logo

Хабарҳо

«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ МИНТАҚАВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

Дар шаҳри Ҳисор даври минтақавии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҷамъбаст гардид. Озмуни мазкур бо иштироки довталабон аз 8 шаҳру ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ – Ҳисор, Турсунзода, Ваҳдат, Шаҳринав, Роғун, Варзоб, Рӯдакӣ ва Файзобод аз рӯи панҷ номинатсия баргузор шуда, ғолибони даври минтақавӣ муайян гардиданд.
 
Озмун шаффофу одилона баргузор гардида, ҳакамон малакаву дониши беш аз 300 нафар иштирокчиро санҷида, аз байни онҳо беҳтаринҳоро интихоб карда, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат доданд.
Зимни ҷараёни Озмун муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён ва раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар бо ҳакамону иштирокчиёни он вохӯрда, вобаста ба шароиту имконияти фароҳамгардида ва мушкилоташон дар раванди Озмун суҳбат намуданд.
Бунафша Юлдошзода, муовини раиси шаҳри Ҳисор, зимни суханронӣ ҳайати ҳакамон ва иштирокчиёну меҳмононро ба шаҳри Ҳисор хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки Озмуни мазкур бо ташаббус ва таҳти сарпарастии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шинос  намудани наврасону ҷавонон ба мероси бою ғанӣ ва муаррифии таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик роҳандозӣ гардида, он ҳамчун роҳкушои дари ошёни ақлу хирад  барои баланд бардоштани завқи китобхонию китобдӯстӣ ва, дар маҷмуъ, ба маърифати фарҳангии миллат мусоидат хоҳад кард.
Аскар Ҳаким, сарходими илмии шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдулло Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки раисии ҳайати ҳакамонро бар уҳда дошт, ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор  барои мусоидат ҷиҳати дар сатҳи баланди маънавию ташкилӣ баргузор гардидани Озмун изҳори сипос намуд. Ҳамчунин, ӯ баён дошт, ки дар Озмун ҳамаи иштирокчиён баранда буданд ва касе аз иштирок дар он бохт накардааст. Чунки бо хондани китобу аз бар кардани шеъру достонҳо маънавиёти шахс баланд мешавад ва китобхонию сухандонӣ дар интихоби роҳи дурусти зиндагӣ, пайдо намудани мавқеъю мартаба дар ҷомеа аҳамияти хос дорад.
Тибқи иттилои раиси ҳакамон, аз миқдори умумии иштирокчиёни Озмун ба даври ҷумҳуриявӣ 79 нафар роҳхат гирифт, ки 15 нафараш аз шаҳри Ҳисор мебошад. Дар ҷадвали ишғоли ҷойҳои ифтихорӣ шаҳри Ваҳдат дар ҷойи аввал ва шаҳри Ҳисор дар ҷойи дуюм қарор  гирифтанд.
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 7288
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед