logo

иҷтимоиёт

ЗАБОН. МУҲИМТАРИН РУКНИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Равшан аст, ки давлатдории миллӣ  дар асоси забон ва фарҳанги миллӣ, иқтисодиёти миллӣ ва сиёсати миллатмеҳвар, ҳувияти ташаккулёфтаи миллӣ амалӣ мегардад. 
Ҳамасола ҳафтаи аввали моҳи октябр, яъне 5 октябр, дар кишвари мо Рӯзи забони давлатӣ таҷлил мегардад, ки он яке аз рукнҳои асосии давлатдории навини мо маҳсуб мешавад. 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи аввали қадам ниҳодан ба арсаи сиёсат ба ҳифз ва гиромидошти забони тоҷикӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар яке аз суханрониҳояшон таъкид намуданд: «Забони мо бо Истиқлоли ватани мо пайванди ногусастанӣ дорад. 
Яъне, вақте ки ватани мо озод ва мустақил будааст, забони мо ҳам шукуфо ва истиқлол доштааст ва баръакс. Гузашта аз ин, аз ҳамон ибтидои пайдоиш забон яке аз авомил ва ангезаҳои асосии ҷунбишҳои истиқлолхоҳӣ ва ватанпарастӣ буд. Барои ниёгони мо мафҳуми Ватан ва забон ҳамеша ҳаммаъно будааст. Таърихи давлатдории ориёӣ нишон медиҳад, ки давлатҳои бостонии мо ҳамеша кӯшиш ва ҷаҳду ҷадал мекарданд, ки барои устувор сохтани пояҳои давлатдорӣ ва ба вуҷуд овардану мустаҳкам намудани давлатдории миллӣ ва ваҳдату ягонагӣ аз унсури забонӣ истифода бурда, барои рушду тараққӣ ва густариши забони модарии хеш тадбирҳои мушаххас андешанд. Агар ба давраҳои дури таърихи забони худ назар кунем, мебинем, ки гузаштагони мо барои равнақу эътибор ва инкишофи забони худ чӣ фидокорӣ ва чӣ кӯшишҳое ба харҷ доданд, то забони модарии хешро ба пояи забони расмии давлатӣ бароварданд».
Бо ибтикори Пешвои миллат, забони тоҷикӣ дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун забони расмии кишвар эътироф гардид ва давлат ба он сарпаноҳи сиёсӣ дод. Дар ин самт, роҳбарияти Тоҷикистон нахуст ҷанбаҳои ҳуқуқиро муҳайё сохта, забони тоҷикиро дар Конститутсияи кишвар забони давлатӣ эълон намуд ва барои дар амал татбиқ намудани он Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул кард. Қабули санадҳои ҳуқуқӣ оид ба забони тоҷикӣ дар даврони Истиқлоли давлатӣ ба густариши бесобиқаи забони тоҷикӣ замина фароҳам оварда, нақшу мақом ва манзалати онро ба ҳайси забони давлатии сарзамини соҳибистиқлоли Тоҷикистон мустаҳкам намуд, ки ин падида натиҷаи сиёсати бунёдкорона ва кӯшишҳои пайвастаи Сарвари давлат аст.
Ҳамчунин, минбаъд бо саъю талоши хастагинопазир барои пешрафти забони давлатӣ ва густариш пайдо кардани доираи истифодаи он шароити мусоид фароҳам омада, тамоми монеаву маҳдудиятҳои сунъӣ, ки дар замони то истиқлолият мавҷуд буданд, бартараф карда шуданд ва забони модарии мо ба шоҳроҳи рушди озодона ворид гардид. Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мамлакат муваффақона ва босамар идома дорад. Имрӯз масъалаҳои коргузорӣ, хусусан, мукотиба дар байни сохторҳои давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ, инчунин, соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, воситаҳои ахбори омма, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, номгузорӣ ва ғайра ба забони давлатӣ таъмин гардидааст ва кор дар ин самт ҳамеша дар маркази диққати Пешвои муаззами миллат қарор дорад.
Арҷгузорӣ ва муносибати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба забони тоҷикӣ намунаи олии ватандорӣ маҳсуб ёфта, боиси пайравии ҳар як соҳибватан гаштааст. Роҳбари давлати тоҷикон бо муносибати эҳтиромонаи худ нисбат ба забони тоҷикӣ ба мо нишон медиҳанд, ки ҳифзу эҳтиром ва гиромӣ доштани забони давлатӣ рисолати ҳар фарди бонангу номус аст. Дар ҳақиқат, бузургтарин вазифаи ҳар тоҷики худшиносу ватанпарвар, ки ба фарҳангу забони худ арҷ мегузорад, поку мусаффо нигоҳ доштани ин ганҷи бебаҳо ва ба наслҳои ояндаи миллати тоҷик ба мерос гузоштани ин сарвати миллӣ мебошад.
 
Одинаҳмад САИДОВ,
муовини декани факултети
забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.11.2022    №: 209 -210    Мутолиа карданд: 1102
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед