logo

иқтисод

210,4 МИЛЛИОН СОМОНӢ ҚОИДАВАЙРОНКУНИҲОИ МОЛИЯВӢ. БАРДОШТ АЗ ГУЗОРИШИ НУҲМОҲАИ ПАЛАТАИ ҲИСОБ

Давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон 131 чорабинии аудиторӣ гузаронда, қоидавайронкуниҳои молиявиро ба маблағи 210,4 миллион сомонӣ муайян намудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 62,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Оид ба пешгирӣ ва бартараф намудани он чораҳои мушаххас андешида шуда, қоидавайронкуниҳои молиявӣ ба маблағи 208,9 миллион сомонӣ (ба буҷет 96,9, ба корхонаҳо 94,5 ва тавассути мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 17,5 миллион сомонӣ) барқарор гардидааст, ки 99,3 дарсадро ташкил медиҳад. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 71,3 миллион сомонӣ бештар мебошад. Ҳамзамон, дар давраи ҳисоботӣ тибқи чораҳои андешидашуда аз ҳисоби қоидавайронкуниҳои молиявии муайянгардидаи солҳои қаблӣ 1,7 миллион сомонӣ барқарор гардидааст. 
Дар ин бора Валимат Мавлонзода, сардори раёсати стандартҳо, таҳлил, рушд ва ҳамкориҳои байналмилалии Палатаи ҳисоб, ба “Ҷумҳурият” иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, Палатаи ҳисоб ҷиҳати бартараф намудани камбудию норасоиҳои молиявӣ дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ ба вазорату идораҳо ва корхонаву муассисаҳо, марказҳои лоиҳаҳои сармоягузорӣ 26 хулосаю мактубҳои иттилоотӣ бо 1367 тавсияи судманд ирсол намуд, ки аз баррасии онҳо 25 қарору фармоиш қабул гардида, 242 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва моддӣ кашида шудаанд, аз ҷумла 11 нафар, аз вазифаи ишғолнамудаашон озод шуданд.
– Палатаи ҳисоб ҳамчун мақоми олии назорати молиявӣ тибқи талаботи моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия”, яке аз субъектҳои дар муқовимат ба коррупсия иштироккунанда мебошад. Бинобар ин, мо дар доираи меъёрҳои Қонуни мазкур ва иҷрои барномаи давлатии “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии стратегияи мазкур барои марҳилаи якум (солҳои 2021 – 2025)”, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 тасдиқ гардидааст, нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравиро ҷиҳати иҷрои талаботи стратегия ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ таҳия намудем, ки он аз 16 банд иборат мебошад, – гуфт Валимат Мавлонзода.
Ба қавли ҳамсуҳбати мо кормандони Палатаи ҳисоб дар заминаи иҷрои бандҳои нақшаи мазкур ва дар доираи ваколати худ оид ба натиҷаҳои чорабиниҳои аудиторӣ тавсияҳои судмандро баҳри бартарафсозии қоидавайронкуниҳои молиявӣ пешниҳод менамоянд. Ҳамаи ин амалҳо бо мақсади пешгирӣ ва рафъи амалҳои коррупсионӣ равона гардида, дар оянда метавонанд, баҳри рушди соҳаҳои мухталифи ҷомеа нақши муҳим гузоранд. Бо назардошти он, ки коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир асосҳои давлатдориро суст карда, садди роҳи инкишофи ҷомеа мегардад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мубориза бар зидди ин падидаи нангин ва паст кардани сатҳи онро ба самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил додааст.
Имрӯз бадтарин зарари коррупсия ба сохторҳои давлату давлатдорӣ – ин миёни ҷомеа бедор кардани ҳисси нобоварӣ ба институтҳои давлатӣ маҳсуб меёбад, зеро коррупсия, асосан, ба фаъолияти давлат ва мақомоти он алоқаманд аст. Суоле ба миён меояд, ки барои чӣ ин тавр аст? Ба ин савол ҷавоб хеле одист, зеро давлат ва мақомоти он ин ё он вазифаҳои амрдиҳиву танзимкунии муносибатҳои ҳуқуқиро дар ихтиёр дошта, буҷет ва дигар захираҳои моддиро ихтиёрдорӣ мекунанд, ки бевосита барои ба вуҷуд омадани коррупсия замина шуда метавонад.
Воқеан ҳам, дуруст аст, ки коррупсия омили номатлубе буда, дар баробари дигар хатарҳои ҷаҳонӣ ба мисли терроризм, экстремизм,  паҳншавии маводи мухаддир ва ғайра таъсири манфии худро ба рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии давлат, ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва билохира, ба ҳар як шаҳрванд мерасонад. Имрӯз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ кишваре нест, ки дар он коррупсия ҷой надошта бошад, яъне ин зуҳуроти номатлуб дар давлатҳои бузурги мутараққӣ ва ҳам тараққиёташон паст дида мешавад. Оқибати он умеди ҷомеаро ба оянда ва ҳисси боварии шаҳрвандонро ба қонунҳои давлат ва шахсони мансабдори давлатӣ  коста мегардонад.
– Бинобар ин, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи таъсиси худ, ҳамчун мақоми олии назорати молиявӣ кӯшиш менамояд, ки дар самти пешгирӣ ва бартарафнамоии коррупсия ва ҷиноятҳои иқтисодии хусусияти коррупсионидошта, нақши созгор дошта бошад. Бовар дорем, ки кишвари мо бо амалӣ намудани чорабиниҳои дорои хусусияти фаҳмондадиҳӣ, огоҳкуниву пешгирикунанда, ҳамзамон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ дар муқовимат ба коррупсия, инчунин, иҷрои талаботи қонуну қарорҳо ва стратегияву барномаҳои давлатӣ дар самти пешгирию муқовимат бо коррупсия ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил мегардад, – изҳори бовар намуд, Валимат Мавлонзода, сардори раёсати стандартҳо, таҳлил, рушд ва ҳамкориҳои байналмилалии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Оламбегими НЕКҚАДАМ, „Ҷумҳурият“


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.11.2022    №: 211    Мутолиа карданд: 1398
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед