logo

Хабарҳо

ЯКЕ ДУНЁ ДАР ИН ДУНЁ, ДИЛИ ТОҶИКУ ЭРОНӢ! БАРДОШТ АЗ ОҒОЗИ РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИ ЭРОН ДАР ТОҶИКИСТОН

31 октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
 
Дар ҳамоиш вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадмеҳдӣ Исмоилӣ, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақии Собирӣ, намояндагони сафоратҳои мамлакатҳои хориҷии муқими шаҳри Душанбе, созмонҳои байналмилалӣ, шахсиятҳои фарҳангӣ, адабӣ ва рӯзноманигорони дохиливу хориҷӣ иштирок доштанд.
Зулфия Давлатзода дар суханронии хеш гуфт: “Як моҳ пеш аз ин Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гашт, ки мардумони фарҳангофарину тамаддунпарвари Эрон 54 нафар аз ҳунармандону адибони моро дар сатҳи олӣ пазироӣ намуданд. Аз ҳамаи масъулони баргузории ин чорабинии муҳим, махсусан ба вазири фарҳанг ва иршоди исломӣ, васоити ахбори оммаи Эрон, шаҳрдорони Теҳрон, Табрез ва Шероз сипосгузории амиқ арз медорем. Моро низ шараф ёр гардид, ки дар кӯтоҳтарин фурсат Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эронро дар кишвари хеш баргузор намоем. Ҳамфарҳангу ҳамзабонии мо, ки реша ба умқи таърих дорад, робитаҳои фарҳангиро бештар ривоҷ медиҳад ва бовари комил дорем, ки ҳунармандони мумтози Ҷумҳурии Исломии Эрон бо барномаҳои рангину диданӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтару Кӯлоб дӯстони тоҷикашонро шоду масрур хоҳанд кард.”
- Пайвастагии фарҳангии моро ниёгони мо бо вуҷуди дар даст надоштани имконоти имрӯзаи воситаҳои алоқа бо ҳама зебоиву латофат пос доштанд. Акнун пеши руҳи эшон муваззафем, ки бо доштани чунин имконоти густарда ҳамаи нишебу фарозҳоро убур, масири дӯстиро вусъат ва баҳамоиро суръат бубахшем. Танҳо дар соли 2020 сарварони кишварҳои мо муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷаноби Олӣ Сайид Иброҳим Раисӣ дар сатҳҳои гуногун 4 маротиба вохӯрданд ва ҳамаи мулоқоти эшон дар ҳавои ҳусни тафоҳум, дӯстиву пайвандии азалии ду халқ гузаштанд. Аз ҷумла, сафари расмии Раисҷумҳури Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон замина гузошт, то дар ростои фарҳангу маънавият қадамҳои ҷиддӣ пеш гузорем. Чунин сиёсати созандаи роҳбарони мо – аҳли фарҳанг қадр ва дар тарвиҷи он бояд ба ҷону дил хидмат кунем, - баён дошт Муҳаммадмеҳдӣ Исмоилӣ.
Дар давоми чорабинӣ навори бисёр ҷолибе муаррифӣ гардид, ки аз имкониятҳои сайёҳии Эрон қисса мекунад. Гуфтан ҷоиз аст, ки Эрон бо обидаҳои таърихӣ, гӯшаҳои камназири тамошоӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, наққошӣ ва китобҳои олисифат пайваста таваҷҷуҳи гардишгарони ҷаҳонро ба худ мекашад.
Муҳаммадтақии Собирӣ изҳор дошт: «Аз истиқболи бошукӯҳи мардуми дӯсту бародар – тоҷикон хеле мамнунем. Ин ҳама самимият ва шодмонии шумо бори дигар собит мекунад, ки равобити ду мамлакат дар ҳамаи заминаҳо, бавижа дар пояи фарҳангу тамаддун, густариш меёбад. Аз тамошои толорҳои Китобхонаи миллӣ, аз ошноӣ бо нусхаи дастхатҳои нодир аз осори пурғановати шоирони классики тоҷику форс Абулқосими Фирдавсӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Насриддини Тӯсӣ ва дигарон бисёр фараҳманду сарфароз шудем. Ба қавли шоир:
Ҷаҳони нағмаву хунё, дили тоҷику эронӣ,
Яке дунё дар ин дунё, дили тоҷику эронӣ.
Зи меҳри пок бархурдор, зи ишқу ошиқӣ саршор,
Ба даҳри хуфта дилбедор, дили тоҷику эронӣ.
Тиҳӣ аз гарди кин бодо, ба роҳи меҳру дин бодо,
Самое дар замин бодо, дили тоҷику эронӣ.
Хушо вораставу озод, басо дилбаставу дилшод,
Ҳаме бо фоли Ҳофиз бод, дили тоҷику эронӣ».
 
Варзиши паҳлавонӣ ва зӯрхонаӣ ҳамчун мероси куҳани ориёзамин, ки дар иҷрои варзишгарони Муассисаи байналмилалии варзишҳои бостонӣ ва кӯштии паҳлавонии Эрон намоиш дода шуд, ҷолибу омӯзанда буд. Варзишгарони эронӣ таҳти мусиқӣ ва таронаҳои паҳлавонӣ пайи тамрин, махсусан гурзбардорӣ, камонкашӣ, гӯштӣ мешуданд ва ҳозиронро ҳайрату шодмонӣ меафзуд.
Чорабиниро барномаҳои фарҳангиву ҳунарии дастаҳои созиву мусиқии "Пож", "Суруши Мавлоно", " Шаҳпар" ҷолибу диданӣ карданд. Бавижа, шоҳномахонӣ нуқли маҳфил буд.
Рӯзҳои фарҳанги Эрон дар Тоҷикистон то 6 ноябри соли ҷорӣ идома ёфта, намоиши наққошиҳо, филмҳо ва созу суруди эронӣ, маҳфилҳои шоирон дар шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб ва Хуҷанд низ, дар назар аст. Ҳайати меҳмонон аз МД «Осорхонаи миллии Тоҷикистон», ҶДММ «Кохи Наврӯз», МД «Маҷмааи Истиқлол» ва Муассисаи давлатии ҷумҳуриявии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» дидан менамоянд.
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 6975
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед