ҳуқуқӣ, ки лоиҳаи он дар як давраи ҳасоси таърихи давлатдории нави тоҷикон аз ҷониби ҳайати Комиссияи конститутсионӣ бо роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия гардида буд, ба дурнамои фардои босаодат, бартараф намудани пайомадҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ ва таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ замина фароҳам овард.
Ҷойи ифтихор аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сӯи коршиносони милливу байналмилалӣ яке аз конститутсияҳои беҳтарин ва демократиасос эътироф шудааст. Олимони соҳаи ҳуқуқ далели чунин баҳои сазоворро дар он маънидод мекунанд, ки дар ҳақиқат ин санади олӣ аз принсипҳои демократӣ, арзишҳои умумибашарӣ таркиб ёфта, ҳуқуқу озодиҳои инсонро арзиши олӣ эълон ва халқро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намудааст. Гузашта аз ин, яке аз вижагиҳои мавриди таваҷҷуҳ ва арзёбии ҷойгоҳи баланди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он зоҳир мегардад, ки аз се як ҳиссаи меъёрҳои он ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст. Ин масъала худ баёнгари он аст, ки Конститутсияи мо дорои мазмуну моҳияти ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, ҳамчунин, пуштибонии амиқи давлату Ҳукуматро дар раванди демократисозӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои халқ бозгӯ менамояд. Воқеан, ҳадафи асосии давлат ва ҷомеаи навини Тоҷикистон эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявӣ буда, таъмини волоияти қонун, амнияти ҷомеа, таҳкими музаффариятҳои истиқлол, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои умумимиллӣ ва давлат, ҳамчунин, пайваста ташаккул додани бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифтааст, ки дар ин самт нақши Конститутсия муҳим ва таҳкимбахш аст.
Табиист, ки устувории ҷомеаи кушод ва ҳуқуқбунёд ба фаъолияти озод, самарабахш ва фаъолонаи шаҳрвандонаш вобастагии амиқ дорад. Дар ин замина қонунҳои адолатноке, ки ба манфиати ҷомеа ва шахс, бартарии ҳуқуқу озодиҳои инсон, баробарҳуқуқӣ равона шудаанд, бевосита асос ва пояи чунин ҷомеа ва давлат мебошанд. Дар ҳамин ҳол, Конститутсия ва дигар қонунҳо муқаррар менамоянд, ки инсон ва шаҳрванд ба ғайр аз ҳуқуқу озодиҳо, ҳамчунин, дорои масъулият, уҳдадориҳо муайянанд, ки иҷрои онҳо ҳамчун меъёрҳои конститутсионӣ ҳатмӣ мебошанд. Аз ҳамин нуқтаи назар, ҳар шахс вазифадор аст, ки талаботи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд.
Сироҷиддин ҚОДИРОВ,
унвонҷӯи АМИТ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 01.11.2022 №: 209 -210 Мутолиа карданд: 1507