logo

Хабарҳо

ФАЙЗОБОД. САТҲИ ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ БЕҲТАР МЕШАВАД

 
Ҳанс Ҳенри Клюге, мудири Дафтари минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (WHO) барои Аврупо ва ҳайати ҳамроҳонаш, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ва дигар шахсони расмӣ аз ноҳияи Файзобод дидан карданд.
Мақсади ташрифи меҳмонон таҳкими ҳамкориҳо миёни Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ва Дафтари минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ маҳсуб меёбад. Дар доираи сафар меҳмонон аз иншооте, ки бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ дар доираи Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфтааст, дидан намуданд.
Меҳмононро раиси ноҳия Бобишо Холзода бо шароити маркази саломатии деҳаи Дубедаи Ҷамоати деҳоти Ҷавонон ва сатҳи хизматрасонии он ошно кард. Иншооти мазкур аз 9 ҳуҷраи корӣ иборат буда, дар он 7 нафар кор мекунад. Марказ бо тамоми шароити замонавӣ аз тарафи Бонки ҷаҳонӣ бо маблағи беш аз 150 ҳазор доллари ИМА бунёд шудааст.
Зимни шиносоӣ аён гардид, ки  дар маркази саломатии мазкур барои  хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, хоссатан кумаки аввалияи тиббӣ, шароити мусоид фароҳам оварда шудааст ва табибони марказ бо истифода аз имконияти фароҳамгардида баҳри таъмини солимии аҳолӣ саҳми назарраси хешро мегузоранд.
Мудири Дафтари минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ оид ба беҳтару хубтар кардани сатҳи хизматрасониҳои тиббӣ ва бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз ва ба меъёри соҳаи тандурустӣ мутобиқ гардондани марказҳои саломатии ноҳия зикр кард, ки мо барои ҳамкориҳо дар ин самт ҳамеша саҳмгузор хоҳем буд.
Ҳанс Ҳенри Клюге барои ҳамкориҳои судманд бо туҳфаҳои хотиравии  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод қадр шуд.
 
З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”
 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 6951
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед