logo

Хабарҳо

Нашри мусоҳибаи Рустами Эмомалӣ дар маҷаллаи “Diplomatic World”

 
Дар шумораи 69-уми маҷаллаи бонуфузи “Diplomatic World” (чопи  Брюссел) мусоҳибаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар мавриди муҳимияти роҳандозии ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ва дастоварду пешравиҳои шаҳри Душанбе ба табъ расид.
Вазорати корҳои хориҷӣ хабар дод, ки дар маҷалла, ҳамчунин, оид ба имкониятҳои рушди сайёҳии устувор дар кишвар, Эъломияи ниҳоии Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028” ҷо дода шудаанд.
Инчунин, бо мақсади таблиғу ташвиқ ва ҷалби бештари доираҳои ҳавасманд ҷиҳати иштирок дар Конфронси СММ оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028” мақола зери унвони “Конфронси оби СММ 2023: дигаргунӣ барои ҷаҳон” (2023 UN Water Conference: A watershed moment for the world) интишор гардид.
 
 
Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи СҲШ  ширкат варзид
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шурои сарварони ҳукуматҳо – сарвазирони кишварҳои узв ва нозири Созмони ҳамкории Шанхай, ки тариқи видеоконфронс баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд, – хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Зикр шуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои ба сатҳи сифатан нав расондани ҳамкорӣ бо кишварҳои узв ва нозири СҲШ ҳавасманд буда, дар замони муосир татбиқи пешниҳоди Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҳия ва қабули Стратегияи рушди иқтисодии минтақаи СҲШ то соли 2030 саривақтӣ мебошад.
Дар ҷаласа  вазъи ҳамкорӣ дар соҳаҳои роҳу нақлиёт, энергетика, тандурустӣ, маориф ва илм, иқтисод, сармоягузорӣ, гумрук, кишоварзӣ, тағйирёбии иқлим ва амният мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, оид ба рушди ҳамгироии кишварҳои узв ва нозири СҲШ фикру мулоҳизаҳои судманд байён шуданд.
 
 
Боздиди ҳайати Эрон аз Осорхонаи миллӣ
Ҳайати расмии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти роҳбарии вазири фарҳанг ва иршоди ин кишвар Муҳаммадмаҳдии Исмоилӣ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуд. 
Марям Холиқзода аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар дод, ки меҳмононро муовини вазири фарҳанг Давлат Сафарзода ва директори Осорхона Зафар Иброҳимзода ҳамроҳӣ намуда, аз толорҳои дастхатҳои қадима, экспонатҳо аз давраи санг то давлатдории тоҷикон ва ҳунарҳои мардумӣ дидан намуда, бо таъриху фарҳанги чандинҳазорсолаи миллати тоҷик ошноӣ пайдо намуданд.
Меҳмонон бо таърихи куҳани халқи тоҷик дар мисоли бозёфтҳои ёдгориҳои “Асри санг”, “Саразм”, “Ойини Зардуштӣ”, “Ҳахоманишиҳо”, “Кӯшониён”, “Аҷинатеппа”, толорҳои “Кулолӣ”, “Сиккаҳо” ва “Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ошно гардиданд. 
 
 
Иштирок дар Саммити байналмилалии тиҷоратӣ
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия дар 6-умин Саммити байналмилалии тиҷоратии Селангор – 2022 ширкат намуда, маҳсулоти Тоҷикистонро дар 8-умин Намоишгоҳи байналмилалии Селангор – 2022 таҳти унвони «Баъд аз фардо» муаррифӣ намуд.
Дар ҳамкорӣ бо Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар чорабинӣ маводи ғизоӣ ва нӯшокиҳои табиии истеҳсолкунандагони ватанӣ, аз қабили «Сиёма», «Оби Файзобод», «Амирӣ», «Витаминҳои Тоҷикистон», «Тути Помир» ва ғайра ба намоиш гузошта шуданд. 
Дар намоишгоҳ намояндагони ширкатҳои “Амирӣ”, “Оби Файзобод” ва дигар соҳибкорони тоҷик ширкат варзида, бо харидорони дохиливу хориҷии Малайзия мулоқотҳо анҷом доданд.
 
 
Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ  70 дарсад таъмин шуд
Аз оғози даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ як моҳ сипарӣ шуд. Дар ин муддат иҷрои нақша дар ҷумҳурӣ ба 70 фоиз баробар гардид, – хабар дод сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиа Фаридун Маҳмадализода.
Тавре қаблан иттилоъ додем, дар нахустин рӯзи даъват аввалин шуда дар ҷумҳурӣ шаҳру навоҳии ВМКБ аз иҷрои нақша гузориш доданд. 
Гусели сарбозон дар шаҳри Душанбе дар сатҳи зарурӣ идома дошта, аз байни чор навоҳии пойтахт аввалин шуда ноҳияи Исмоили Сомонӣ нақшаро иҷро кард.  Дар шаҳр ин  нишондод қариб ба 80 фоиз баробар гашт.
Иҷрои нақша дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 77, вилояти Хатлон 70 ва вилояти Суғд қариб 60 дарсадро ташкил медиҳад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 7434
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед