logo

иҷтимоиёт

СИРОЯТИ ПНЕВМАКОККӢ. ОҒОЗИ МАЪРАКАИ ИММУНИЗАТСИЯИ КӮДАКОН

Дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» оид ба ворид намудани ваксинаи зидди сирояти пневмококкӣ ба Тақвими миллии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, роҳбарони як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе ва хабарнигорони воситаҳои ахбори омма мизи мудаввар доир гардид. Мақсади асосии баргузории он таъмин намудани амнияти санитарию эпидемиологӣ ва баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ оид ба аҳамияти иммунизатсия дар пешгирии бемориҳои сироятии ба воситаи ваксинаҳо пешгиришаванда мебошад. 

– Афзалияти калидии сиёсати пешгирифтаи Тоҷикистон, пеш аз ҳама, солимии аҳолӣ мебошад ва муборизаву пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла сироятҳое, ки тавассути эмкунӣ идора мешаванд, яке аз самтҳои асосии соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба ҳисоб мераванд.  Пешгирии бемориҳои сироятӣ, паст намудани фавт аз онҳо, таъмини сатҳи баланди фарогирӣ бо эмкунӣ ва риояи ҳатмии эмгузаронии тақвимӣ бо қоидаҳои асосии бехатарӣ яке аз самтҳои асосии фаъолият ва вазифаи асосии соҳаи тандурустии мамлакат мебошад, – гуфт Наврӯз Ҷафаров, сардори раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврии тиббии Вазорат.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо мақсади коҳиш додани бемориҳои вазнини менингит, сепсис ва пневмония миёни кӯдакони хурдсол, инчунин, мавҷудияти ваксинаҳои муосиру бехатар тасмим гирифт, ки ваксинаи пневмококкии конюгатсияшударо (ВПК) ба Тақвими миллии иммунизатсия ворид намояд.
Мувофиқи Тақвими миллии иммунизатсия, кӯдакон ваксинаи зидди сирояти пневмококкиро (ВПК) дар 2, 4 ва 12 - моҳагӣ қабул мекунанд. Гуфта шуд, аз 1 ноябри соли равон он кӯдаконе эм карда мешаванд, ки то ин сана ба 2-моҳагӣ расида бошанд. Маҳз ин кӯдакон бо навбат пас аз гирифтани вояи якум вояҳои дуюм ва сеюми ваксинаро бояд аз рӯи муҳлати дар Тақвими миллии иммунизатсия муайяншуда гузаранд. Яъне, барои пурра таъмин намудани масунияти қавӣ бар зидди сирояти пневмококкӣ ҳар кӯдак бояд се вояи ваксинаи мазкурро қабул кунад.
Файзалӣ Саидзода, директори генералии МД «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» иброз дошт, ки ҳоло 161 кишвари олам ин ваксинаро истифода менамоянд. Тоҷикистон давлати 162-юм мебошад. Ба гуфтаи ӯ, ба ҷумҳурӣ 273 ҳазору 200 вояи ваксинаи 10-валентаи пневмококкии конъюгатсияшуда «Синфлорикс» бар зидди сирояти пневмококкӣ ворид шудааст. Ваксинаи мазкур дорои сертификати сифатнокии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мебошад.
 
Кароматулло АТО, 
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.11.2022    №: 209 -210    Мутолиа карданд: 1411
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед