logo

маориф

ҚОБИЛҶОН ХУШВАХТЗОДА: «НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДМТ БОЛО МЕРАВАД»

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки «шаҳсутуни кохи илми миллат»-аш мехонанду яке аз муассисаҳои асосии кадртайёркунӣ дар ҷумҳурист, соле пас 75 – сола мешавад. Ин кохи бузурги дониш, ки дар ҳар хонадон, албатта, нафаре ифтихори таҳсил дар онро дорад, на танҳо Донишгоҳи рақами яки кишвар, балки аз бузургтарин донишгоҳҳои Осиёи Марказист. Дар мавриди роҳи тайкардаи Донишгоҳ дар тули таърих суханҳо зиёданд. Перомуни дигаргуниҳое, ки замони роҳбарии ректори феълӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода ба амал омаданд, суҳбате оростем бо мавсуф.
 
ЭЪТИРОФ ДАР САРОСАРИ ҶАҲОН  НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДМТ БОЛО МЕРАВАД 
– Муҳтарам ректор, тавре шоҳидем, дар давраи раёсати Шумо дар Донишгоҳ тағйироти чашмрасе ба вуҷуд омад. Аз ҷумла, нуфузи Донишгоҳ дар минтақа бамаротиб боло рафт. 
– Бароям мояи ифтихору масъулияти баланд аст, ки имрӯз дар қатори шахсиятҳои барҷаста роҳбарии ин боргоҳи илмро ба уҳда дорам. Хушбахтона, дар ин давра дигаргуниҳои зиёд ба вуҷуд омаданд. Аз ҷумла, Донишгоҳ аввалин шуда дар миқёси ҷумҳурӣ ва кишварҳои Осиёи Миёна аз аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гузашт. Моҳи январи соли гузашта Шурои экспертони Агентии эстонии ЭККА сатҳу сифати таълим, фаъолияти илмӣ, байналмилалӣ, тарбия ва хоҷагидории Донишгоҳро ба муқаррароти аврупоӣ ҷавобгӯ эътироф намуд. Натиҷаи ҳамин аст, ки имрӯз дипломи Донишгоҳро 40 давлати аврупоӣ эътироф мекунад ва мутахассисони мо дар саросари дунё фаъолият менамоянд. 
Гузашта аз ин, чанде пеш боз як хушхабар расид, ки дастоварди шоёни таъкид дар соҳаи маорифи кишвар аст. Донишгоҳи миллӣ дар «Рейтинги Донишгоҳи АвруОсиё IAAR (IAAR - EUR) -2022» мақоми чорумро касб намуда, сазовори ҷоизаи бонуфузи «Эътироф дар сартосари ҷаҳон» гардид. Он аз ҷониби Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг – IAAR ба роҳ монда шуд, ки ниҳод нуфузи ҷаҳонӣ дошта, аз ҷумла дар Тоҷикистон, Қазоқистон, Молдова, Россия, Руминия ва Ӯзбекистон, санҷишҳои байналмилалиро анҷом медиҳад. 
Ин ҳанӯз оғози кор аст ва дар ин робита нақшаҳои зиёдро дар назар дорем, то мавқеи Донишгоҳро боз ҳам боло бардорем, зеро гузаштан аз чунин аккредитатсияҳо дар ҳоли ҳозир талаби замон асту мо низ бояд дар минтақа ва ҷаҳон мавқеи худро дошта бошем. Аз ин рӯст, ки  Сарвари давлат дар мулоқоти имсолаашон бо маорифчиёни кишвар дар Рӯзи дониш ба фазои ҷаҳонии таҳсилот мутобиқ намудани фаъолияти соҳа, аз ҷумла, муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро махсус зикр карда, моро муваззаф намуданд, то барои аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузарондани  барномаҳои таълимӣ чораҳои зарурӣ андешем. 
Ҳамчунин, боиси сарбаландии мост, ки Донишгоҳи миллӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ҳам, мақоми намоён дорад. Далели ин, дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи марти соли ҷорӣ аз ҷониби Агентии давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи 36 нишондиҳандаи таълимию методӣ роҳандозӣ гардид, мо миёни ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар бо касби 236 хол сазовори ҷойи аввал шудем. 
 
УСТОДОН СОҲИБИ ХОНА ШУДАНД  
– Яке аз иқдомҳои наҷибе, ки имсол амалӣ гашту ҳамагон истиқбол намуданд, бо манзилҳои истиқоматӣ таъмин кардани устодону кормандони Донишгоҳ буд. Ин ба Шумо чӣ гуна даст дод? 
– Албатта, ин тадбири иҷтимоӣ аз сиёсати некбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад, ки дастгирии аҳли илму маориф дар меҳвари фаъолияташон қарор дорад. Маҳз бо дастгирии Сарвари давлат мо тавонистем бинои хобгоҳи рақами яки донишҷӯёнро воқеъ дар маҳаллаи «Гипрозем»-и пойтахт таъмиру навсозӣ намуда, ба хонаҳои истиқоматӣ табдил диҳем. 160 донишҷӯеро, ки дар ин хобгоҳ зиндагӣ мекард, ба хобгоҳи нави 12-ошёнаи Шаҳраки донишҷӯён кӯчондем. Моҳи июн бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён ва дигар шахсони расмӣ калиди ин хонаҳо ба соҳибонашон супурда шуд. Аввал, дар назар буд, 25 нафар соҳибманзил гардад, вале муваффақ гардидем, ки 39 устодро бо манзил таъмин намоем. Хонаҳо, асосан, дуҳуҷрагӣ буда, ба омӯзгорони ниёзманд, ки солиёни дароз иҷоранишин буданд, тақсим шуданд. Минбаъд низ дар доираи имкониятҳо ин иқдомро амалӣ карданием, зеро дастгирии омӯзгор, пеш аз ҳама, боиси болоравии сифати таълиму тарбия мегардад. Зимнан, дар ин рӯз бо иштироки меҳмонон бинои Донишкадаи таълимии фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллӣ мавриди истифода қарор гирифт. Он аз 2 ошёна иборат буда, дорои синфхонаҳои замонавии бо технологияи муосир муҷаҳҳаз, аз ҷумла лингофонию мусиқӣ, толорҳои конфронсӣ, фарҳангӣ, китобхона, бойгонӣ ва осорхона, мебошад. Саҳни биноро амфитеатр ва майдончаи варзишӣ зеб медиҳанд. Дар саргаҳи ин тадбири муҳим низ, Ҳукумати мамлакат меистад, ки ифтитоҳ шудани чунин бинои Донишкада боз як қадами устувор ҷиҳати рушду такомули муносибатҳои фарҳангию дӯстона миёни Тоҷикистону Чин арзёбӣ мегардад. 
 
ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲО БО ҶУМҲУРИИ БЕЛАРУС 
– Аз ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ёдовар шудеду ҳамчунин, ба қарибӣ дар Донишгоҳ Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистону Беларус доир гашт. Форуми мазкур ба тақвияти ҳамкориҳо чӣ таконе хоҳад бахшид? 
– Форум таҳти унвони «Дурнамои инкишофи ҳамкориҳои байнидонишгоҳии Тоҷикистону Беларус» дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба Тоҷикистон доир гашт. Дар он вазири маориф ва илми мамлакат Саидзода Раҳим Ҳамро ва вазири маорифи Ҷумҳурии Беларус Андрей Иванетс, инчунин, ректорону донишҷӯёни донишгоҳҳои ҳар ду кишвар ширкат варзиданд. Лозим ба зикр аст, ки мо дар соҳаи илму маориф бо Беларус ҳамкориҳои судманд дорем. Ба тасвиб расидани 19 созишномаи ҳамкорӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишвар зимни сафари охири Президенти Беларус Александр Лукашенко ба Тоҷикистон бар ин гувоҳӣ медиҳад. Бешубҳа, амалишавии ин созишномаҳо саҳифаи тозаеро дар муносибати дуҷониба дар соҳаи илму маориф миёни ду кишвар боз хоҳад кард. Ҳадаф аз баргузории Форуми мавриди назар низ, татбиқи бештари лоиҳаҳои гуногуни илмӣ ва табодули таҷриба миёни кишварҳост. 
Дар шароити ҳозира, моро зарур аст, ки ҷиҳати омода намудани мутахассисон бо назардошти ниёзи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ба онҳо, бо Ҷумҳурии Беларус ҳамкориҳоро боз ҳам ҷоннок созем. Ин нуктаро сарварони кишварҳо низ, иброз доштаанд. Дар ин росто, дар назар аст шумораи бурсияҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон афзуда, дар пойтахт филиали яке аз донишгоҳҳои Беларус ифтитоҳ ёбад. 
 
«САДОИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛӢ» ДАР ПОЙТАХТ ТАНИН АНДОХТ  
– Чун сухан аз муҳимтарин рӯйдодҳои чанд моҳи охир рафт, намешавад дар арафаи 31-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ ифтитоҳи радиои «Садои Донишгоҳи миллӣ»-ро сарфи назар кард... 
– Бале, ин падидаи муҳим на танҳо барои устодону донишҷӯёни факултети журналистика, балки Донишгоҳи миллист. Чун минбаъд «Садои Донишгоҳи миллӣ», ки рӯи мавҷи 90,5 пахш мегардад, қариб дар тамоми гӯшаҳои пойтахт танин хоҳад андохт. Ин орзуву ормони чандинсолаи устодону донишҷӯёни мо буд, ки бо дастгирии Кумитаи телевизион ва радио ҷомаи амал пӯшид. Басо рамзист, ки мо ин овозро дар арафаи таҷлили Ҷашни пуршукӯҳи 31-солагии Истиқлоли давлатӣ шунидем ва аввалин барнома ҳам зери унвони «Тараннуми истиқлол» пахш гардид. Ин башорат аз он аст, ки муҳассилини ин боргоҳи хирад, дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ бо сухан саҳми арзандаи хешро хоҳанд гузошт. Аввалан, ин иқдом барои омода намудани мутахассисон барои радио мусоидат мекунад. Донишҷӯ он чиро, ки дар назария мехонад, дар амалия татбиқ менамояд ва ҳамчун мутахассиси омодаву кордон ба идораи воситаҳои ахбори омма меравад. Аз ҷониби дигар, навгониҳои ДМТ бо ҷалби устодону донишҷӯёни ҳамаи факултетҳо мунтазам тариқи ин мавҷ ба самъи шунавандагон мерасад. Умуман, Донишгоҳи миллӣ марказу пойгоҳи асосӣ дар самти омодасозии кадрҳои журналистӣ дар кишвар аст. Дар шароите, ки набардҳои иттилоотӣ рӯз ба рӯз шиддат меёбанд, мо бояд ба омодасозии мутахассисони соҳа аҳамияти бештар диҳем, то тавонанд бо донишу малакаи хеш манфиатҳои Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳифз намоянд. Барои ин, ният дорем, ки бо забонҳои хориҷӣ, махсусан англисӣ, гурӯҳҳо таъсис диҳем. Кушодани ихтисосҳои нав низ, дар назар аст.
 
ПОЙГОҲИ ПУРИҚТИДОРИ ИЛМӢ 
– Илм яке аз самтҳои асосии фаъолияти Донишгоҳ аст ва, умуман, ДМТ  пойгоҳи калонтарину пуриқтидори илмиро дорост. Бигӯед, ки айни замон чанд шурои диссертатсионӣ дар Донишгоҳ фаъол аст ва таъсис ёфтани шуроҳои тоҷикӣ чӣ натиҷа дод?
– Кушодашавии шуроҳои диссертатсионӣ бо забони тоҷикӣ рӯйдоди фараҳбахшест, ки бори дигар ғамхории роҳбарияти олии мамлакатро нисбат ба илми ватанӣ бозгӯ менамояд. Айни замон дар пояи Донишгоҳи миллӣ ҳафт шурои диссертатсионии Федератсияи Россия ва ҳабдаҳ шурои Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд. Дар нимсолаи аввал дар шуроҳои диссертатсионии Федератсияи Россия се рисолаи докторӣ ва сездаҳ рисолаи номзадӣ дифоъ шуд. Дар шуроҳои диссертатсионии Комиссияи олии аттестатсионии мамлакат бошад, чор рисолаи доктории фалсафа (phd), яъне доктор аз рӯи ихтисос, сиву як рисолаи номзадӣ ва шаш рисолаи докториро ҳимоя намуданд. Албатта, баҳри рушди илми кишвар дар оянда боз кушодани шуроҳоро бо назардошти ихтисосҳо дар назар дорем, вале набояд аз шуроҳои Федератсияи Россия даст кашем. Бо онҳо низ, ҳамкориро ба роҳ мондаем. 
Чун сухан аз илм рафт, бояд бигӯям, ки имрӯзҳо Донишгоҳ ба яке аз марказҳои асосии баргузории ҳамоишҳои гуногуни илмӣ табдил ёфтааст. Танҳо дар шашмоҳаи соли равон баргузории 51 чорабинии илмӣ асос ба гуфтаҳост. Аз ҷумла, ҳафт конфронси байналмилалию чил ҳамоиши ҷумҳуриявист. Омӯзгорон низ, дар чопи мақолаҳо дар маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи байналмилалӣ, ба монанди «Scopus» ва «Web of science», фаъоланд ва барои чопи маводашон аз ҷониби раёсати Донишгоҳ ҳавасманд мегарданд. Мақолаҳои дар ин давра банашррасида 41 ададро ташкил медиҳад. 
Сол ба сол доираи фаъолияти ҷамъияти илмии донишҷӯён низ, васеъ гардида, дар факултетҳо ва кафедраҳои умумидонишгоҳӣ 123 маҳфил амал мекунад, ки зиёда аз 3600 донишҷӯ аз рӯи нақшаҳои муайян корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ мебарад. Натиҷаи корҳояшонро дар озмунҳои дохиливу хориҷӣ мебинем. Масалан, дар Озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ» 31 кори донишҷӯён пешниҳод гашт, ки бо гирифтани 23 ҷой – шаш ҷои якум, панҷ ҷои дуюм, даҳ ҷои сеюм ва ду ҷои ифтихорӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ сазовори мақоми аввал шуданд. Ин танҳо чанд мисоле буд, ки зикраш рафт. Хушбахтона, дар ин самт дастовардҳо зиёданд. 
 
ДАР МАҚОМИ ИФТИХОРӢ 
– Дар баробари ин, донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз иштирокчиёни фаъоли озмунҳои ҷумҳуриявианд. Мақом ва нақши ин озмунҳоро дар ташаккули маънавии мутахассисони оянда чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
– Озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» аз падидаҳои муҳими илмиву фарҳангии кишваранд, ки барои кашфи истеъдодҳо ва ба ҷомеа пешкаш намудани онҳо, баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ва тарбияи завқи зебоипарастӣ дар замири ҳар шахс, бахусус наврасону ҷавонон, мусоидат менамояд. Ташкили ин озмунҳо, ки идеяи Сарвари давлат аст, моро ба асли хеш шинос мекунад. Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» моро аз осори гаронбаҳои ниёгону имрӯзиён воқиф карда, ҳамзамон, ба василаи адабиёти ҷаҳон ба шинохти халқҳои олам мебарад. Ё «Илм – фурӯғи маърифат» истеъдодҳои навовару кашшофро аз саросари кишвар ба ҳам меорад, ки истифодаи неруи зеҳнии онҳо барои рушду пешрафти Тоҷикистони азиз равона хоҳад гашт. Озмуни ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» бошад, бозгашт ба асли хеш аст, то мо тавонем аз саҳифаҳои пурифтихору ибратомӯзи он сабақ гирем. Дар маҷмуъ, маҳаки асосии ин озмунҳо тарбия аст. Боиси сарфарозист, ки муҳассилини Донишгоҳ аз иштирокчиёни фаъоли ин озмунҳоянд ва бо гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ дар сафи пеш қарор доранд. Аз ҷумла, соли гузашта дар номинатсияҳои гуногуни озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дастаи Донишгоҳ сазовори ду ҷои аввал, як ҷои дуюм ва се ҷои сеюм гардида, миёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ҷойи аввалро ба даст овард.
Имсол бошад, дар даври шаҳрии озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» ДМТ аз рӯи номинатсияҳои математика (арифметика, алгебра, геометрия), физикаю астрономия, химия (биология, анатомия), технологияҳои иттилоотӣ, география ва ихтироъкорӣ бо гирифтани 13 ҷои ифтихорӣ (як ҷойи аввал, шаштоӣ ҷои дуюму сеюм) мақоми аввалро соҳиб шуд. 
 
ОШЁНИ ШАХСИЯТПАРВАР 
– Дастовардҳои Донишгоҳ баёнгари онанд, ки имрӯз дар иҷрои рисолати таърихии хеш, яъне тарбияи насли созанда, муваффақед ва ин пешравиҳо аз дастгириҳои доимии Ҳукумати мамлакат дар шахси Пешвои муаззами миллат маншаъ мегиранд… 
– Барои мо ифтихорофар аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастпарвари ҳамин ошёни донишанд. Чун рӯзгори ҷавонии Роҳбари давлатамон ба Донишгоҳ иртиботи зич дорад, дар замони истиқлолият Донишгоҳи миллӣ ҳеҷ гоҳ аз мадди назарашон дур наафтодаву пайваста ба он таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Дар сиёсати пешгирифтаашон ҳамеша ба неруи зеҳниву ақлонии ин даргоҳ такя мекунанд. Ҳамин аст, ки дар маросими таҷлили 60-солагии Донишгоҳ  гуфта буданд: «Ҳоло дар кишварамон соҳае нест, ки дар он хатмкардагони Донишгоҳ фаъолияти пурмаҳсул надошта бошанд. Аз ҷумла, ман низ хатмкардаи ҳамин боргоҳи маърифат ҳастам ва аз ин ифтихор дорам». Ин таъбири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саршори руҳи баланди маънавию фарҳангӣ ва мояи ифтихори ҳар нафарест, ки алоқамандиву робитае бо Донишгоҳ дорад. Дар навбати худ, ҳамчун нишони муҳаббату сарфарозӣ соли 2021 дар Донишгоҳ “Осорхонаи Пешвои миллат”-ро ифтитоҳ намудем, ки таҷассумгари ҳаёти ҷавонии Сарвари маҳбуби мамлакат асту меҳрномаи тамоми хатмкунандагону устодон ва ҳайати қариб 30-ҳазорнафараи имрӯзаи Донишгоҳ ба Президенти хеш. Дар он аксҳои айёми донишҷӯии Пешвои миллат бо шарикдарсону устодони солҳои ҳафтодум ҳар як бинандаро мафтун месозад. Мизу курсиҳои солҳои ҳафтодуму ҳаштодум гӯёи таърихи гузаштаанд. Ин Осорхона як дарсхонаи муқаддасест, ки ҳикмати омӯзанда дорад ва меҳмонони дохиливу хориҷӣ ба он бо мароқ менигаранд, зеро ҳар як нигорааш ҳикоят аз он менамояд, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мисли ҳазорон донишҷӯи дигар замоне дар пайи таҳсилу омӯзиш қарор доштанду аълову намуна мехонданд.
Дар ин баробар, як назари иҷмолӣ ба таърихи Донишгоҳ кифоя аст, то донем, ки Пешвои миллат, барои пешрафти он дар замони истиқлолият чи корҳои бузургеро анҷом додаанд. Агар соли 1948 Донишгоҳ ҳамагӣ се факултет (13 кафедра, 17 омӯзгори штатӣ, 240 нафар донишҷӯ) ва соли 1990 13 факултет (83 кафедра, 859 омӯзгори штатӣ, 13 629 донишҷӯ) дошта бошад, пас, имрӯз бо файзи истиқлолияту роҳнамоии Пешвои миллат 19 факултет (123 кафедра, 1 315 омӯзгори штатӣ, 23 500 донишҷӯ) дорад. Маҳз таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат буд, ки Донишгоҳ дар замони соҳибистиқлолӣ мақоми миллиро касб кард. 
Аз таваҷҷуҳи Пешвои миллат аст, ки дар ин давра 6 бинои нави таълимию хобгоҳҳо ва иншооти зиёди иҷтимоиву маишӣ бунёд гардидаву мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар маҷмуъ, Президенти кишвар 12 маротиба (1993 (ду маротиба), 1995, 1998, 2006, 2007, 2007, 2008, 2010, 2015, 2020, 2021)  ба Донишгоҳ ташриф оварданд, ки аз файзи қудуми муборакашон он рӯз ба рӯз мешукуфад. 
Дар фарҷоми суҳбат ҳамин нуктаро иброз доштаниам, ки имрӯз ҷавобан ба ғамхориҳои роҳбарияти олии кишвар, мо – омӯзгоронро месазад ба таълиму тарбияи ҷавонон таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем. Наслеро ба камол расонем, ки созандаву бунёдкор, дурандешу худшинос ва худогоҳу ҷомеасоз бошад. Бо пайравӣ аз Пешвои маҳбуби миллат обрӯю нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон боз ҳам боло бардорад. Ин рисолати бузургро давлату Ҳукумат ба мо бовар кардаанд ва ба ин эътимод сазовор бояд буд. 
 
Меҳрангез ҚОДИРОВА, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.11.2022    №: 209 -210    Мутолиа карданд: 1604
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед