logo

иқтисод

ПАРТОВҲОИ ПЛАСТИКӢ. ХУНУКНАЗАРИИ МАСЪУЛОН НИГАРОНКУНАНДА БОҚӢ МЕМОНАД

Вақтҳои охир  сокинони пойтахт ба ҷамъоварии партовҳои пластикӣ аҳамияти зиёд медиҳанд. Онҳо маводи пластикӣ ва полиэтилениро ғун дошта, ба нуқтаҳои қабул месупоранд. Аз ҷумла, дар кӯчаи Миралии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе қабули пластика шомгоҳон сурат гирифта, хоҳишмандон метавонанд фориғ аз кор зарфҳои пластикиро бурда супоранд. Ин амал замони пештарро ба ёд меорад, ки чӣ гуна аҳолии пойтахтамон зарфҳои шишагиро ба нуқтаҳои маъмули “Стекловат” бурда, бар ивазаш маблағ мегирифтанд. Чунин тарзи ҳавасмандӣ ҷиҳати ҷамъоварии пластика, пеш аз ҳама, фарогирии бештари ин навъи партовро кам гардонда, барои беҳбуди муҳити зист ва солимии ҷомеа мусоидат мекунад.
Мувофиқи маълумоти расмӣ, ҳамасола одамон дар ҷаҳон беш аз 270 миллион тонна партови пластикӣ ихроҷ менамоянд. Барои пешгирии таъсири манфии онҳо ба муҳити зист ва ҷомеа қариб дар ҳамаи кишварҳо ҷамъоварӣ, безараргардонӣ ва коркарди пластика анҷом дода мешавад. Худи саноати ҷудокунӣ ва коркард дар ҷаҳон ба яке аз соҳаҳои инноватсионӣ ва камхарҷ табдил ёфтааст. Ин аст, ки 4,2 ҳазор корманди расмии Федератсияи Россия ва 1,25 миллион нафари амрикоиҳо дар саноати коркарди партов кор мекунанд. Олимони чинӣ, аллакай, тарзи аз пластмасса тайёр намудани сӯзишвории дизелиро аз худ намудаанд. Ба химикҳои чинӣ муяссар гардид, ки бо ин роҳ шиша ва халтаҳои полиэтиленӣ истеҳсол созанд. Ба гуфтаи муҳаққиқон, онҳо осонтарин роҳи коркарди пластикаро дарёфт намуда, дар ин самт, алаккай, занҷираи бузурги саноатӣ кор мекунад. Дар кишвари мо азбаски корхонаҳои коркарди дуюмбораи партовҳои сахти маишӣ мавҷуд надорад, дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ партовҳо ба навъҳо ҷудо намешаванд. Танҳо зарфҳои пластикии аз ҷониби аҳолӣ ҷамъоваришуда ба сехҳои хурди коркарди дуюмбораи партов барои пресс кардан ва ба хориҷа содирот мешаванд. Тибқи иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ, алҳол дар кишвар 51 сехи коркарди партов мебошад, ки аз он 19-тоаш сехи коркарди партовҳои пластикӣ ва полиэтиленӣ аст. 
Ба роҳ мондани коркарди партов дар соҳаи саноати кишвар, албатта, таҷрибаи аввал буда, сехҳои хурд ҳанӯз талаботи коркарди маҳсулотро қонеъ гардонда наметавонанд. Қисми зиёди  соҳибкорони ватанӣ  мехоҳанд дар кишвар ҳарчи зудтар корхонаи коркарди партов ба роҳ монда шавад. Наргис Комилова, аз зумраи онҳост, ки бори нахуст бизнес – нақшаи бунёди корхонаи коркарди партовро таҳия намуда, онро амалӣ месозад. Ӯ нахуст барои дуруст ҷамъ овардани пластика дар ҳар як нуқтаи партов шахсони хоҳишманд, теъдоди умумии 70 нафарро ҷалб намуд. Барои пурра амалӣ кардани нақша Наргис Комилова ба ҷалби сармоя ниёз дорад. 
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти ваколатдор оид ба муомилот бо партовҳо барои пешгирии таъсири манфии онҳо назорати давлатиро дар ин самт пурзӯр намуда, ҷамъоварӣ, ҷойгиркунӣ, коркард ва безараргардонии партовҳоро анҷом медиҳад.
Тавре аз Раёсати назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин, канданиҳои фоиданоки маъмули умум ва муомилот бо партовҳои кумита, иттилоъ доданд, дар ҳудуди ҷумҳурӣ 80 партовгоҳи партовҳои сахти маишӣ мавҷуд буда, масоҳати умумии онҳо 372,725 гектарро ташкил медиҳад. Ҳамасола бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар доираи аксияҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил” кӯлу дарёҳо ва шоҳроҳҳо аз партовҳо тоза карда мешаванд. Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар  ҳудуди ҷумҳурӣ 1 240 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» ва 163 маротиба аксияи “Тозагии соҳил” баргузор гардид. Дар чорабиниҳои мазкур 458425 нафар иштирок намуда, 11932,98 метри мукааб партовро аз ҳудуди маҳаллаҳои аҳолинишин, шафати ҷӯю каналҳо, роҳҳо ва дигар ҷойҳо тоза карда, ба партовгоҳҳои расмӣ интиқол дода, безарар гардонда шуд. 
Дар ҷумҳурӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна 2689825 метри мукааб партови сахти маишӣ ҳосил мешавад. Фарогирии аз меъёр зиёди чунин партовҳо имрӯз тамоми ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Бисёр давлатҳои мутараққӣ аз истифодаи маҳсулоти пластикӣ даст мекашанд, зеро тайи чанд соли охир истифодаи маҳсулот ва зарфҳои пластикӣ ба манбаъҳои обӣ низ таъсири манфии худро мерасонад. Камбудии калони партовҳои пластикӣ дар он аст, ки онҳо ба равандҳои биологии ҷудошавӣ (пӯсидан) дучор немешаванд. 
Барои ҳалли мушкилоти пешомада, моро зарур аст, ки аз таҷҳизотҳои безараргардонии ҳозиразамон истифода бурда, вобаста ба коркарди дуюмбораи  партовҳои пластмассие, ки ҳоло дар партовгоҳҳо ҷамъ шудаанд, чораҳои қатъӣ андешем. Инчунин, бояд аз истеҳсол ва истифодаи маводҳои пластикӣ давра ба давра даст кашида, ба ҷои он истеҳсол ва истифода бурдани халтаҳои латагин ё коғазинро, ки ба табиат зарари нисбатан кам доранд, роҳандозӣ намоем. 
 
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.11.2022    №: 209 -210    Мутолиа карданд: 1539
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед